Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ

№152 - 153 (3946 - 47) 22.12.2018

45681240014_64859ed30f_o21 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Дар деҳаи Шаҳристони деҳоти «Гулистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35 иштирок намуданд.

Он дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бо харҷи 21 миллион сомонӣ сохта шуда, хонандагон аз деҳаҳои Шаҳристон ва қисман Меҳану Дарёобод ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар гузашта, бо сабаби норасоии ҷойи нишаст ва технологияи муосири илмомӯзӣ дар раванди таълиму тарбия, хонандагону омӯзгорони мактаб ба мушкилот рӯ ба рӯ буданд.

Муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 22 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон мебошад.

Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳот нақши калон хоҳад бозид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонандагони муассисаи таълимиро даъват намуданд, ки дар замони рушди бесобиқаи илму техника, пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Ба таъкиди Пешвои миллат ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.

Президенти мамлакат ифтитоҳи мактаби навро барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ карда, омӯзгорону роҳбарияти онро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити хуби муҳайёгардида ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз ва ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингафонӣ бунёд гардидаанд, ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.

Мактаб дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 50 нафар, толори зебои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст ва толори васею барҳавои варзишӣ буда, инчунин буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда мебошад.

Дар муассиса, ки зиёда аз 3 гектарро ташкил медиҳад, майдончаҳои муосири варзишӣ, аз қабили футбол, баскетбол, волейбол ва теннис бунёд гардидааст. Дар шафати он аз ҷониби соҳибкор дар чуқурии 60 метр чоҳи амудӣ низ кофта шудааст, ки дар баробари мактабиён сокинони деҳаи Шаҳристон аз оби он истифода мебаранд.

Баъди ифтитоҳ дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.

31465188037_7db6828e2c_o (1)21-уми декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат ба шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёниятҳои дарсӣ таъмин гардидаанд.

Муассиса аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуршед Машрабов бунёд ёфтааст. Номбурда соли гузашта ҳангоми мулоқоти Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ бунёди муассисаи мазкурро ба зимма гирифт ва сохт­мони он дар зарфи як сол пурра анҷом дода шуд.

Мактаб дорои 23 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарс­ҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таом гузаронида мешавад. Ҳамчунин, як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарс­ҳои компютерӣ, 8 утоқи дигар барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.

Дар муассиса барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Инчунин, хатти алоҳидаи оби нӯшокӣ ва барқ кашонида шуда, трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамониати неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб гардидааст.

Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкор дар масоҳати як гектар варзишгоҳи замонавӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода, пурра майсазор карда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои қаблии муассиса соли 1958 бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассиса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи ноҳияи Рӯдакӣ суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо табрик гуфтанд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Соҳибкорони деҳоти «Россия» ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ» шинос шуданд.

Дар саҳни гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо карданд. Дар он маҳсули дасти деҳқонони ризқофар ба тамошо гузошта шуд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Содиқ-Сиддиқ», ки роҳбараш соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов мебошад, ба парвариши помидор дар гармхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Содиқ — Сиддиқ» 25 нафар аъзо дорад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 2 гектари он гармхона бунёд ёфтааст. Инчунин, ҳар сол дар масоҳати 1,5 гектар кишти зироати гуногун гузаронида мешавад. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳама фасл бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад.

Назар ба маълумоти хоҷагидорон, айни замон дар майдони 0,25 гектар ҳосили помидор пухта расидааст ва дар масоҳати 0,30 гектар кишт оғоз гардидааст. Дар 12 гармхонаи хоҷагӣ парвариши помидор, кӯчати бодирингу қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.

Соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов иттилоъ дод, ки гармхонадорӣ бахши сердаромади соҳаи аграрии мамлакат мебошад. Барои мисол, хоҷагии онҳо аз ду ҳосили соли 2018-ум 93 тонна помидор ва бодиринг ба даст овардааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ 10 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати он машғул мебошанд.

Ҷиҳати гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ аз 800 то 1300 тонна мебошад.

Саҳмдорон тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик гармхонаи муосири дигарро дар асоси таҷрибаи кишоварзони Кореяи Ҷанубӣ фаъол созанд.

Хоҷагӣ, ҳамчунин, дорои иншооти ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, ба парвариши 30 сар чорвои калони шохдор ва 30 сар моли майда машғул аст. Соли ҷорӣ онҳо зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майдаро парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гӯшти гов ва беш аз 6 тонна гӯшти гӯсфанд ба фурӯш баровардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони Хоҷагии деҳқонии «Содиқ — Сиддиқ» ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

www.president.tj