Шоми 11 ноябри соли 2019 дар доираи иштирок дар чорабиниҳои Ҳамоиши Париж оид ба сулҳ суҳбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон доир гардид, ки дар он оид ба робитаҳои дуҷониба бо Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷумҳурии Франсия, инчунин, доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии ҳамоиш табодули афкор сурат гирифт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид созгор донист. Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори андеша намуданд.
12 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.
Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад, ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд ба таври пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ доир гардид.
Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо, табодули андеша карданд.
Дар форум беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико, Осиёву Африқо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё ширкат варзиданд.
Дар доираи чорабинӣ ҳар сол лоиҳа ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ба таъмини мусоидати мушаххас ба ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба нигаронида шудаанд.
Дар форуми имсола, ки 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди иклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифт, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ гардид.
Дар доираи кори форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Форуми сулҳи Париж, директори фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии «Аврупои мо» ҷаноби Паскал Ламӣ, Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, Президенти Кипр Никос Анастасиадес, президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот карданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни барои ҷонибҳо манфиатовар, муносибатҳои ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж, дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ифтитоҳ бахшиданд.
Бо дарназардошти нақши назаррас дар пешбурди ташаббусҳои обии глобалӣ ва пайваста матраҳ намудани мавзӯи тағйирёбии иқлим дар чорабиниҳои байналмилалӣ, бахусус, дар Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари ташаббускор дар ҷаласаи «Тағйирёбии иқлим» бо пешниҳодҳои нав баромад карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои ташкили ҳамоиши сатҳи баланд оид ба баррасии масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад. Таъсири манфии он ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.
Дар Тоҷикистон, ки дорои 13 ҳазор пирях мебошад, аз таъсири тағйирёбии иқлим ҳазор пирях нобуд гардидааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.
- Кишварҳои минтақа аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолии шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд, — таъкид карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешниҳод шуд, ки ЮНЕСКО дар баробари андешидани тадбирҳо якҷо бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки ЮНЕСКО дар пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла, тавассути мусоидат ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018 — 2028», ки соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, саъю кӯшишро идома хоҳад дод.
Ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 18-20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе Конфронси дувуми Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018 — 2028» — ро баргузор намояд.
Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки барои нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера дар бисёр маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи «сабз» ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд.
Дар неругоҳҳои барқи обӣ, ки асоси бахши энергетикии кишварро ташкил медиҳанд, 98 фоизи қувваи барқ истеҳсол мешавад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим якчанд пешниҳоди асоснок карданд.
www.president.tj