Ифтитоҳи боғчаҳои хусусӣ дар деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Ваҳдат

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Вахдат садикПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти  «Гулистон» боғчаи кӯдаконаи «Бону»-ро ифтитоҳ намуд.

Боғчаи кӯдаконаи «Бону» бо маблағи 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мурод Сафаров барои дар як вақт фаро гирифтани 150 кӯдак сохта шудааст. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, деҳоти «Гулистон» калонтарин дар шаҳри Ваҳдат аст ва аллакай аз ҷониби сокинон боз барои фаро гирифтани кӯдакон бо боғча беш аз 700 дархост ворид гардидааст.

Дар доираи дастгирии Ҳукумати кишвар аз соҳибкории хурду миёна соҳибкорони ватандӯст бо шукрона аз ваҳдату ҳамбастагӣ дар корҳои ободонии диёри хеш саҳми муносиб мегузоранд. Дар шафати боғчаи кӯдаконаи «Бону» толори наву замонавӣ бо 400 ҷой аз тарафи соҳибкор Мурод Сафаров бунёд шудааст, ки барои ин иқдом низ Президенти мамлакат ба соҳибкор изҳори сипос кард.

Ҳамчунин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як кӯдакистони дигарро, ки аз ҷониби соҳибкор Ҳамза Фозилов бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо 100 ҷой сохта шудааст, ба истифода дод.

Соҳибкорон Мурод Сафаров ва Ҳамза Фозилов уҳдадор шуданд, ки боз биноҳои иловагӣ бо 300 ҷой барои кӯдакони ин ҷамоат бунёд мекунанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити муассисаҳои муосири томактабӣ Президенти мамлакат ба соҳибкорон барои ин иқдоми ватандӯстонаашон миннатдорӣ карда, баҳри анҷоми ин кори ибратбахшашон баҳои баланд дод.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол чунин корҳои ободонӣ бо нишони ҷонибдорӣ аз сиёсати неку бобарор ва созандагии роҳбарияти Давлату Ҳукумат дар шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Сохтмони мактаби нав дар шаҳраки навбунёди Истиқлолият барои 1240 нафар хонанда дар як баст, маҳаллаҳои чаҳордаҳуму бистум барои 640-нафарӣ хонанда бомуваффақият ҷараён доранд.

Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Ваҳдат 150 муассисаи таълимӣ фаъолият намуда, дар онҳо 3290 нафар омӯзгорони болаёқату соҳибихтисос ба 62903 нафар фарзандони меҳнаткашон илму маърифат меомӯзанд.

Дар 17 кӯдакистони шаҳр бошад, садҳо нафар кӯдакон ба нигоҳубин ва таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

www.president.tj