Идомаи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№130 (3924) 27.10.2018

44637404975_5b4abd6e42_o25 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулис­тон мактаби санъатро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ бахшиданд.

Бинои мактаб аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 135 ҷойи нишаст мебошад.

Сохтмони он моҳи июни соли 2016 оғоз гардида, моҳи августи соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорони санъату ҳунари шаҳри Гулистонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Бино аз бист утоқи дарсӣ, аз ҷумла, синф­хонаҳои рассомӣ, фортепиано, рубобҳои гуногун, солфеҷио, дутор, доира, карнай, овозхонони фалаку шашмақом, синфи компютерӣ ва китобхона иборат мебошад.

Дар мактаби санъат, инчунин, як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуд аст.

Дар таҳхонаи бино синфхонаи кулолгарӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори хурди намоиш ҷой гирифтааст.

Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби санъати шаҳри Гулистон 50 адад асбоби мусиқии гуногун тақдим карда шуд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону толибилмони шаҳр суҳбати самимӣ доир карданд.

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи Лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон иштирок намуда, ба фаъолияти Шабакаи обрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Хабар дода шуд, ки тарҳи мазкур бо дастгирии бевоситаи Ҳукумат дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1» бо харҷи қариб 23 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Бо татбиқи лоиҳа зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа таъмиру таҷдиди хатҳои магистралии обтаъминкунии шаҳри Гулистон бо дарозии умумии 12 ҳазору 384 метр ба анҷом расонида шуд. Инчунин, барқарорсозии 4 стансияи насосии барориши 2-юм, навсозии 8 чоҳи амудӣ бо васл кардани таҷҳизоти барқиву насосӣ, сохтмони 7 чоҳи амудӣ, кашидани хати баландшиддат ба дарозии 1700 метр ва гузоштани 5 зеристгоҳи барқӣ, кашидани хати технологӣ бо қубурҳои полиэтилении қутрашон гуногун ба масофаи 2650 метр, ободонии ҳудуди обанбори марказӣ, мумфарш намудани роҳ аз обанбор то маркази шаҳр, сохтмони бинои хлоркунӣ ва таъмири бинои анбори нигоҳдории маводи безараргардонӣ, ивази зеристгоҳи барқӣ дар обанбори марказӣ сифатан хуб ба сомон расид. Дар ҳамин радиф, Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон соҳиби 7 адад техникаи коммуналӣ низ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Сокинони шаҳри Гулистон ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

43730188390_fc903aa68b_oДар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро аз назар гузаронда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар назди чойхонаи Қасри Арбоб, ки ба макони тантанаҳои идонаи ҳунармандони асил ва деҳқонони зарофари вилоят табдил ёфтааст, бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар ин ҷо кишоварзони вилояти Суғд навъҳои гуногуни меваю сабзавот ва полезиҳои шаҳдбор, аз қабили харбуза, тарбуз, каду, себ, ангур, нок, хурмо, анор ва меваи хушкро ба тамошо гузошта буданд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъияти матлубот ва корхонаҳои хӯроквории вилоят намоиши маҳсулоти нонӣ ва 27 намуди ширинии миллӣ, ба монанди ҳалвои кунҷитдор, наботи «Муфассал», парвардаи «Ковок», нишолло ва ғайра ташкил карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин намоишгоҳҳоро, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, хусусан, дар вилояти Суғд, ба ҳукми анъана даромадааст, дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муҳим арзёбӣ намуданд, зеро бо ин восита метавон маҳсули дасти деҳқонон ва мардону занони ҳунармандро ба таври шоиста ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кард.

Дар робита ба ин, дастур дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бунёди коргоҳҳои нонпазию қаннодӣ ва таъсиси нуқтаҳои фурӯши онҳоро васеъ ба роҳ монанд ва ба кадбонуҳо, мардони ҳунарманд, ки завқи баланди нонпазӣ, омода намудани шириниҳоро доранд, шароити хуби фаъолият фароҳам оваранд.

Зимни тамошои намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва даст­овардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд.

Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд 67 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул мебошанд. Онҳо соли 2018 бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 227 ҳазор гектар кишти зироати гуногунро ба роҳ монданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Аз суҳбат бо кишоварзон бармеояд, ки соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот афзоиш ёфтааст.

Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд. Аз ҷумла, соли равон наздик ба 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, зардолу, меваи хушк ва ангур содирот карда шудааст. Айни замон дар вилоят 72 ҳазор гектар боғ ва 11 ҳазор гектар токзор мавҷуд аст. Соли равон барои дар амал татбиқ кардани «Барномаи давлатии боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» хоҷагидорон зиёда аз 20 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд намуданд. Ба деҳқонон тавсия дода шуд, ки сол то сол майдони кишти зироати кишоварзиро зиёд намуда, дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.

Дар ҷойи баргузории «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» пирамида, хаймаҳо, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда ба тамошо гузошта шуда буд.

Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ озмун ва мусобиқаҳои шавқовар баргузор гардиданд.

Дар намоишгоҳ занбӯриасалпарварони 12 шаҳру ноҳияи вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта занбӯриасалпарварони вилоят аз 52 ҳазору 250 оила 1 ҳазору 360 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол ният доранд, ки ин нишондодро ба 1 ҳазору 500 тонна расонанд. Занбӯриасалпарварон мегӯянд, ки шароит ва иқлими шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ мебошад.

Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли ин намуди маҳсулотро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии маҳсулоти занбӯри асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва полезию лӯбиёгиҳо, ки асосан ба содирот нигаронда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсол ва коркарди саноатии онҳо бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб қудрати содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад дар бозори ҷаҳонӣ бо пешниҳоди асал ва меваю сабзавот, аз ҷумла, бо зардолу ва олуи сиёҳи хушк, мавизи кишмиш, харбуза, ангур, помидору бодиринг, пиёз ва ғайра ҷойгоҳи намоён дошта бошад.

Дар ҳамин рӯз, ҳамчунин, даври ниҳоии Фестивали «Оши палав» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 30 дег оши палав омода карданд.

Дар ин бахш ошпазони моҳир аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Шаҳристон, Спитамен, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод ҳунарнамоӣ намуда, ба меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни ин навъи хӯроки миллӣ — «Оши палав бо биринҷи дев­зираи Панҷакент», «Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Бедонапалав», «Оши палав бо кабки кӯҳӣ», «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона» ва «Оши палав бо гӯшти мурғи марҷон»- ро пешниҳод карданд.

Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали «Оши палав ва шириниҳои миллӣ» аз рӯи панҷ номинатсия — «Ошпази беҳтарин», «Ошхӯри беҳтарин», «Хаймаи беҳтарин», «Фолклори беҳтарин» ва «Қанноди беҳтарин» мукофотҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинат­сияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардида буд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Арбоб, инчунин, бо ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳо ва ашёи рӯзгор, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос шуданд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намуди андоз озод карда шудааст.

Чорабинии фарҳангӣ — Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик — 2018», ки низ дар толори Қасри Арбоб доир гардид, бошукӯҳ ба назар мерасид.

Сутунҳои даромадгоҳи қаср, ки бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда буданд, хеле зебову дилрабо ба назар ҷилва мекарданд.

Президенти мамлакат ба маҳсули дасти бонувони ҳунарманд баҳои баланд доданд ва онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳар чӣ бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуданд. Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб тарроҳону ҳунармандон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои соҳаи ресандагию бофандагӣ намоиш доданд.

Дар охири барнома, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, ғолибон аз рӯи шартҳои озмун муайян шуданд. Ҷоизаҳоро ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён — тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди чунин як барномаи рангин изҳори сипос ва таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ, пеш аз ҳама, бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд, ки дар он вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ҷамъбасти рушди бахшҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018, рафти иҷрои дастуру супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, татбиқи нақшаи ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. 

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бурду бохти бахшҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, захираи ҳаҷми зарурии маҳсулот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бастубанду содироти он, ташкили гармхонаҳои нав, бунёди боғи меваҳои содиротӣ ва мунтазам зиёд кардани майдони кишти сабзавоту картошка вазифадор карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар зарфи солҳои 2016-2017 қисми зиёди лоиҳаҳои дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016 — 2020» банақшагирифта аз ҷониби мақомоти масъул маблағгузорӣ нашудааст. Тибқи маълумот дар ин муддат 1,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ҷалб гардидааст, ки ҳамагӣ 28 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар баробари дастовардҳо дар бахшҳои алоҳида камбудиҳо низ ба назар мерасанд ва Сарвари давлат барои ислоҳи онҳо, иҷрои саривақтии вазифаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд.

Супоришҳо, ҳамчунин, доир ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сӯхт дар давраи зимистонгузаронӣ, дода шуданд.

Дар машварат раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят дар давоми нуҳ моҳи соли 2018, рафти татбиқи супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ҳисобот доданд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо сарҷамъӣ ва ҳисси баланди миллӣ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

www.president.tj