Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

49104365647_3021440fff_o22 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ­ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак» — ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 300 нафар кӯдак дар як баст пешбинӣ ва аз тарафи соҳибкорони ватандӯст, оилаи Табаралиевҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Ёздаҳ синфхонаи кушоду барҳавои бо ҳама шароити зарурӣ муҷаҳҳаз ва ҷалби омӯзгорони ботаҷриба имкон фароҳам меорад, ки кӯдакони ин боргоҳи маърифат дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.

Таълиму тарбия дар кӯдакис­тон бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулин нақша доранд, ки оянда таълимро бо забони тоҷикӣ ҳам ҷорӣ намоянд.

Дар муассиса, ки дорои шароити муосир мебошад, 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин ва фарзандони сокинони шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.

Ҳангоми корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ дар ин ҷо ба кор ҷалб гардида буданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Ба роҳ мондани таълим аз рӯи усули нави «математикаи беҳамто» аз бартариятҳои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак» мебошад.

Дар муассиса барои рушди зеҳнии кӯдакон маҳфилҳои расмкашӣ, кулолгарӣ ва хореография созмон ёфта, ҷиҳати рушди ҷисмонии онҳо машғулиятҳои шиноварӣ ва гимнастикаи солимгардонӣ ба роҳ монда шудааст.

Кӯдакистон, ҳамчунин, дорои нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, кинотеатр, утоқҳои коргарону роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад. Дар таҳхонаи бино ҳавзи шиноварии зимистона, таҷҳизоти барқӣ ва дигар шароити маишӣ ҷойгиранд.

Дар баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар саҳни ҳавлии муассиса 4 айвонча, нуқтаҳои бозӣ муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, майдончаи омӯзиши қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудааст, ки кӯдакон аз онҳо васеъ истифода менамоянд. Ҳудуди муассиса, ки бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ гардидааст, шабона пурра чароғон аст.

Ҳамчунин, бо азми соҳибкорони ватандӯст зиёда аз як километр роҳ асфалтпӯш ва барои таъмини неруи барқ трансформатори тавоноияш 400 кВА насб шудааст. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани иншоот муассиса ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маориф рушд намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ чунин иншооти замонавӣ барои насли оянда сохта, ба истифода дода шудаанд ва хушбахтона, чунин иқдомот аз тарафи соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони замонавиро туҳфаи арзишманд дар Рӯзи Парчами давлатӣ маънидод намуда, мураббиёнро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида, кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соқибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ва кори сохтмончиён баҳои баланд дода, фаъолияти муассисаро, дар баробари саҳм гузоштан дар тарбияи насли ояндасози давлат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ибратомӯз маънидод намуданд.

22 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити он шинос гардида, бо ҳайати шахсии даста суҳбат намуданд.

Иншооти навбунёд, ки бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ёфтааст, иборат аз утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо ва синфхонаҳои таълимӣ мебошад. Дар дохили бино, мутобиқ ба талаботи муосир ва меъёрҳои хизматӣ, шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Қисми навбатдории даста бо дастгоҳҳои муосири мухобиротиву хатҳои махсуси алоқа таъмин мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар дастаи махсус таваҷҷуҳи хоса ба обутоби бадан ва тамринҳои варзишӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, дар дохили иншоот толори барҳавои варзишӣ бунёд ёфтааст, ки он бо воситаҳои муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад ва хизматчиёни ин ниҳод метавонанд аз он истифода бурда, ба машқу тамрини бадан машғул шаванд. Ҳамчунин, дар бино толори барҳавои фарҳангӣ бо 100 ҷойи нишаст барои гузаронидани вохӯриву чорабиниҳо бунёд ёфтааст. Инчунин, толори хурде низ мавҷуд аст, ки барои ҷаласаҳои фаврӣ ва вохӯриву суҳбатҳо пешбинӣ гардидааст.

Ғайр аз утоқҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, бинои навбунёди Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дорои синф­хонаҳои алоҳидаи таълимӣ мебошад, ки бо воситаҳои аёнии соҳавӣ таъмин мебошанд. Аз ҷумла, дар он ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳо, яроқу воситаҳои алоқа, сарулибоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни даста, дар дохили иншоот хобгоҳҳои замонавӣ бунёд ва бо катҳои бароҳату рахти хоб ва мизу курсӣ таъмин гардидаанд. Ҳамчунин, бино дорои утоқҳои алоҳида барои нигоҳдории сарулибос мебошад ва кормандон дар фурсати муносиб метавонанд аз хизматрасонии китобхона истифода баранд.

Дар он ҷо ду ошхонаи замонавӣ низ бо муосиртарин шароит сохта шудааст, ки яке аз онҳо дар фазои кушод фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард.

Дар саҳни иншоот майдони сафороӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтааст. Барои нигоҳдории сагҳои хизматӣ гӯшаи алоҳида ташкил карда, гирду атрофи бино бо гулу буттаҳои мавсимиву ҳамешасабз оро дода шудааст. Ҳамчунин, бино дорои як майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он, дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин, имкони бо машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиён мавҷуд аст.

Баъди шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дар саҳни иншоот намоишгоҳи техникаву таҷҳизоти ҳарбиро аз назар гузаронданд. Дар намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, барои шиносоӣ гузошта шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, парки техникии даста аз мошину механизмҳои муосири ҳарбӣ иборат буда, дар ҳама вазъият имконияти корбариро дар ихтиёр доранд.

Сипас, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор адад нақлиёти корӣ тақдим карда шуд.

22 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ — техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав, ки бо дарназардошти таъмин кардани кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо либоси низомӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ сохта шудааст, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар ошёнаи якум, сеюм ва чоруми он коргоҳҳои дӯзандагӣ, дар ошёнаи дуюм, утоқҳои кории маъмурият ва маҷлисгоҳ ҷойгир шудааст. Бояд таъкид намуд, ки корхона аз 15 апрели соли 2018 ҳамчун сехи дӯзандагӣ ташкил шуд ва дар он либоси низомӣ дӯхта мешуд.

Сехи дӯзандагӣ дар оғоз 7 мошинаи дӯзандагӣ дошт ва дар он 6 нафар занону духтарон ба кор ҷалб гардида буданд. Тавре масъулон иттилоъ доданд, сехи дӯзандагӣ бо чунин шумораи коргарону дастгоҳҳои дӯзандагӣ наметавонист кормандонро бо либоси низомӣ пурра таъмин намояд. Аз ин хотир, дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохтору воҳид­ҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либоси низомӣ роҳбарият тасмим гирифтанд, ки дар заминаи сехи дӯзандагӣ корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомиро ташкил намоянд.

Тибқи иттилоъ, айни замон корхона дорои 250 мошинаи нави дӯзандагӣ мебошад ва дар он наздик ба 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дар ошхонаи он, ки дар таҳхона ҷойгир аст, хизматрасонӣ тибқи стандартҳои замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корхона ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба сифати либосҳои дӯхташуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Сарвари давлат барои дӯхтани либосҳои босифати низомӣ, пурра таъмин кардани кормандон аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар корхонаи дӯзандагӣ мутахассисон аз тариқи озмун ба кор қабул карда мешаванд.

Гуфтан бамаврид аст, ки ҳадафи асосии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, пеш аз ҳама, коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба ин васила, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ, расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат маҳсуб меёбад.

22 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави факултети фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Бинои нави факултети фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 ҷой барои курсантон пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар ду кафедраи факултет — ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ 20 нафар олиму профессор ба донишҷӯён таълим медиҳанд.

Корҳои сохтмонии бино аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2-и назди Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj