13-уми марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Дар асоси лоиҳа бинои раёсат сеошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардида, он дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат буда, барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст.
Маҷлисгоҳи бинои раёсат 70 ҷойи нишаст дошта, бо нишастгоҳҳои замонавӣ, ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи информатсионӣ ва дигар таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар китобхона дар баробари китобҳои соҳавӣ номгӯйи зиёди асарҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд, ки минбаъд кормандон метавонанд аз он васеъ истифода намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити бинои навбунёди Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, аз сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ қаноатмандӣ намуда, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят намуданд.
13-уми марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» (Global school) — ро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Муассисаи нави таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани иқдомот дар самти рушди соҳаи маориф, хоса баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли наврас аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг» таъсис дода шудааст.
Мактаби замонавӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати беш аз 27 садяк замин ҷойгир шудааст.
Бинои таълимӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо тамоми шароити муосир бунёд шуда, дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази таълимии фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, 6 ҳуҷраи корӣ, толори фарҳангӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 110 нафар дар як баст, китобхона бо адабиёти гуногуну толори хониш, толори варзиш ва майдончаи варзишии тобистона мебошад.
Ҳамчунин, дар назди мактаби нав муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 60 нафар таъсис дода шудааст.
Кӯдакистон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, дорои шаш синфхонаи барҳавои машғулиятгузаронӣ ва ҳуҷраҳои хобу истироҳат барои дӯстрӯякон мебошад. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ бо мақсади ташаккулу инкишофи кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ имконоти мусоид мавҷуд аст.
Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» дар якҷоягӣ бо кӯдакистон барои 560 нафар пешбинӣ гардида, бо системаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар пойтахти мамлакат беш аз 70 нафар, аз ҷумла 23 мутахассис, ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Раванди таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ, дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ва ба тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагон ба муассисаи таълимӣ бо роҳи суҳбат қабул мешаванд.
Дар муассисаи навтаъсиси таълимӣ ба омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, синфхонаҳои фаннӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 бо тамоми лавозимоту аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар мактаби навтаъсис дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҳамзамон кӯдакони муассисаи томактабию ибтидоӣ ба маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла намудҳои гуногуни варзиш, хореография ва рақси мавзун, ҷалб мегарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз муассисаи нави таълимӣ иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Глобал Лизинг»-ро боиси дастгирӣ арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи мақсаднок аз имконоти муҳайёгардида роҳнамоӣ карданд.
Таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз ҳадафҳои асосӣ дар самти таъсиси Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби ҷаҳон» дар шаҳри Душанбе арзёбӣ мешавад.
13-уми марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои азнавсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд.
Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушҳолӣ аз иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти бунёди роҳу пул ва гузаргоҳҳои замонавӣ коргарону мутахассисонро барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вазифадор намуданд.
Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хати алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, дар оянда панҷ роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати корҳо ҷалб намуда, супориш доданд, ки роҳ дар муҳлати 2,5 сол мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода шавад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷию оромии Ватани маҳбуб иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ҳамин гуна бунёду ба истифода додани роҳҳои замонавӣ мусоидат мекунад, ки беназир аст.
Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз техникаю механизмҳо ва масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоров истифода мегардад, муаррифӣ шуд. Қисми зиёди масолеҳи сохтмонии истифодашаванда, аз ҷумла тахтасангҳои оҳану бетонӣ, қубур бо андозаҳои гуногун, асфалт дар шаҳри Душанбе истеҳсол мешавад. Дар маҷмӯъ масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳ истифода мешавад, ба ғайр аз битум, пурра истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ техникаву механизмҳои муосир истифода карда мешавад.
Бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоровро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто-гурӯҳ» анҷом медиҳанд.
Азнавсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари мамлакат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад. Амалишавии чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳаву имкониятҳои васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе бори аввал сурат мегирад.
Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳ, пул ва гузаргоҳҳои дусатҳаи замонавиро дар шаҳри Душанбе намунаи асосии амалишавии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷиҳати пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ карданд.
Зимни муаррифии нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот дода шуд, ки бунёди роҳҳои чанд кӯчаву хиёбон ва гузаргоҳҳои дусатҳа оғоз мегардад.
Сохтмони роҳҳои дусатҳаи кӯчаи Қаҳҳоров дар буриши хиёбони Неъмат Қарабоев, дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо азнавсозии пули болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо Садриддин Айнӣ бо азнавсозии пули роҳи оҳан оғоз мегардад. Ҳоло охирон корҳо барои асосноккунии техникӣ идома дорад.
Дар оянда бунёди роҳ аз кӯчаи Қаҳҳоров то дарвозаи Шарқӣ бо дарозии 11,2 километр, 8 хати ҳаракат аз ду самт ва як роҳи дусатҳа, сохтмони роҳ аз маҳаллаи Чортут то маҳаллаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат бо дарозии наздики 40 километр бо 6 хати ҳаракат аз ду самт, як пул ва 4 гузаргоҳи дусатҳа дар назар аст.
Имрӯз дар доираи иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди роҳу пул ва гузаргоҳҳои дусатҳаву сесатҳае равона шудааст, ки хизматрасонии роҳу нақлиётро дар пойтахти мамлакат ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ мегардонад.
13-уми марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави замонавӣ аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда шинос гардида, барои баланд бардоштани савияи донишу корбарии дуруст бо хонандагон ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво буда, барои таълиму тарбияи хонандагон синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Инчунин, дар литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад. Дар баробари ин, дарси омодагии дифои ҳарбӣ низ дар синфхонаи алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Ба хотири соҳибҳунар намудани таълимгирандагон, дар дохили бинои нав 3 синфхонаи алоҳидаи омӯзиши касбу ҳунар барои писарон ва духтарон ташкил гардида, дар он ҷо онҳо малакаи кандакорӣ, дӯхти сарулибос ва омодакунии ҳар гуна таомро аз бар менамоянд. Ҳамчунин, бинои нав дорои ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ бо тамоми дастгоҳҳои зарурии корӣ мебошад.
Бинои нав дорои ошхона бо 216 ҷой буда, толори маҷлисии он низ бо санъати баланд ва шароиту имконоти муосир бунёд гардидааст. Ин толор дорои 330 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ мусоид мебошад.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба хотири рушди намудҳои гуногуни варзиш дар литсей толори алоҳидаи варзишӣ бунёд ёфта, он барои навъҳои гуногуни варзиш, ҳамсони волейболу баскетбол ва футбол, пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар назди бино ду майдони алоҳидаи дигари футболу волейбол ташкил гардидааст, ки барои гузаронидани тамринҳои гуногун мусоид мебошад.
Бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдухалил Ғуломов бунёд гардида, ин иқдоми соҳибкор мушкилоти муассисаро дар самти фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ пурра ҳал намуд.
Бунёди бинои нави Литсейи равияи табиию риёзӣ аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маҳсуб гардида, ба ин васила дар литсей барои азбаркунии ҳамаҷонибаи илмҳои табиию риёзӣ имконияти мусоид фароҳам шуд.
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Роҳбарият ва омӯзгорони литсей вазифадор шуданд, ки шароити мазкурро хубу ҳамаҷониба истифода бурда, барои соҳибилм намудани кӯдакону наврасон садоқатмандона кору фаъолият намоянд.
13-уми марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.
Ҳамчунин, дар ошёнаҳои болоӣ ду маҷлисгоҳи дигар барои 100 нафар, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасонӣ сохта шудааст.
Бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Сино дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои 110 корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам шудааст.
Масоҳати умумии иншоот 30 садяк заминро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ дар он соли 2021 оғоз гардида буд.
Фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мега Техника Иншоот» мебошад.
Дар бинои тозабунёд 40 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад, ки ҳар яки он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст. Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин карда шуда, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.
Ҳамзамон, соҳибкорон имкон пайдо намуданд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, шинос шаванд.
Бинои нави маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд ва саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан ободу зебо гардонида шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин бино ба роҳбарият ва кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Сино ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳ ва дастгирҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони мақомоти андоз миннатдорӣ карда, бинои навбунёдро дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.