Ифтитоҳи боғи истироҳатию фароғатиии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом аз ҷониби Пешвои миллат

№ 11.08.2022

52278496464_8d1834f6bd_o11 август дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар масоҳати қариб 5 гектар, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар боғи истироҳатию фароғатӣ моҳи марти соли 2021 оғоз ёфта, дар вақти муайяншуда ва бо сифати баланд бунёд гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, дарахтони ороишӣ, гулҳои доимӣ ва мавсимӣ шинонда шудааст.

Бо мақсади зебову назаррабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидааст. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидааст, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Конибодом дар ин макон истироҳат менамоянд.

Боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол” дар маркази шаҳри Конибодом дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Дар дохили боғи нав нишастгоҳҳо ва суҳбаткадаҳои замонавӣ насб гардидааст. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон ва дар маҷмуъ кулли сокинони шаҳри Конибодом дар боғи навбунёду замонавӣ истироҳату фароғат намоянд.