Рӯзи дуюми сафар ба шаҳри Роғун (16 июли соли 2015) Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаҳои дигари бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз ҷумла майдончаҳои назоратӣ, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, коллекторҳои обпарто, толори трансформаторҳо, нақби пиёдагард, толори агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки шумораи техникаю таҷҳизоти имрӯза барои оғози сохтмони сарбанд ва ба кор даровардани навбати якуми неругоҳ басанда аст. Зикр карда шуд, ки то 1-уми июли соли 2015 аз мавзеъҳои зериобмонанда 30 миллиону 700 ҳазор метри мукааб сангу шағал ба анборҳои дар баландиҳо ҷойдошта кашонида, захира шудааст ва ин кор бомаром идома дорад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз шароити фароғатӣ, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра пурсон шуда, ба масъулин барои муҳайёсозии беҳтарин шароит супоришҳои иловагӣ дод.
Коргарону мутахассисони неругоҳ изҳор доштанд, ки вусъат бахшидани корҳо дар ин иншоот, иҷрои саривақтии нақшаи тақвимӣ, риояи технологияи иҷрои кор, талаботи меъёрҳои амалкунанда ва назорати сифати корҳои сохтмонӣ ҳамеша таҳти назорат қарор доранд.
Дар ҷараёни шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аён гардид, ки кор дар ҳама ҷо бо сифати баланди ҷавобгӯй бо стандартҳои байналмилалӣ, тибқи тавсияҳои коршиносони муътабари Бонки Умумиҷаҳонӣ ва бо рӯҳияи баланди бунёдкорию созандагии бинокорон, идома доранд.
www.president.tj