Ифтитоҳи фабрикаи дӯзандагӣ дар шаҳри Душанбе

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Фабрикаи дузандагиҲафтуми сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи дӯзандагиро, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст, ба истифода дод.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, сехи нави дӯхти сару либоси мактабӣ бо иқтидори солонаи 24 ҳазор адад костюми писаронаю 60 ҳазор адад либоси духтарона дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» бунёд шудааст.

Маблағгузории умумӣ барои бунёди корхона 500 ҳазор доллари америкоиро ташкил дода, дар ин ҷо 350 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Дар сехи нав инчунин имкон аст, ки барои калонсолон либосҳо бо тарҳи замонавии мардона ва занона дӯхта шавад.

Ин чорумин сехи дӯзандагӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» мебошад.

Таҷҳизоти корхонаи навро соҳибкорони маҳаллӣ аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз қабили Олмон, Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид кардаанд.

Имсол корхона барои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ бо 134 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ шартнома баста, беш аз 28 ҳазор хонандаро бо либоси мактабӣ таъмин кард.

Дар Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва истеҳсоли дигар матоъҳо фаъолият дорад, ки садҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд.

www.president.tj