Ифтитоҳи боғи нави Наврӯзгоҳ дар шаҳри Душанбе

№29 (3175) 21.03.2014

1900372_618944084842448_890442103_o

19 марти соли 2014 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.

Тавре аён гардид, боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.

Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад.

Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд. Тавре аён гардид, ин шаршараи бошукӯҳ, ки баландиаш 20 метр аст ва ҳам фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд.

Дар боғи Наврӯзгоҳ , ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст.

Дар гӯшаҳои гуногуни боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин як тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи яхмос бо 40 ҷойи нишаст, ошхона бо 20 ҷой ва чойхона бо 60 ҷойи нишаст бунёд ёфтаанд.

Месазад таъкид намуд, ки аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Умуман, ин боғи Наврӯзгоҳ боз як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардид.

Ифтитоҳи расмии боғи Наврӯзгоҳ бо намоиши барномаҳои зебои фарҳангӣ басо фораму дилнишин ва хотирмон ҷараён гирифт.

www.president.tj