15-уми декабри соли 2023 дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро баъд аз таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, ки аз калонтарин иншооти тандурустии ноҳия ва ҳудуди вилояти Хатлон дониста мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи татбиқи лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон”, марҳилаҳои 2 ва 4-ум мавриди таъмири асосӣ ва таҷдиду барқароркунӣ қарор дода шуд.
Маҳз дар доираи ҳамин лоиҳа Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш бевосита бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии шарикони рушд ба истиқболи санаҳои бузургу таърихӣ ва гиромидошти сатҳи баланд аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Акнун дар ин ҷо барои зиёда аз 200 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Вахш имконоти бештари ташхису муолиҷа муҳайё карда шуд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар бинои бошукӯҳи бахши тандурустӣ соли 2020 аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Манора сохтмон” оғоз гардида буд.
Пудратчии иншоот тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда муваззаф шуда буданд, ки моҳи декабри соли 2023 беморхонаи марказии ноҳияи Вахшро бо беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми васоили тандурустӣ мавриди истифода қарор диҳанд.
Бинокорони ширкати пудратчии “Манора сохтмон” ҳар се қабати бинои шифохона, таҳхона, болохона ва биноҳои маъмуриву иловагиро бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расониданд.
Тавре иттилоъ доданд, барои сифатнок анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ муосиртарин масолеҳи бинокорӣ истифода гардида, дар анҷоми вусъатноки корҳои созандагӣ наздик ба 200 нафар сокинони ноҳияи Вахш бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Дар муассисаи тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ аз давлатҳои Олмон, Ҷопон, Амрико, Испания, Италия ва Чин бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.
Дар беморхона дастгоҳҳои зарурии ҷарроҳӣ, оксигенераторҳо, рентгени рақамӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва сабти барқии дил фароҳам оварда шудааст, ки қаблан табибон ба чунин таҷҳизоти замонавӣ ниёзи бештар доштанд.
Фароҳам сохтани чунин шароити созгори ташхису муолиҷа ва таъминоти дастгоҳу васоили сохти замонавии тандурустӣ имкон фароҳам меорад, ки табибон ба сокинони ноҳияи Вахш ва дигар ноҳияҳои ҳамшафати он бо сатҳу сифати баланд хизмат расонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон ва масъулини ниҳоди тандурустӣ супориш доданд, ки бо истифода аз чунин шароит ба беморон дар сатҳи баланд хизматрасониҳоро ба роҳ монда, ба масъалаи муомилаи хуш бо беморон ва наздикони онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Аз ин баъд дар беморхонаи ноҳияи Вахш усулҳои замонавии ташхису муолиҷа ҷарроҳиҳои ҳар гуна бемориҳо бо истифода аз таҷрибаи тибби давлатҳои пешрафта роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ҳама ҳуҷраҳои кориву истироҳатии табибону кормандон дорои шароитҳои арзанда мебошанд. Акнун табибони беморхонаи ноҳияи Вахш метавонанд ба сокинони ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Бохтар низ бо сифати баланд хизматрасонӣ кунанд. Ҳамин гуна бо азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии бинои асосии беморхона шароити созгор ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии табобат муҳайё карда шуд.