Ифтитоҳи бинои Нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

20839505539_ea994c690c_oСиву якуми августи соли ҷорӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои панҷошёнаи Нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб иштирок кард.

Дар сари роҳ Сарвари давлатро сокинони шаҳр хеле гарму самимӣ бо рақсу суруд пазироӣ карданд.

Сарвари давлат ба сару либоси бонувони ин шаҳри бостонӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба гиромидошти анъанаҳои неки аҷдодӣ ва риояи расму ойинҳои миллӣ ва дурӣ ҷустан аз бегонапарстӣ ҳидоят кард.

Сипас, бо буридани лентаи рамзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Нозироти андози шаҳри Кӯлобро ифтитоҳ кард. Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ аз шароити корӣ дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки аз таҳкурсӣ сар карда, то охирин корҳои бунёдиро сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сензиянс»-и Академияи Ҷумҳурии Халқии Хитой иҷро намудаанд.

Корҳои рангуборкунии берун ва даруни биноро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Меҳансоз» ба итмом расонидаанд. Барои дар вақти муқарраргардида ва босифат ба анҷом расондани корҳо дар як баст беш аз 120 нафар сохтмончӣ фаъолият дошт. Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2013 оғоз шуда, ҳаҷми умумии корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ 15 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Бинои Нозироти андози шаҳру минтақаи Кӯлоб дорои толори васеи маҷлисгузаронӣ, утоқҳои зебою барҳаво буда, дар назди бино ду фаввораи муосир сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон барои расонидани хизмати хуб дастур дод.

Дар бинои мазкур 52 нафар кормандони нозироти андоз ба 32 ҳазор андозсупоранда хизмат мерасонанд. Инчунин барои баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳа дар бинои мазкур як маркази таълимӣ низ бунёд ёфтааст, ки он бо тамоми шароити будубош таъмин гаштааст.

www.president.tj