Идомаи сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Хатлон

№118-119 (3264-3265) 11.10.2014

ферма

Ноҳияи Хуросон

Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии ноҳия

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон 8 октябр дар ноҳияҳои Хуросон ва Бохтар идома ёфт.

Субҳи барвақт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ доданд, ин бино бо харҷи қариб 13 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии «Сименс» таъмин карда шудааст.

Дар ин бино шуъбаҳои таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарии ин беморхона ҷойгир шуда, ҳадафи асосӣ, тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон, беҳдошти ҳифзи модару кӯдак мебошад. Ин бино дорои 25 кати хоб барои беморон аст.

Мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоти муосири ин бинои нави беморхона дар сатҳи баланд бозомӯзӣ шудаанд.

Ба иттилои масъулин, дар доираи татбиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Олмон оид ба беҳдошти ҳифзи модару кӯдак ҳамин гуна корҳо дар чор ноҳияи дигари вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо чунин таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ  таъмин карда шаванд.

Боздид аз фермаи инноватсионии зотпарварӣ

Дар деҳоти «Ҳилолӣ»-и ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии зотпарварии «Саодат» дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард.

Зимни боздид, аз ҷумла аён гардид, ки дар фермаи зотпарварии ин хоҷагӣ барои парвариши беш аз 1000 сар чорвои калони хушзоти ширию гӯштӣ шароити инноватсионӣ бо технологияи олмонӣ муҳайё шудааст.

Ҳоло дар ин ферма 332 сар чорвои хушзоти «Сементал», ки зоти гӯштию ширӣ ба шумор меравад, парвариш меёбад. Аз ин шумора 120 сар модагови дӯшо, 132 сар гӯсола ва буқачаҳои наслдиҳанда мебошанд.

Барои ҳамаи намуди чорво, модаговҳои дӯшо, гӯсола ва ғуноҷину буқачаҳо вобаста ба синну сол ва талаботи нигоҳубини онҳо ҷойҳои алоҳида бо шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Ҳамаи салонҳои нигоҳдории чорво дорои таҷҳизоти гармидиҳию салқинсозӣ мебошанд, ки тавассути онҳо барои чорво дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавои муътадил таъмин мегардад. Гузашта аз ин, чорвои калони зоти «Сементал» ба иқлими Тоҷикистон, аз ҷумла гармии тобистон, мутобиқ аст.

Шири говҳои ин ферма бо дастгоҳҳои автоматии бо компютер идорашаванда дӯшида мешавад. Дар як баст дар як салон 32 модагов дӯшида мешавад. Ҳар як модагови ин ферма дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 30 литр шир медиҳад. Аз модаговҳои аз ҳама сермаҳсули ин ферма дар як шабонарӯз то 57 литр шир дӯшида мешавад. Ҳамарӯза дар ин ферма қариб сеюним тонна шири хушсифат истеҳсол мешавад. Дар ин ферма 50 сар буқачаҳои наслдиҳанда барои фурӯш омода аст. Ин буқачаҳо аз ҷониби хоҷагиҳои дигари чорводорӣ ва ҳам аҳолӣ барои хушзот кардани чорво харидорӣ карда мешавад.

Дар назди ферма коргоҳи коркарди шир сохта шудааст, ки дар он дар як шабонарӯз то якуним тонна шир коркард ва аз он маҳсулоти гуногуни хушсифати ширӣ  истеҳсол мешавад.

Дар ҳамин ҷо ҳамарӯза ҳамчунин шир аз аҳолӣ қабул карда шуда, пеш аз коркард дар озмоишгоҳ сифати он санҷида мешавад. Қисми зиёди шири ин ферма ва шири аз аҳолӣ харидоришударо барои коркард ба Корхонаи коркарди шири «Саодат»-и шаҳри Душанбе мефурӯшанд.

Дар корхонаи омодасозии хӯроки омехтаи чорвои ин ферма ҳар рӯз даҳ тонна маҳсулот истеҳсол мешавад.

Фермаи мазкур ҳамчунин дорои таҷҳизоти инноватсионии обсофкунӣ ва коркарди пору мебошад. Тавассути дастгоҳи коркарди пору дар ин ҷо истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, зеро тамоми маҳсулоти чорво аз гӯшту шир то пору ҳама мавриди коркард ва истифодаи босамар қарор мегирад.

Дар хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1300 сомонӣ таъмин шудаанд.

Хоҷагӣ ҳамчунин 305 гектар замини корам барои истеҳсоли хӯроки чорво дар ихтиёр дорад, ки заминаи хуби истеҳсоли ашёи хом мебошад.

Ба кор даровардани корхонаи нави коркарди пахта

Дар деҳоти «Ҳилолӣ»-и ноҳияи Хуросон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди пахта, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари ширкати «Водии Заррин» Фирдавс Валиев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона бузургтарин чунин корхона дар Тоҷикистон буда, метавонад дар як шабонарӯз 800 тонна ва дар як сол беш аз 60 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Ин корхонаи азим бо сарфи 31 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар майдони нуҳ гектар бунёд ёфтааст.

Дар ин корхона нахи пахта аз чигит бо технологияи навтарини ин соҳа ҷудо ва бастабандӣ мешавад. Дар ҳар ду дақиқа дар ин ҷо як баста нахи пахта бароварда мешавад. Ҳоло дар корхона 165 нафар дар ду баст бо кори доимӣ ва моҳонаи миёнаи 1700 сомонӣ таъмин гардидаанд.

Ширкати «Водии Заррин» ҳамчунин дорои 1000 гектар замини корами обӣ буда, пахтаи хоҷагиҳои дигарро низ барои коркард харидорӣ мекунад.

Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ин ширкат дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа як навъи нави пахтаро бо номи «Водии Заррин» ҳосил кардаанд, ки аз ҳар гектар замин беш аз 60 сентнерӣ пахта медиҳад.

Бунёдкорони ин корхона тасмим доранд, ки ояндаи наздик боз як корхонаи равғанкашӣ ва корхонаи коркарди чигити тухмӣ таъсис дода, минбаъд бо бунёди силсилаи корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро аз он ба роҳ монанд.

Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти ошкорову самимӣ анҷом дод.

Ноҳияи Бохтар

Шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди истифода қарор гирифт

Аз ноҳияи Хуросон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бохтар омада, нахуст ба қисми ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф овард.

Роҳбарияти Вазорати мудофиа ва ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии қисми ҳарбӣ Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон, аз ҷумла ёдоварӣ карда шуд, ки ҳайати шахсии ин қисми ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистон нақши намоён гузоштаанд ва имрӯз ҳам ин воҳиди низомӣ бо техникаи вазнини ҳарбӣ, яроқу аслиҳаи беҳтарини замони муосир таъмин буда, ҳайати шахсияш омодагии қавии ҳарбӣ доранд. Ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии ин қисми ҳарбӣ чун ҳамаи воҳидҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар донишу маҳорати касбии худро дар ҷараёни машғулиятҳои назарию амалӣ ва машқҳои ҳарбии саҳроӣ сайқал медиҳанд ва дар ҳолати хуби омодагии доимии ҳарбӣ қарор доранд.

Омодагии баланди касбӣ ва обутоби хуби ҷисмонию рӯҳии онҳо аз қадамзании устувору гурдонаи ҳар як афсару сарбози ин қисми низомӣ, ки зимни расми гузашти низомӣ намоиш дода шуд, ҳувайдо аст. Зимни боздид аз толорҳои варзишӣ ва обутоби бадани қисми ҳарбӣ бори дигар собит гардид, ки дар ин қисми ҳарбӣ ҷавонони солиму бардам, ғаюру ватандӯст ва ҷонфидои Ватан адои хизмат мекунанд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти омодагии қисми низомӣ ба зимистон ва захирасозии озуқаворӣ, аз ҷумла аён гардид, ки ин қисми ҳарбӣ дорои хоҷагии хуби ёрирасон буда, дар он ҳам чорвои хурду калон ва ҳам зироатҳои гуногун барои таъмини мустақилона бо маводи ғизоӣ парвариш меёбад. Ошхонаи қисми ҳарбӣ хеле зебою муҷаҳҳаз буда, иборат аз чор толор бо 460 ҷойи нишаст мебошад.

Толори фарҳангии қисми ҳарбӣ имкон медиҳад, ки дар он тамоми намуди чорабиниҳои фарҳангию дилхушӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд. Дар даромадгоҳи толори фарҳангӣ гӯшаи ёдоварӣ аз қаҳрамонон ва шаҳидони ин қисми ҳарбӣ ороста шудааст. Ин гӯшаи ёдоварӣ осорхонаеро мемонад, ки аз таърихи талхи солҳои муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон, ҷонфидоиҳои афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ дар роҳи барқарорсозии ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистон ва таҳкими амнияту субот дар кишвари азизи мо ҳикоят мекунад.

Дар ҳудуди ҳамин қисми низомӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи нави ҳарбии умумисоҳавии Гарнизони Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки номи Шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад.

Тавре иттилоъ доданд, ин шифохона бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа муҷаҳҳаз шудааст. Шифохона дорои 50 кати хоб мебошад.

Дар ин шифохона муддати ду сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор карда, ҳамзамон ҳамкасбони тоҷики худро барои кор бо таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардида меомӯзонанд. Чунонки иттилоъ доданд, тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд.

Бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад.

Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст, ки дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тиб ҷой гирифтааст. Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тиб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст.

Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ мебошад.

Барои таъмини мунтазами шифохона бо неруи барқ дар ин ҷо трансформатори алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони давлати Ҳиндустон таъкид дошт, ки арзи сипосу қадрдонии ӯ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба роҳбарияти ин давлати дӯст бирасонанд.

Ба масъулини ҷониби Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар ин шифохона на танҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонида шавад.

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Хона — интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон»

 Дар деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Хона- интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон» ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ доданд, ин муассисаи будубоши доимӣ барои маъюбони калонсоли гирифтори бемории рӯҳӣ буда, дорои 100 кат-ҷой мебошад. Муассиса бо харҷи 14,5 миллион сомонӣ маблағҳои Буҷети давлатӣ бунёд ёфтааст.

Бино ва иншооти хона – интернат маҷмӯавӣ буда, бо тарҳи замонавии мутобиқ ба муассисаҳои иҷтимоӣ сохта шудааст. Маҷмаа аз чор бинои истиқоматӣ, як бинои маъмурият ва як бино барои ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад. Дар хона – интернати мазкур аввалин бор дар ҷумҳурӣ барои барқароркунии саломатӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбони бемориҳои рӯҳӣ ҳуҷраҳо ва утоқҳои махсусгардонидашуда, аз қабили кордармонӣ, гиёҳдармонӣ, офиятбахшӣ бо истифода аз санъати бадеии расмкашӣ, рақсу мусиқӣ, бозиҳои компютерӣ, китобхона ва толори хониши бадеӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.

Дар баробари ин, дар дохили маҷмаа бо мақсади ҷалби маъюбон ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва варзиш як коргоҳи хурди дӯзандагӣ, кулолгарии миллӣ ва толори бошукӯҳи замонавии варзишӣ бунёд карда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо, утоқҳо ва толорҳои зикргардида бо таҷҳизоти замонавии функсионалӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар хона — интернат барои тавонбахшии тиббию иҷтимоии бошандагон ва солимгардонии онҳо ҳамчунин қисмати тиббӣ иборат аз утоқҳои физиотерапевтӣ, дандонпизишкӣ, амрози занона, масҳи табиӣ, муоинаи барқии дил ва тадқиқоти ултрасадо муҳайё шудааст. Дар ин хона – интернат қариб 80 нафар кормандони ин соҳа бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ қариб 600 нафар маъюбони рӯҳӣ, аз ҷумла 259 нафар калонсолон, ба чунин хизматрасонӣ ниёз доранд.

Барои фаъолияти мунтазам ва самараноки Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон» дар ноҳияи Бохтар ва нигоҳубини доимии бошандагони он дар соли равон аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ 1 млн. 291 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ин барои ҳар як бошанда ба ҳисоби миёна 1075 сомонӣ дар як моҳ рост меояд.

Хона-интернат дар майдони ҳафт гектар замини обӣ ҷойгир шудааст. Аз ин рӯ, дар назар дошта шудааст, ки дар муассиса хоҷагии ёрирасон ва якчанд коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ташкил карда шаванд. Бо ин мақсад, аз ҷумла ҳоло дар ҳудуди хона – интернат як гармхона ва корхонаи хурди мурғпарварӣ сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин ҷо муҳайёгардида изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулини соҳа ва роҳбарияту кормандони муассиса дастур дод, ки нигоҳубини иншоот ва хизматрасонӣ ба ниёзмандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, аз хайру савоби ин амалҳои накукорона баҳравар гарданд.

 Боздид аз қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милиса дар вилояти Хатлон

Дар ноҳияи Бохтар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милисаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ташриф оварда, бинои нави онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар саҳни ҳавлии қароргоҳи ин воҳиди махсуси милиса Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи фарзандони кормандони ин соҳа иштирок намуд.

Тавре маълум гардид, дар ин ҷо тӯйи арӯсии ҳашт духтари ҷавон аз оилаҳои ниёзманд ва ҳашт афсари воҳиди махсуси милиса ва ҳамчунин хатнасури 22 писарча аз оилаҳои кормандони соҳа ороста шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросими бошукӯҳ ба ҳамаи навхонадорон асбобу ашёи арзишманди рӯзгор ва ба писарбачаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ошхона, анбори нигоҳдории молу маҳсулот иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини хизматчиёни дастаи таъиноти махсуси милиса бо маводи ғизоӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳудуди қароргоҳи даста майдончаҳои машқу тамрин бунёд ёфтаанд, ки дар баланд бардоштани маҳорати ҷангии хизматчиёни ин даста нақши асосӣ доранд.

Дастаи таъиноти махсуси милиса барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ бо аспҳои савории ба таври хоса омодашуда, сагҳои хизматии омӯзишдида ва бо техникаву лавозимоти гуногуни ҳарбӣ таъмин карда шудааст.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави дастаро расман ифтитоҳ намуд. Бино аз се ошёна иборат буда, дорои толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, утоқҳои корӣ ва дигар толору ҳуҷраҳо мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёд ва таҷҳизонидани ин бино зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ғамхориҳои пайвастаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуб дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ёдовар шуда, ҳайати шахсии ин ниҳодро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд.

Дар охири боздид аз қароргоҳи дастаи таъиноти махсуси милисаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон расми гузашти низомӣ ҷараён гирифт, ки дар он, дар баробари ҳайати шахсӣ, ҳамчунин техникаи ҳарбӣ ва махсуси ин ниҳоди бонуфуз иштирок намуданд.

Тавре аён гардид, ҳайати шахсии ин ниҳоди махсуси милиса омодагии ҷиддии касбӣ дошта, ҳамчунин бо техникаю лавозимоти ҳарбӣ ва махсуси пуриқтидор барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳам муборизаи беамон бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, аз ҷумла гурӯҳҳои террористию ифротгаро, омодагии ҳамаҷониба доранд.

 Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12

 Имрӯз ҳамчунин дар деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дониёрқули деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Бохтар бо буридани лентаи рамзӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №12-ро ба истифода дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши умумии қариб 14 миллион сомонӣ сохта шудааст. Мактаби мазкур барои ба таҳсил фаро гирифтани қариб 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз чор бинои таълимӣ, 40 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири хониш, даҳ озмоишгоҳи фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Муҳимтар аз ҳама, бо ифтитоҳи мактаби имрӯза бисёр масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи сокинони чор деҳаи ин деҳот ҳал мегардад, зеро сокинони деҳаҳои зикршуда ин рӯзро дер боз интизор буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ба омӯзгорони ин муассиса таъкид дошт, ки насли наврасро дар рӯҳияи вадандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, аз имконоти муҳайёшуда самаранок истифода баранд.

Гуфта шуд, ки аз ин пеш хонандагони ин муассиса дар ду мактаби куҳнаи деҳа таҳсил доштанд, ки дар он ҷо шароити муосири илмомӯзӣ вуҷуд надошт. Хонандагону омӯзгорон аз фаъол шудани ин мактаби хуштарҳу замонавӣ басо хушнуд шуданд.

Озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика, ки бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир таъмин гардидааст, заминаи хубест барои омӯзиш. Дар толори барҳавои фарҳангӣ, ки барои баргузории чорабиниҳои мактабӣ муҳим дониста мешавад, хонандагони ин муассисаи таълимӣ як намоиши панду ахлоқӣ дар асоси осори гаронбаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба саҳна гузоштанд, ки аввалин бинандаи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буд.

Дар ин мактаб ҳамзамон синфхонаи омӯзишии ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин ҷо хонандагон ба бофтани қолин, гулдӯзиву зардӯзӣ ва дӯхти дигар намуди либосворӣ машғул хоҳанд шуд.

Зимни боздид аз ошхонаи мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулин ва кормандони онро ҳидоят намуд, ки ба ҳолати санитарию гигиенӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва бо инобат гирифтани талаботи хонандагон хӯрокҳои гуногун омода созанд.

Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони аҳли ҷамоаи ноҳияи Бохтар мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмини онҳо бо ҷиҳози муосири хониш тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ мебошад. Зикр гардид, ки маҳз ба ҳамин хотир, соли равон барои рушди соҳаи маорифи мамлакат зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта беш аз 18 фоиз зиёд буда, 5,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварамонро ташкил медиҳад.

Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии 725 миллион сомонӣ қариб 700 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 148 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф рушди ин бахш дар ноҳияи Бохтар низ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, соли ҷорӣ афзоиши маблағгузории соҳа қариб 40 миллион сомониро ташкил намудааст.

www.president.tj