23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфт.
Солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бо манзили зист таъмин намудани кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот тадбирҳои зиёди судманд амалӣ мегардад. Ин аст, ки имрӯз аҳли оилаи қариб 200 корманди ин мақомот соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд.
Барои ифтитоҳи биноҳо ва табрики ин оилаҳои хушбахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии пойтахт ташриф оварда, як бинои нуҳошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар саҳни ҳавлӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба соҳибони хуштолеи хонаҳои нав калидҳои онҳоро тақдим намуд.
Зимни шиносойӣ бо тарҳи бино ва шароити хонаҳо, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино аз хонаҳои як ва дуҳуҷрагӣ иборат буда, асосан барои кормандони ҷавони соҳибтахассус пешбинӣ шудаанд. Бино ба таври зебою замонавӣ сохтаву ороиш ёфта, қисман бо мебел низ таъмин гардидааст.
Он дорои шабакаи ягона ва мустақили гармидиҳӣ буда, тавассути дастгоҳҳои каммасраф бо оби гарм ва гармӣ таъмин мешавад. Дар ҳавлии бино ҳамчунин майдони бозӣ барои кӯдакон омода гардидааст. Ин бинои зебо дар зарфи якуним сол бо харҷи беш аз даҳуним миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти пудратӣ вазифадор карда шуданд, ки дар зарфи як соли оянда боз дуто ҳамин гуна бинои истиқоматӣ барои оилаҳои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бунёд намоянд.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Айнии пойтахт ташриф оварда, бинои даҳошёнаи истиқоматии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро ифтитоҳ намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои иборат аз се қисмат бо харҷи 18 миллион сомонӣ маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд ёфта, дорои 90 хонаи аз як то чорҳуҷрагӣ мебошад.
Аз 90 хонаи он 45 — тоаш бо супориш ва ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки аксаран кормандони ҷавони баландихтисос мебошанд, ҳамчун манзили хизматӣ тақсим карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар ду бино имрӯз аҳли оилаи қариб 200 корманди ин сохторҳо соҳиби хонаҳои зебою барҳаво гардида, ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимиаш арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ин мақомот ва аҳли оилаи онҳо аз ҳодисаи нопадидшавии духтарчаҳои хурдсол — Малика ва Сабина Араловаҳо, ки аз ҳамин маҳаллаанд, ёдовар шуда, аз роҳбарият ва кормандони мақомоти масъул талаб намуд, ки барои ҳар чӣ зудтар ошкор намудани ин ва дигар ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он тадбирҳои судбахш амалӣ намоянд. Кормандони ин мақомот ҳамчунин ба муомилаю муоширати хуб бо мардум ва кору фаъолияти мутобиқ ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят карда шуданд.
Дар ин бино ҳамчунин аҳли оилаи 45 корманди пешқадами Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соҳиби хонаҳои нав шуданд. Аксарияти онҳо низ кормандони ҷавони баландихтисос мебошанд, ки дар мактабҳои хориҷи кишвар таҳсили илм намудаанд. Тавре зикр гардид, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» донишҷӯёни худро дар хориҷи кишвар пурра аз ҳисоби худ хононда, ба онҳо ҳамчунин дусад долларӣ идрорпулӣ медиҳад. Ба донишҷӯёни аълохон ҳамчунин чорсад долларӣ идрорпулии президентӣ дода мешавад.
Худи ҳамон рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз тармиму навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро варзишгарони маъруфи кишвар, ки аксаран ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти сершумори ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд, истиқбол гирифтанд.
Ин маҷмааи варзишӣ пас аз навсозӣ дорои толори муҷаҳҳази вазнбардорӣ, толори намудҳои гуногуни гӯштӣ, толори калони бозиҳои гуногуни варзишӣ, ба мисли футболи хурд, волейбол, баскетбол, гандбол, ки дорои 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст ва ҳамчунин толори намудҳои гуногуни варзиши обӣ мебошад.
Ҳавзи шиноварии болопӯшидаи он 25х8 метр дарозию паҳнойӣ дошта, дорои таҷҳизоти поксозӣ ва гармкунии об мебошад. Дар атрофи ҳавзи калон беш аз 100 ҷойи нишаст барои тамошобинон омода аст. Ҳамаи толорҳои ин маҷмааи варзишӣ дорои утоқҳои алоҳида барои шустушӯйи бадан ва ивази либос буда, ба талаботи стандартҳои баланд ҷавобгӯй мебошанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳои озоду самимӣ варзишгарони номдори имрӯза ва насли наврасу ояндаро ба машқу тамрини мудом, обутоби тану рӯҳ ва фатҳи қуллаҳои баланд дар ҷодаи варзиши ватанию байналмилалӣ ҳидоят намуд. Тавре таъкид гардид, дар ин ҷо барои тарбияти қаҳрамонони мусобиқоти ҷаҳонию олимпӣ шароити зарурӣ муҳайё аст ва барои расидан ба ин ҳадафи воло танҳо ҷаҳду талош бояд кард.