24-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳокима гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни сохтмони сарбанди неругоҳ, ки зимни сафарҳои корӣ ба мушоҳида мерасид, андешаронӣ намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки роҳбарияти ширкат тамоми имконияти худро барои дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани нақшаҳои корӣ сафарбар хоҳад кард.
Роҳбари ширкати «Вибилд» (WeBuild) ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ, инчунин, оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, тезонидани корҳо ва истифодаи босамар аз имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша карданд.
24-уми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
Шаҳри Пистоя дар вилояти Флоренсия ва минтақаи Тосканаи Италия, яъне дар яке аз қисматҳои марказии кишвар, қарор дошта, бо таҷрибаи пешқадаму омӯхтанӣ дар ниҳолпарварӣ, ҷангалофарӣ, сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд парваришгоҳҳои ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ дидан карда, бо тарзи шинондан, қаламчагирӣ, парвариш, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зараррасон ва бахусус, мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон, шинос шуданд. Зимнан ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар ин боздид ҳузур доштанд, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварон ва экологҳои италиявӣ супоришу маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавре таъкид гардид, воридсозии ин ва дигар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ барои сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва тобовар намудани табиати кишвар ба тағйирёбӣ ва гармшавии босуръати иқлими сайёра басо муҳиму зарур аст.
Иттилоъ дода шуд, ҳамкорӣ дар ин самт миёни ниҳолпарварону боғдорони тоҷику италиявӣ чанд сол боз ба роҳ монда шудааст ва аллакай самараи назаррас оварда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки чунин ҳамкорӣ дар шароити кунунии гармшавии ҷаҳонии иқлим бояд ба маротиб густариш дода шавад.
25-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Чу Донюйро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин ниҳоди СММ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуда, аз ҳамкории муфид бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ қаноатмандӣ зоҳир гардид.
Изҳори итминон карда шуд, ки бо талоши рӯзафзуни ҷонибҳо дар оянда низ рушди ҳамкорӣ ба татбиқи боз ҳам бобарори ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ, ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад намуд.
Таъкид шуд, ки беҳбуд бахшидан ба самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими рушди устувори ин бахш омили муҳими баланд бардоштани некуаҳволии мардуми деҳот аст.
Ҷонибҳо омодагиро барои идомаи робитаҳо ҷиҳати беҳсозии истифодаи заминҳои корам, пешгирӣ аз харобшавии онҳо ва ба истифода додани заминҳои нав иброз доштанд.
Дар доираи пешбурди сиёсати инкишофи «иқтисоди сабз»-и Тоҷикистон воридоти технологияҳои ниҳолпарварӣ баҳри барқарор намудани ҷангалзор, ҳифзи ҷангалу буттазор аз эрозия ва шусташавии заминҳо зарур шуморида шуд.
25-уми апрели соли равон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваҳои Тоҷикистон иштирок карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки зардолу ҳамчун дарахти мевадиҳанда, таърихи зиёда аз чорҳазорсола дошта, аз рӯи ақидаи олимон ҳудуди Тоҷикистон яке аз минтақаҳои пайдоиши он эътироф гардидааст.
Зардолу аҳамияти муҳими иқтисодӣ ва ғизоию табобатӣ дорад. Бо назардошти таркиби бойи кимиёвии меваю донак зардолу ҳамчун ғизои парҳезӣ эътироф гардидааст.
Аз рӯи маълумоти оморӣ дар даҳсолаи охир дар саросари олам майдони боғоти зардолу ва истеҳсоли меваи он афзоиш меёбад. Шароиту иқлими минтақаҳои Тоҷикистон барои парвариши зардолу мутобиқ аст. Дар Тоҷикистон 64 ҳазор гектар боғоти зардолу бунёд гардидааст, ки аз он 50 ҳазор гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.
Зимни муаррифии дарахти зардолу ва меваҳои тару хушки он иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҷумҳурӣ то 90 ҳазор тонна хушкмева содир менамояд, ки бештари онро меваи хушки зардолу ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар қатори давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи зардолу қарор дорад.
Бояд гуфт, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2024 аз Тоҷикистон бори аввал ба Ҷумҳурии Италия 66 тонна зардолуи хушк содирот шудааст.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳамкории пурсамар дорад. Дар натиҷаи робитаи судманд якчанд навъҳои зардолу ба кишвари мо ворид гардидааст.
Дар охири маросим ба хотири таҳкими ҳамкорӣ ба роҳбарияти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ намунаҳо аз ниҳолҳои навъҳои гуногуни зардолу ва ангури тоҷикӣ тақдим карда шуд.
Тавре зикр гардид, ҳоло миёни гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои ворид намудани чанде аз минтақаҳо ва маҳсулоти кишоварзии кишвари мо ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст ва ояндаи наздик бояд самараҳои нахустини ин кори муштарак эълон гардад.
25-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз воқеъ дар ин кишвар, мулоқоти самимӣ доир карданд.
Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.
Президенти кишвар доир ба дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи кишвар машғуланд, андешаҳои ҷолиб баён карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани нозукиҳои техникаю технологияи муосирро амри зарурӣ номиданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар ва ҳамкорӣ бо кулли ҷаҳон ҳамасола барои идомаи таҳсили ҷавонон квотаҳо ва барои муҳоҷирони корӣ санадҳои муҳими танзимкунандаи будубоши онҳо таҳия ва қабул мегардад.
Дар рафти мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуданд.