21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин маркази тиҷоратӣ «Душанбе-мол»-ро ифтитоҳ намуд.
Маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Евразия» бунёд ва бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.
Арзиши нархномавии иншоот мувофиқи санадҳои тасдиқшудаи лоиҳавию нархномавӣ ҳамагӣ 110 миллион сомонӣ, аз ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ 100 миллион ва таҷҳизоту асбобҳо 10 миллион сомониро ташкил додаанд.
Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2013 шурўъ гардида будааст. Дар вақти бунёди иншоот 400 нафар бо кор ва маоши миёнаи то 1500 сомонӣ таъмин шуданд.
Дар ошёнаи якум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марказҳои савдои сару либос барои кўдакону наврасонро тамошо кард, ки аз ширкатҳои кишварҳои хориҷ ворид шудааст.
Зимни шиносоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз ташкили маркази тиҷоратӣ пешниҳоди маводи озуқаворӣ ва кишоварзии босифат, дигар молҳои талаботи ҳаррўза ва хизматрасониҳои фарҳангиву солимгардонӣ бо нархҳои дастрас ба мардуми кишвар ва меҳмонони пойтахт мебошад. Барои ин Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» бо таҷҳизот ва технологияи муосири соҳаи савдо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Лоиҳаи маркази тиҷоратӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Евразия» таҳия ва корҳои асосии сохтмонӣ низ аз тарафи ҳамин ширкат иҷро шудааст.
Баробари пурра мавриди истифода қарор гирифтани Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» бо дарназардошти ба иҷора додани нуқтаҳои савдо то 750 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Ҳиссаи назарраси масоҳати маркази тиҷоратӣ ба ташкили гипермаркети «Ашан» рост меояд. Бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии «Шивер Интернейшнл» гипермаркети нахустини «Ашан»-ро дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Шивер Тоҷикистон» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Евразия», Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии «Шивер Интернейшнл» таъсис ёфт. Мавриди зикр аст, ки ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо — гипермаркет дорад. Барои таъмини фаъолияти гипермаркети «Ашан» дар Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» 400 ҷойи кории нав ва зиёда аз 70 ҷойи корӣ барои раёсати идоракунӣ ташкил карда шуд. Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Шивер Тоҷикистон» оянда бо таъсиси чунин марказҳо дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон беш аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил карданист ва аз рўи иттилои роҳбарият ҳамаи даромадҳои ширкат барои рушди соҳаи савдою хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешаванд.
Бинои Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» аз чор ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум таваққуфгоҳи пўшида барои 160 мошин, анборҳои мағозаҳо, хадамоти техникӣ ва утоқҳои кории хизматӣ ҷойгир шудааст. Дар ошёнаҳои дуюму сеюми гипермаркети «Ашан» мағозаи кўдаконаи «Олами кўдакон», мағозаи либосҳои мардона –«Инсоф», мағозаи ҷавоҳирот, мағозаҳои телефонҳои мобилӣ, маркази солимгардонӣ, мағозаи молҳои техникӣ, толори мебел, мағозаи пойафзол, тарабхона ва 11 нуқтаи хўроки тезтайёр ҷойгир аст. Дар ошёнаи чорум чор толори Синамои «Кайҳон» дар маҷмўъ бо 290 ҷойи нишаст, намоишгоҳи санъати тасвирӣ бо синфхонаи омўзиши ин ҳунар ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгир шудааст.
Маркизи тиҷоратии «Душанбе мол» бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд шудааст ва хеле муосиру аз нигоҳи ҳаҷм боҳашамат мебошад.
Баъди шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ барои бунёди чунин як маркази муосири савдою хизматрасонӣ, ки боиси таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ барои аҳолӣ гардидааст, изҳори сипос намуд.
www.president.tj