Идомаи сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Суғд

№129 (3923) 25.10.2018

44681520_2220547234682117_2320598214740279296_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон 22 октябри соли 2018 бо фаъолияти соҳаҳои боғдорӣ ва моҳипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.

Дар деҳоти «Гулхона» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Хоҷагии деҳқонии «Фазлиддин» ташриф оварданд.

Аъзои хоҷагӣ, ки дар ихтиёри худ 7 гектар замин дорад, асосан ба боғпарварӣ, кишти пахта ва ғалладонагиҳо шуғл меварзанд. Аз майдони умумии боғҳои хоҷагӣ дар 2 гектараш дарахтони хурмо парвариш меёбанд.

Президенти мамлакат бо деҳқонони хоҷагӣ оид ба парвариши ин навъи мева суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба тарзи дурусти корбарӣ, захира ва содироти маҳсулот ба бозорҳои дохил ва хориҷ ҳидоят карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат доданд, ки барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳо аз сардхонаҳои замонавӣ васеъ истифода баранд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони садҳо гектар замини серҳосил мардум ба боғдорӣ-парвариши дарахтони хурмо, анор, зардолу, шафтолу ва олуи сиёҳ машғуланд, ки ҳосили онҳо бештар ба содирот нигаронида шудааст.

Сипас, дар деҳоти «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти рушд бахшидани соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар кӯли махсус беш аз 10 ҳазор моҳии навъҳои «карп», «пешонапаҳни сафеду ало» ва «амури сафед» — ро сар доданд.

Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳомии «Моҳии тоҷик»- и вилояти Суғд дастрас гардидаанд. Дар кӯлҳои моҳипарварии вилоят асосан ­навъҳои «карп», «пешонағафси сафеду ало» ва «амури сафед» парвариш меёбанд.

Даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ гардида истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисон барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаи сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

43675939470_c6b45987c3_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти «Ғозиён» дар масоҳати 6 гектар замин бунёд ёфта, бо хати муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Хатҳои истеҳсолии асфалт ва регу шағал, ки аз ширкатҳои пешқадами Англия харидорӣ гардидаанд, имконият медиҳанд маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.

Тибқи нишондиҳандаҳои техникӣ коргоҳ дар як соат иқтидори истеҳсоли 60 тонна асфалти гарм­ро доро мебошад. Бо истифода аз ин имконот минбаъд сохтмону таъмири роҳҳои ҳудуди вилоят бо маҳсулоти аълосифати худӣ ба роҳ монда мешавад.

Хати истеҳсолии сангмайдакунӣ бошад, имконият дорад, ки дар як соат то 30 метри мукааб маҳсулотро коркард ва барои истифодабарӣ омода намояд.

Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар баробари хати истеҳсолӣ, ҳамчунин, бо техникаи муосири роҳсозӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз ҷумла, 13 адад автогрейдер, 12 мумпошак, 12 мошини борбардор, 1 техникаи асфалтхобонӣ, компрессор, роҳкӯбаки дастӣ ва ғайра таъмин гардидааст.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

23 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 метр баландӣ, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар гулгашти «Парчами давлатии Тоҷикистон», ки дар масоҳати 2 гектар замин бунёд ёфтааст, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам гардидааст.

Дар гулгашти «Парчами давлатии Тоҷикис­тон» 30 адад нишастгоҳ насб карда, 3 фаввора ва 4 гузаргоҳи ороишӣ ҷой дода шудааст.

Гулгашт дар масоҳати 4800 ­метри мураббаъ сабзазор ва гулкорӣ гардидааст. Барои нигоҳдории мошинҳо таваққуфгоҳ бо сад ҷой мавҷуд аст. Мавзеи мазкур дар муддати бештар аз ду моҳ бо ҷалби 60 нафар коргари маҳаллӣ қомат афрохтааст. Ин мавзеи истироҳатӣ, ки дар он 50 адад чароғи гуногун бо баландии аз 3 то 20 метр насб гардидааст, шабонгоҳ хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва гулгашт дар шаҳри Бӯстон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи бузургтарин ҷашни миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои арзанда ва барои баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар ин мавзеи зебо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 16500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, бахши баҳисобгирии андозҳо ва хазинаи «Амонатбонк» мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида буд.

Дар бино як терминали электронӣ бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ васл карда шудааст, ки барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мусоид аст.

Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ, дар ошёнаи сеюм толорҳои конфронс, такмили ихтисос ва варзиш ҷой гирифтаанд. Дар таҳхона ошхона ва бойгонӣ мавҷуд аст.

Бинои нави Нозироти андози шаҳри Бӯстон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Сарвари давлат ифтитоҳи биноро дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав ба кормандони Нозироти андоз барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хизмат расонидан ва ғанӣ гардонидани буҷети кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бӯстон, баъди азнавсозии куллӣ, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айниро ба истифода доданд.

Ифтитоҳи расмии ин иншоот бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон ­Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.

Муҷассамаи Садриддин Айнӣ ба баландии 5 метр қомат афрохтааст ва пояи он 3 метр мебошад. Муаллифи он ҳайкалтарош Рустам Маҷидов аст. Мақсад аз гузоштани муҷассама арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсияти таърихӣ дар назди халқу миллат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ ниҳоли дарахти шоҳбулут шинониданд.

Боғи фарҳангу фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ, ки дар масоҳати зиёда аз 7 гектар замин доман паҳн кардааст, яке аз ҷойҳои асосии сайругашти сокинони шаҳр ба ҳисоб меравад. Ҳангоми навсозии ин иншоот беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои анҷоми босифати корҳои барқарорсозиву сохтмонӣ ва гузош­тани муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ беш аз 6 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дарвозаҳои асосии боғ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардидаанд. Дар боғ 3 фаввора, амфитеатр бо 300 ҷойи нишаст, ду қаҳвахона, катҳои истироҳатӣ, шаршара, 80 адад курсӣ, чархофалаку атраксионҳои замонавӣ барои сокинон, алалхусус, кӯдакон, бунёд ва васлу насб карда шудааст.

Корҳои сафолакпӯш кардани роҳравҳо дар масоҳати 8,5 ҳазор метри мураббаъ, кабудизор ва гулпӯшкунии зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва чароғонкунии роҳравҳову гирду атроф бо сифати баланд ба анҷом расидаанд.

Дар дохили боғ китобхона ва гӯшаи намоиши ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Бӯстон ҷой дорад. Дар ин мавзеи истироҳатӣ кӯдакону наврасон, ҳамчунин, метавонанд дар баробари гузаронидани фароғати хуб ба омӯзиш ҷалб гарданд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд ва ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреб маслиҳатҳои судманд доданд.

23 октябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз назар гузаронданд ва ду гармхонаи навро ифтитоҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба бунёди боғи мазкур 20 марти соли 2008 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида буданд ва ҳамон сол дар майдони 100 гектар ниҳоли дарахтони зардолу шинонида шуд.

Майдони умумии боғ 631 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон дар он дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва 10 гектар ангур парвариш карда мешавад.

Дар ҳудуди боғ Сарвари давлат дар масоҳати 0,9 гектар ду гармхонаро барои парвариши помидору бодиринг ифтитоҳ намуданд.

Дар ин муассиса бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғҳо талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад.

Дар боғ 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар мавсимӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Рӯзҳои охир боғдорон даҳ тонна анор ва 20 тонна ангури навъи «тоифӣ» — ро ҷамъоварӣ ва дар сардхона захира кардаанд. Ҷамъоварии ҳосили боқимонда идома дорад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар масоҳати 0,35 гектар се кӯли навро ба истифода доданд. Дар онҳо барои парвариш ва мусоидат кардан ба тозагии муҳити атроф 15 ҳазор моҳии навъҳои «пешонағафси сиёҳ ва ало», «карп» ва «амури сафед» сар дода шуд.

Табиати Тоҷикистон барои кишти зироат ва парвариши ҳайвоноту парандаҳои гуногун дар ҳама фаслҳои сол мувофиқ аст.

Ҳамин аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар доираи рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар 53 хоҷагии моҳипарварии вилояти Суғд парвариши навъҳои гуногуни моҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Баъди шиносоӣ бо шароити Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мусоид дастуру супоришҳои муфид доданд.

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғдро ба истифода супориданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав нахуст бо пахши тугма ба фаъолияти телевизиони Суғд дар формати дақиқияташ баланди HD оғози расмӣ бахшиданд.

Намоиши барномаҳои телевизиони Суғд дар формати нав бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири иттилоърасонӣ ва пешниҳоди барномаҳо дар студияҳои сабту пахши намоишҳо ошно шуда, бо ҳайати эҷодию кормандони техникии телевизион ва радио суҳбати самимӣ баргузор намуданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои иловагии телевизион ва радио дар муҳлати 5 моҳ аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидааст.

Бино аз ду ошёна ва 24 ҳуҷраи корӣ, 4 студияи муосиру барҳавои сабту пахши барномаҳои телевизиониву радиоӣ, 9 танзимгоҳ, ошхона ва дигар шароити хизматрасонӣ иборат мебошад.

Айни ҳол дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд 100 нафар ва дар маркази техникии он 58 нафар фаъолият доранд.

Дар телевизиони вилояти Суғд ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти наворбардорӣ, тасвирбардорӣ, танзимгарӣ, сабти овоз ва ғайра нав карда, студияҳои мутобиқ ба талаботи замон ташкил шудааст.

Дар ошёнаи якуми телевизион студияи вертуалӣ, декоратсияҳо барои барномаҳои «Ахбор», «Шамими субҳ», барномаи мустақими фарҳангию фароғатии «Шоми дидор» ва декоратсияи замонавӣ барои ШОУ-барномаҳои сиёсӣ, мутобиқ ба талаботи давру замон, сохта шуда, таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда насб гардидааст.

Телевизиони вилояти Суғд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ барномаҳоро омода ва дар давоми 18 соат пахш мекунад.

Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд гимназияи № 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудиро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин муассисаи таълимӣ, ки барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, шароити беҳтарину арзанда барои таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосиру синфхонаҳои барҳавои он шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ намуданд.

Гимназия аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 68 синфхона, аз ҷумла, 30 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои физикаю биология (муҷаҳҳаз бо навтарин аёниятҳои таълимӣ), синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ, хонаи муаллимон ва дигар шароити кориву таълимии муосир мебошад. Дар таҳхонаи гимназия 13 синфхона, 1 анбор ва 5 ҳуҷраи техникӣ ҷой гирифтааст.

Дар ин боргоҳи илму маърифат дар баробари аз худ кардани илмҳои муосир ҷиҳати соҳибкасб намудани хонандагон синфхонаи ҳунаромӯзӣ низ таъсис дода шудааст, ки дар он муҳассилин бо истифода аз шароити муҳайёшуда, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ ва дӯзандагиро аз худ менамоянд.

Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, дорои ошхона барои 120 нафар, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст ва китобхона мебошад. Бо бунёди ин муассиса 70 нафар омӯзгор ва 10 нафар корманди техникӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Дар гимназия, ки аз рӯйи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ фаъолият мекунад, ба омӯзиши фанҳои забону адабиёт, забонҳои русию англисӣ ва таъриху ҳуқуқ диққати махсус дода мешавад.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муассисаи таълимӣ ба номи Раҳим Ҷалил гузошта шуд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони бахши маорифи вилояти Суғд мулоқот баргузор намуда, оид ба дастовардҳои ин бахши ҳаётан муҳими ҷомеа ибрози андеша карданд.

24 — уми октябр дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт», ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ монда шудааст, иштирок намуданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар майдони 4 гектар доман гус­турдааст, бо саҳми соҳибкорони ватанӣ-Алишер ва Мирзо Умаровҳо бунёд гардидааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 120 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Баъди фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона боз 150 нафари дигар бо шуғли доимӣ таъмин хоҳанд гардид.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 36 намуди маҳсулот, аз қабили бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ, ба монанди яхдон, мошинаи ҷомашӯйӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобил тариқи 8 хати муосири технологӣ сурат мегирад. Дар ин ҷо дар як сол тақрибан ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид меёбад.

Соҳибкорон бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти дар бозор рақобатпазир ва аз лиҳози экологӣ безарар, бо харҷи 6 миллион сомонӣ технологияи корхонаро аз бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ харидорӣ намуда, пеш аз оғози фаъолият коргарону мутахассисонро ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифтанд, ки ба гуфти коршиносони масоили иқтисодӣ, ин омил боиси пешрафти кор, хусусан истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мегардад.

Дар корхона кор дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Ашёи хом қисман аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, аз Федератсияи Россия, Хитой, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид мегардад. Ба таъкиди мутахассисон, дар мамлакат ин аввалин корхонае ба ҳисоб меравад, ки тамоми қисмҳои бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва дигар таҷҳизоти маиширо истеҳсол мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, тақвияти имконияти содиротии кишвар, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарият ва коргарону мутахассисони корхона дастур доданд, ки вақти тавлиди маҳсулот, пеш аз ҳама, ба сифати он диққати асосӣ диҳанд ва манфиати худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд. Бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд, зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ, дар оянда молу маҳсулоти ин корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот хоҳад шуд.

Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки ҳоло дар он 12 субъект фаъолият мекунад.

Аз оғози фаъолияти минтақа беш аз 70 миллион сомонӣ сармояи мустақим ворид гардида, зиёда аз 500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содирот 80 миллион сомониро ташкил додааст.

www.president.tj