Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат пойтахти кишвар шукуфон ва садҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад.
Ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе як қатор иншооти муосири маишӣ, хизматрасонӣ ва саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, 20 апрели соли 2024 нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори Рӯзи пойтахт бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи муосир аз 22 ошёна иборат буда, меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ» дар ошёнаҳои аз 13 то 22-юми бино ҷойгир шудааст ва дорои 103 ҳуҷраи хизматрасонӣ, аз ҷумла 33 люкс, 8 ним-люкс ва 62 стандартӣ, мебошад. Дар меҳмонхона имкон аст дар як вақт ба 200 меҳмон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ хизмат расонда шавад.
Бо ифтитоҳи маҷмааи нави хизматрасонию сайёҳӣ ва фароғатӣ дар пойтахти мамлакат 250 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Дар рафти бунёди иншоот бошад, зиёда аз 150 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буд.
Иншооти муосир аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Бахтиёр Саидов ва Ҳикматулло Муқимов дар ҳамкорӣ бо ширкати «Муқим-1» бунёд гардидааст.
Дар бино, ҳамчунин, марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатию истироҳатӣ, маҷлисгоҳ бо 57 ҷойи нишаст, тарабхонаю ошхона, толори варзиш, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир буда, барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ низ бунёд ёфтааст. Дар болохонаи бино ҷойи нишасту истироҳати тобистона барои 150 нафар ташкил гардидааст. 58 ҳуҷраи корӣ дар ошёнаҳои аз 3 то 12-уми бино ҷойгир буда, тамоми шароит фароҳам мебошад.
Дар иншооти муосири маишию хизматрасонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон маркази забономӯзӣ таъсис ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 10 октябри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ ба ин иншоот асос гузошта буданд.
Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди маҷмааи муосири хизматрасонию фароғатӣ ва сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат миннатдорӣ намуда, чунин ташаббусу иқдомҳоро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
20-уми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо сабку усули хоси меъморӣ бунёд ёфтааст ва мутобиқи талаботи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар меҳмонхонаи нав 84 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор мешаванд. Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад.
«Кангурт Гранд Ҳотел» дорои 98 ҳуҷра, аз ҷумла барои меҳмонони олимақом буда, имконият дорад дар як вақт 164 мизоҷро қабул намояд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ҳуҷраҳои хоб дар меҳмонхонаи нав дигар имкониятҳои зарурӣ, аз ҷумла ҷойи гузаронидани чорабиниҳои гуногун, толори маҷлис бо 40 ҷойи нишаст ва тарабхонаи барҳаво бо 160 ҷой, низ сохта шудааст. Меҳмонхона дорои қаҳвахонаи муҷаҳҳазу замонавӣ буда, имконият дорад, ки дар як вақт ба 140 нафар хизмат расонад.
Дар меҳмонхона толори алоҳидаи варзиш муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои машқу тамрин бунёд карда шудааст. Имконияти фароҳамомада ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон мусоидат хоҳад кард.
Дар таҳхонаи иншооти мазкур «SPA-салон» ташкил гардида, дар дохили он ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои алоҳида бо буғи тар ва хушк, ҷакузӣ ва дигар имконоти зарурӣ бунёд ёфтааст. Назорати ҳарорати оби ҳавз ва низоми полоишии он бо истифода аз дастгоҳҳои муосир дар чанд зина ба роҳ монда шудааст.
Дохили меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел» бо сабку услуби муосири меъморӣ оро ёфта, корҳои сохтмонии он бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ширкатҳои дохилӣ анҷом ёфт. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебою диданӣ намудааст.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани «Кангурт Гранд Ҳотел» ҳадяи арзишманд бахшида ба Рӯзи пойтахт буда, ин иншоот ба баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони меҳмонхонаи нуҳошёнаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта буданд. Дар вақти бунёд кардани иншоот беш аз 100 нафар бинокори маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Меҳмонхонаи нуҳошёна аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат сохта шуда, намои берунаи он низ бо сабки махсус ва талаботи меъмории шаҳрсозӣ зеб дода шудааст. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебоии дигар зам намуда, хоса шомгоҳон, ин макон дилкашу назаррабо мегардад, зеро ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дастур доданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон бо риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ба роҳ монда шавад.
20-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар маҳаллаи Навбаҳори ноҳияи Сино корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар корхона коркарди пилла то сатҳи ниҳоӣ ба роҳ монда шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад. Айни замон дар корхона ва парваришгоҳи он дар як баст 300 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Зимни муаррифии намунаи парвариши кирмак дар шароити анъанавӣ маълумот дода шуд, ки ҳадаф аз барқароркунии тутзор дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар рушду равнақи соҳа мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ дар самти бунёду барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани имконият ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» аз коргоҳи хушккунии пилла, коркарди нах, коргоҳи бастубанд, озмоишгоҳ, коргоҳи чопӣ, бофандагӣ, коргоҳи наддофӣ, хушкашӯии матоъ, коргоҳи атласу адрас ва қолинбофии дастӣ иборат мебошад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Аврупо ворид карда шудааст, ки барои истеҳсоли маҳсулоти босифату ҷавобгӯ ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдорро барои истифодаи пурраи шароити табиию технологӣ, васеъ кардани имкониятҳои истеҳсолии корхона ва зиёд намудани шумораи кормандон вазифадор карданд.
Баъд аз ҷамъоварӣ пилла дар корхона хушк карда шуда, дар хати технологии абрешим ба навъҳо ҷудо ва ба ришта табдил дода мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсоли абрешими наддофӣ зиёда аз 40 тонна ва истеҳсоли риштаи абрешим зиёда аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Абрешими омодашуда дар коргоҳи бофандагӣ ба матоъ табдил дода мешавад.
Иҷрои намунавии супоришҳои Роҳбари давлат дар доираи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар имкон фароҳам овард, ки тавассути бунёду барқарорсозии иншооти саноатӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд ва сокинони кишвар ҳар чӣ бештар дар соҳаи саноат ба кори доимӣ фаро гирифта шаванд.
Дастгоҳи чопӣ, ки технологияи он аз Италия ворид карда шудааст, дар ҷумҳурӣ аввалин мебошад ва тавассути ворид кардани нақш барои истеҳсоли маҳсулоти зебою дилкаш нигаронида шудааст. Технологияи нав имкон медиҳад, ки мувофиқ ба дархости мизоҷон нақш ба хотираи компютер ворид карда шавад ва тибқи фармоиш матоъ нақшбандӣ карда шавад.
Дар коргоҳи атласу адрас бо истифода аз 26 дастгоҳи бофандагӣ аз риштаи абрешим ва пахта ҳунармандон намудҳои гуногуни атласу адрасро омода мекунанд. Дар баробари истифода аз технологияи замонавӣ истеҳсоли атласу адрас бо мақсади идомаи анъанаи неки ниёгон дар самти истеҳсоли ин намуди матоъ, таъмини гуногунии истеҳсолот ва пешниҳоди маҳсулоти босифат ба таври дастӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта шуда, нозукиҳои ҳунарро аз худ мекунанд ва сипас дар ҳамин ҷой ба кор таъмин мешаванд.
Инчунин, дар асоси таҷриба қолинбофии дастӣ низ бо истифода аз абрешим ба роҳ монда шудааст. Абрешими дарознахи аълосифат барои истеҳсоли матоъ ва боқимондаи он баҳри бофтани қолинҳои зебою ҷавобгӯ ба талаботи бозор истифода мешавад.
Дар ҳамон ҷо ба Сарвари давлат матоъҳои атлас, адрас, гирбишин, сатин, беқасаб ва дигар намуди матоъҳои дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки минбаъд бонувон метавонанд ин намуди маҳсулоти босифати истеҳсоли ватаниро дастрас ва бо ифтихор аз тамаддуни гузаштаи омӯзандаи миллат ба бар намоянд.
Ҳамчун мероси ғайримоддии башарият пазируфта шудани «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» собитгари таъриху тамаддуни омӯзанда ва дастовардҳои шоиста доштани миллати тоҷик дар истеҳсоли ин намуди маҳсулот мебошад.
Имрӯз ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи анъанаҳои неки ниёгон рушди ҳунармандӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинони мамлакат равона карда шудааст.
Дар ҳамон ҷо, ҳамчунин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулча, чаппотӣ ва таҳмол, баргузор гардид. Таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба ҳунармандон ва эҳсоси баланди худшиносии мардум ба эҳё ва равнақи ҳунармандӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардааст. Маҳз натиҷаи ҳамин аст, ки сайёҳон метавонанд намудҳои гуногуни армуғонро харидорӣ намоянд, ки ин дар баробари беҳшавии имкониятҳои иқтисодии ҳунармандон, ҳамзамон, ба муаррифии таъриху маънавиёти омӯзандаи миллат мусоидат менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи фаъолияти ҳунармандону соҳибкорон дар самти афзоиши истеҳсоли атласу адрас, офаридани намудҳои гуногуни армуғон ва рушди ҳунармандӣ баҳои баланд дода, истифодаи ҳар чӣ бештари имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати кишвар ва афзун кардани дастовардҳоро зарур донистанд.
Ҳамчунин, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноати сабуки шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд. Иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имкон фароҳам овард, ки бо бунёду барқарорсозии корхонаҳои саноатӣ имкониятҳо барои рушди дучанди соҳа таъмин гардад.
Ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои рушди кирмакпарварӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» барои васеъ кардани майдон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ давоми ду соли охир 2 миллион дона ниҳоли тут шинонида шудааст. Оянда ҳар сол ба миқдори 1 миллион дона ниҳоли тут шинонида мешавад.
Инчунин, дар паҳлуи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар масоҳати 30 гектар замин парваришгоҳи замонавӣ барои ниҳолҳои интенсивии мевадиҳанда бунёд карда шудааст.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат бо нақшаи бунёди боғ, имкониятҳои технологӣ, таҷрибаи муосири боғдорӣ ва намунаи мевагиҳои дар оянда истеҳсолшаванда шинос шуданд. Ин ниҳоли дарахтон аз Аврупо ворид гардида, баъди мутобиқгардонӣ ба шароити иқлимии Тоҷикистон барои бунёди боғҳои интенсивии замонавӣ пешбинӣ карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи боғпарваронро ба таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ бо назардошти дигаргуншавии иқлим ва афзоиши истеҳсоли меваи босифати ба содирот нигаронидашуда ҷалб намуданд.
Ниҳоли модарии себ, нок ва олу ба миқдори 300 ҳазор бех аз Италия ворид гардидааст. Парвариши ниҳоли мазкур мутобиқ ба талаботи технологӣ сурат гирифта, соли оянда аз инҳо ба миқдори 1 миллиону 800 ҳазор ва дар солҳои баъди то 2 миллион дона қаламча гирифта мешавад.
Дар як гектар боғи интенсивӣ 3600 ниҳол шинонида мешавад ва обёрии он бо ду усул, қатрагӣ ва боронвор ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, ба ҳамин восита ниҳолон бо пошидани маҳлулҳои махсус аз сардӣ ва ҳашарот ҳимоя карда мешавад. Ҳосили мевагӣ аз ин боғҳо дар як мавсим то ба 65 тонна мерасад. Парвариш дар асоси таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои бонуфуз ба роҳ монда шудааст ва дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони истеҳсолот дар Тоҷикистон табодули таҷриба карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дастур доданд, ки бунёди боғҳои интенсивиро бо назардошти ба инобат гирифтани шароит ба роҳ монанд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки дар парваришгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» барои гузаронидани таҷрибаҳои амалии донишҷӯёну олимон, аз худ кардани нозукиҳо ва ҳар чӣ бештар таҷрибаи пешқадами муосири боғдориро бо дарназардошти шароити кунунии иқлим васеъ ба роҳ мондан шароит фароҳам оварда шавад.
Дар ҳамин майдони васеъ парвариши тут ва пистаи маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад.
Умуман, давоми чор соли охир аз ҷониби ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат 4 миллион навниҳоли пистаи маҳаллӣ шинонида шудааст. Ҳоло 1 миллиону 200 ҳазор дона ниҳоли пистаи маҳаллӣ омода карда шудааст ва он шинонида мешавад.
Дар маҷмӯъ, иҷрои супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ва ба фаъолият оғоз кардани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар Рӯзи пойтахт ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ, рушди соҳаи саноат, эҳёи анъанаи неки абрешимбофии ниёгон ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мусоидат менамояд.
www.prezident.tj