Ифтитоҳи ду бинои истиқоматӣ

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

бинои истикомати27 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Файзулло Абдуллоеви шаҳраки Ҳисор бахшида ба 3000 – солагии Ҳисори шодмон  як бинои баландошёнаи истиқоматии дорои 46 хонаро, ки аз ҷониби соҳибкор Бахтиёр Убайдуллоев бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре иттилоъ доданд, ин бино дар ҷойи собиқ матбааи ноҳия, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он матбааи нав, толори арӯсӣ ва маркази дилхушӣ барои кӯдакон ҷойгир гардидааст. Ин иншоот дар масоҳати беш аз чор ҳазор метри мураббаъ дар муҳлати даҳ моҳ бо арзиши зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст. Пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суҳайлӣ» буда, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи лоиҳасозии конструктивию технологии «Селтехпроект» мебошад. Дохили ҳуҷраҳо низ ба таври замонавӣ таъмиру таҷдид карда шудаанд.

Ҳоло дар толори арӯсии бо номи «Садаф» барои гуларӯсон сару либоси милливу аврупоӣ, ки аз ҷониби тарроҳони тоҷик дӯхта шудаанд, гузошта шуда, бо ифтитоҳи ин иншоот сокинони ноҳия метавонанд аз он истифода намоянд. Сару либоси арӯсие, ки дар ин толори навтаъсис гузошта шудааст, аз ҷониби тарроҳон бо усулҳои хос дӯхта шудаанду хеле зебову назаррабо мебошанд.

Ҳамчунин дар ошёнаи якуми ин бинои баландошёна тавре зикр гардид,  матбааи замонавӣ ҷойгир шудааст, ки бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошад. Ҳоло дар ин ҷо 11 нафар ба кор ҷалб гардидааст. Матбаа дорои имконоти чопи китобу маҷалла, шиору овезаҳо ва умуман тамоми намуди хизматрасониҳои тарғиботӣ мебошад. Дар бинои навбунёд як маркази дилхушӣ барои кӯдакон бунёд карда шудааст, ки тамоми шароити заруриро доро мебошад.

Дар шафати ин бино бошад, аз ҷониби соҳибкори дигар Илҳомҷон Назруллоев як бинои баландошёнаи истиқоматии шашошёна бо таҳхонаву болохона бунёд гардидааст, ки дорои 20 хона ва маркази хизматрасонӣ аст. Корҳои сохтмонии ин иншоотро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёдгар» анҷом додаанд. Бинокорони ин корхона тавонистаанд дар  муҳлати нуҳ моҳ  ин биноро пурра сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Дохили хонаҳо низ таъмир карда шудааст ва имрӯз истиқоматкунандагони онҳо бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорӣ дар хонаҳои барҳаво зиндагӣ мекунанд.

Тибқи иттилои масъулин дар корҳои сохтмонии ин бино беш аз ду миллион сомонӣ сарф шудааст. Ба ақидаи соҳибкорон ин туҳфаи хубе аст барои сокинони ноҳия бахшида ба Ҷашни 3000 – солагии Ҳисор.

www.president.tj