12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ калиди манзилҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд. Маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат 45 нафар дар ин бинои хуштарҳу зебо соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд ва аз ин ташаббуси инсондӯстона ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.
Дар бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ 10 манзили якҳуҷрагӣ, 18 адад дуҳуҷрагӣ ва 17 манзили сеҳуҷрагӣ ҷой дода шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ мутобиқ ба талаботи меъморӣ анҷом додаанд.
Хонаҳои истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи рӯз бунёд гардида, дар бинои баландошёна лифт низ насб гардидааст. Дар саҳни бинои истиқоматӣ майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон, таваққуфгоҳ барои нақлиёт сохта шуда, атрофи иншоот сабзу хуррам гардонида шудааст.
Дар асоси сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар шафати бинои нуҳошёна чойхонаи миллӣ бо санъатаи баланди меъморӣ сохта шудааст. Чойхонаи «Темурмалик» бо маблагуғозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, дар он маркази ҳунармандӣ, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ барои бошандагони маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ташкил шудааст.
Дар шафати бинои нухошёнаи истиқоматӣ лоиҳаи бунёди се бинои баландошёна ва мактаби нави инноватсионӣ муаррифӣ карда шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки биноҳои баландошёнаи иҷтимоӣ ва мактаби нави инноватсионӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохта мешавад.
Иншоот аз таҳхона, 4 ошёна ва хобгоҳ иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятимони кулл, ки ҳамеша аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат бархӯрдор ҳастанд, мулоқот намуданд.
Дар ин рӯз ба 100 нафар ятимони кулл аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод, инчунин мактаб-интернати назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Ин туҳфаҳо аз маблағҳои пулӣ, маҷмӯи либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буда, боиси хушҳолӣ ва сарфарозии 100 нафар ятимони кулл гардид.