28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат оростанд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2017 оғоз ёфта, беш аз як сол, бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ ва сатҳу сифати баланд идома дошт. Синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир ва аёниятҳои фаннӣ таъмин гардидаанд.
Муассисаи таълимӣ, ки барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, дар масоҳати наздик ба 2 гектар бунёд ёфтааст. Он аз ду бино-бинои якум аз 3 қисмати 4-5 ошёнагӣ ва бинои 2-юм аз 1 қисмат иборат мебошад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55, ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст. Шароити фароҳамоварда имкон медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои ҳозиразамон ҳамаҷониба омӯзанд.
Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Барои касбомӯзии толибилмон дар муассиса синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона бунёд ёфтааст. Бо истифода аз шароит онҳо метавонанд дар он ҷо ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ машғул шаванд. Маҷлисгоҳи муассиса дорои 240 ҷойи нишаст буда, бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи он барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, таълимгоҳ дорои 4 ҳуҷра барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ, ҳуҷраи табибон, китобхонаи электронӣ ва майдонча барои бозиҳои футбол ва волейбол мебошад. Гирду атрофи иншоот бо дарахтони мавсимӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ кабудизор карда шудааст.
Таҷҳизоти гармидиҳии синфхонаҳо бо системаи гармидиҳии мутамарказ пайваст мебошад, ҳамчунин истгоҳи барқии муассиса бо 2 адад трансформатор таъмин гардидааст.
Зимни суҳбат Пешвои миллат толибилмонро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои гуногун, бахусус, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, ҳидоят намуда, ба омӯзгорон дастур доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ бошанд.
Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маориф, омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе суханронӣ карда, вазъи имрӯзаи соҳа ва нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти рушди минбаъдаи мактабу маориф таҳлилу баррасӣ намуданд.
www.president.tj