18 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ иштирок намуданд.
Дар ин чорабинии бузурги варзишӣ мувофиқи маълумоти пешакӣ наздик ба 6000 нафар варзишгар аз 62 давлати Осиё ва Уқёнус иштирок менамоянд.
Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш, аз ҷумла, баскетбол, гӯштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, теннис, самбо, шиноварӣ, аспсаворӣ ва дигар намудҳо шомил мебошанд.
Тоҷикистонро дар бозиҳои 5 — уми Осиё 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар дар 15 намуди варзиш намояндагӣ ҳоҳанд кард.
www.president.tj