23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлобро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти замонавӣ 4-ошёна буда, аз 19 ҳуҷра, маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва меҳмонхона иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида буд ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Дар иншооти замонавӣ барои пешбурди фаъолияти хизматӣ ба кормандони Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб, Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи давлатии фаръии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Кӯлоб шароити замонавӣ фароҳам гардидааст.
Бинои хуштарҳу муосир дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандону мутахассисони соҳа супориш доданд, ки дар заминаи шароити фароҳамшуда хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд таъмин намоянд.