20 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.
Иншооти нав дар масоҳати 260 метри мураббаъ бо тарҳу усули муосири меъморӣ ва мувофиқ ба меъёру талаботи ҳозиразамони низомӣ бунёд карда шудааст.
Фармоишгари иншооти мазкур Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои кору хизмати афсарон ва умуман фаъолияти ҳамарӯзаи ҳайати шахсӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст.
Дар дохили бино нуқтаи навбатдории фаврӣ, толор барои доир намудани ҷамъомаду ҷаласаҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ барои хизматчиёни ҳарбиву кормандон ва дигар ҳуҷраҳои маишӣ мавҷуд буда, иншоот бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Хуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ, мебел, воситаҳои алоқаи муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва бо дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Гармии ҳуҷраҳои корӣ дар фасли зимистон тавассути системаи мустақили гармидиҳӣ таъмин карда мешавад.
Бинои комиссариати ҳарбии ноҳия бо таҷҳизоти муосири кориву хизматрасонӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар иншоот толор барои баргузор намудани машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади Ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, дарсу таълимоти гуногуни низомӣ, ташкили комиссияи даъватии шаҳрвандон ва баҳри доир кардани дигар чорабиниҳои нақшавии масъулини мақомоти вобастаи соҳа пешбинӣ гардидааст.
Атрофи бино мувофиқ ба талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, бо девор ва панҷараҳои мустаҳками оҳанин маҳкам карда шудааст. Дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбӣ фаввораи замонавӣ ва барои нишасту қабули шаҳрвандон суҳбаткадаи нав сохта шудааст, ки ба симои шаҳраки Ховалинг зебу зиннат бахшидааст.