Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябри соли 2013 ду дармонгоҳи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар ҳар дуи он қариб 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Шамсии пойтахт ташриф оварда, бинои наву зебои Маркази саломатии шаҳрии рақами 9-ро ба истифода супорид.
Тавре зикр гардид, ин бинои чорошёна бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо ду миллиону сад ҳазори он таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст.
Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 500 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 56 ҳазор нафар аз аҳолии ноҳияи Синои пойтахт пешбинӣ шуда, дорои шароити муосир барои кори босифати табибон ва муоинаю ташхиси дақиқи беморон мебошад.
Маркази саломатӣ, аз ҷумла дорои асбобҳои муосири муоинаю ташхис, аз қабили рентгени электронӣ, дастгоҳҳои фаросавтӣ, эндоскопӣ, ҷарроҳӣ ва ҳамчунин намудҳои гуногуни физиотерапия ба мисли обдармонӣ, варзишдармонӣ, гилдармонӣ, гиёҳдармонӣ ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин як утоқи калон чун шахтаи намак омода шудааст, ки барои давобахшии бемориҳои диққи нафас муфид аст. Дар ин маркази саломатӣ барои 420 нафар кормандони соҳаи тиб ҷойи кор муҳайё мебошад.
Маркази дигари саломатӣ бо рақами 14 дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бинои зебою замонавии шашошёна бо таҳхона ба ин маҳалла ҳусну намои тоза зам намудааст.
Тавре иттилоъ доданд, ин бинои боҳашамат бо харҷи беш аз 36 миллион сомонӣ бунёд ёфта ва бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 800 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 72 ҳазор аҳолии ноҳияи Синои пойтахт пешбинӣ шудааст. Дар ин бино барои 653 нафар кормандони соҳаи тиб кори доимӣ муҳайё гардидааст.
Танҳо барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти муосири ин бино беш аз 10 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Ин аст, ки ин маркази саломатӣ дорои навтарин шароити тиббӣ барои хизматрасонӣ ба ниёзмандони ин гӯшаи пойтахт мебошад.
Ин бино ғайр аз дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни навсохт, ки барои муоина ва ташхиси бемориҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, бахшҳои гуногуни солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ дорад. Аз ҷумла бахши обдармонии он дорои шароити зарурӣ ба намудҳои гуногуни масҳи обӣ, обпошии бофишор, кашиши зериобии рагу пайвандҳо, шиноварии табобатӣ ва ғайра мебошад. Барои табобатҳои гуногуни гилдармонӣ низ як маҷмааи алоҳида ҷудо гардидааст, ки дорои шароити анъанавӣ ва навтарини ҷаҳони муосир мебошад.
Озмоишгоҳҳои марказ низ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизот аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ босифат гузаронда мешаванд.
Дар саҳни ҳавлии ин маркази саломатӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури анбӯҳи зиёди кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд ва бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳайёсозии беҳтарин шароити корӣ дар муассисаҳои ин соҳа ҳозирин ва кулли табибони кишварро ба ташкили муоинаю муолиҷаи босифати маризон ва муомилаю муносибати шоиста бо онҳо ҳидоят намуд.
Барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Кодекси ахлоқи кормандони соҳаи тандурустӣ таҳия ва қабул карда шавад.
www.president.tj