17 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт меҳмонхонаи «Румӣ ҳотел энд резиденсиз» (The Rumi Hotel and Residences)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Меҳмонхонаи замонавии чорситорадор дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ изҳори сипос намуда, иқдомро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи замонавӣ беш аз 50 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Ҳадаф аз бунёди меҳмонхона боз ҳам мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе буда, ба ин восита ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад. Меҳмонхона бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ дар он ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ аст.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон ғизоҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад.
Масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавӣ 4176 метри мураббаъро дар бар гирифта, бо дарназардошти имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар он се толори маҷлис барои баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун бо шароити арзанда мавҷуд аст.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Закия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии иншоот 2743 метри мураббаъро ташкил намуда, бино дар масоҳати 1108 метри мураббаъ сохта шудааст.
Он аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст, ки ба амалӣ шудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳар чӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ замина мегузорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи нав омӯзиш бо ду забон — русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён аз тариқи озмун ба кор қабул гардиданд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 32 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам шудааст.
Муассисаи замонавӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Закия» Комрон Қодиров бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншоот дорои ошхона бо 140 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзиш, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ шаш айвонча бунёд гардида, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ барои кӯдакон ва гӯшаи махсус ҷой дода шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон мувофиқ аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ барои Муассисаи таълимии гимназияи хусусии «Кафолат» — ро ифтитоҳ карданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои навбунёд барои 432 хонанда дар як баст бо ҷойгиркунии толори варзиши сабук ва тенниси рӯи миз дар таҳхонаи он, синфхонаҳо дар ошёнаҳои аз дуюм то чорум, бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби муассиси гимназия — соҳибкори ватандӯст Исматулло Исоев бунёд гардид.
Дар бинои иловагии таълимӣ 18 синфхона ҷойгир шуда, он бо шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст мебошад.
Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, он бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз мебошад. Дар бинои нав танҳо таҳсили хонандагони зинаи ибтидоии таҳсилот — синфҳои 1 — 4 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар ошёнаи якуми бино ошхона барои 290 ҷойи нишаст ҷойгир шуда, дар он барои хонандагони муассиса беҳтарин шароит фароҳам аст.
Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи он беш аз 100 адад гулу бутта ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Роҳбарияти муассиса дар шафати бинои иловагии таълимӣ сохтмони майдончаи варзишии болопӯшидаро оғоз намудаанд, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории таълимгирандагон қарор мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» якуми сентябри соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намуда, раванди таълиму тарбия дар он бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи равияи ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст.
Солҳои 2015 — 2022 хонандагони гимназия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 7 медали тилло ва аз олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ 19 медали тилло ба даст овардаанд.
Тайи панҷ соли охир хонандагони гимназия дар озмунҳои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, то ҳол 11 нафар ба гирифтани Стипендияи президентӣ ва 17 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мушарраф гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои пойтахт толори варзишии «Кохи Олимп» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо дарназардошти талаботу меъёрҳои муосири меъморию варзишӣ бунёд гардида, барои доираи васеи ҷавонону наврасони варзишгар ва дигар нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд, пешбинӣ шудааст.
Кохи варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафед-дара» бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта шуда, толори асосии он бо фарогирии қариб 1000 ҷойи нишаст барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии футбол, баскетбол, волейбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.
«Кохи Олимп» аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он зиёда аз се ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар таҳхонаи бино бахши техникӣ ва дар ошёнаи якум аз ду ҷониб чор ҳуҷраи либосивазкунии алоҳидаи замонавӣ барои мардону занон ва ҳаммом барои 15 нафар мавҷуд аст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм толор барои меҳмонони воломақом, толори машқу тамрин дар риштаи гӯштин ва бокс, ҳуҷраи кори доварон ва шореҳони варзиш мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам гардидааст. Толори варзиши бадан низ дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.
Зимни боздид аз шароиту имконияти «Кохи Олимп» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти махсуси варзишӣ аз кишварҳои Аврупо ворид шуда, ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар толори варзишии «Кохи Олимп» 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарони пойтахт таъкид карданд, ки аз шароити мусоид ҳамаҷониба истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллат бошанд.
www.president.tj