Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№152 (4002) 19.12.2019

49231594988_f00d94b399_o217 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами ­Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бинои нави Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити корӣ ва имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбати самимӣ доир намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави «Амонатбонк» бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ва дар ҳудуди он шароити замонавии кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино 121 утоқи корӣ ҷойгир аст, ки барои 500 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва дигар шуъбаҳои хизматрасонии бонк пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввал Маркази хизматрасонии мизоҷон ва Департаменти пардохти нафақаву кортҳои пластикӣ ҷой гирифтааст. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ифтитоҳи бино, ҳамчунин, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба тозагӣ дастгоҳи чоп ва омодасозии кортҳои пластикиро дастрас кард, ки ин имконият медиҳад минбаъд кортҳои пластикӣ сари вақт омодаву дастраси мизоҷон карда шавад.

Утоқҳои кории кормандон пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Бино аз толору маҷлисгоҳ ва утоқҳои мулоқоту қабули меҳмонон иборат аст. Аз ҷумла, иншооти навбунёд дорои толор барои нишастҳои матбуотӣ ва толори хурди маҷлисӣ мебошад. Барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳо як толори дигар низ бо 200 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Ҳамчунин, бо дарназар­дошти талабот, дар ин ҷо 4 утоқи машваратӣ сохта шудааст, ки бо дастгоҳҳои зарурӣ ва аёниятҳои корӣ таъмин мебошанд. Ҷиҳати таъмини бехатарӣ дар бонк 300 адад камераи муосири назоратӣ насб гардидааст ва ҷараёни фаъолият, омадурафти мизоҷон ба таври қатъӣ зери назорат қарор мегирад. Дар маҷмӯъ, 9 ҳуҷраи техникӣ дар дохили иншооти тозабунёд ташкил гардидааст.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, осорхонаи бонкро, ки дар ошёнаи 10 — ум бунёд ёфтааст, аз назар гузаронданд. Дар он ҷо дастоварду натиҷаҳои кории «Амонатбонк», ки таърихи беш аз 130-сола дорад, маҳфуз дошта мешавад. Дар осорхона, ки бо усули муосири меъморӣ бунёд ёфтааст, барои гузаронидани конфронсҳои хурд имконият фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамон ҷо Роҳбари давлат дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.

Зикр гардид, ки дар ду ошёнаи зеризаминии бино таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, анбор ва таҳвилхона мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, бинои нав аз 10 ошёна ва 2 ошёнаи зеризаминӣ иборат мебошад. Намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Гирду атрофи иншоот ва роҳравҳои он бо гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст, ки ба зебогии хиёбони Рӯдакӣ ҳусни дигар зам менамоянд.

Дар толори бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони бонк мулоқоти самимӣ намуда, ифтитоҳи иншоотро ба онҳо табрик гуфтанд. Тавре таъкид гардид, «Амонатбонк», ки дар низоми бонкдории мамлакат нақши муҳим дорад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити кории он пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншоот Сарвари давлат баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки ин имкониятҳоро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ истифода баранд.

49232299317_f206ff562d_o17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои кору фаъолияти кормандон аст.

Ҳамчунин, дар бинои нав­бунёд толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, ки барои гузаронидани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун мувофиқ мебошад, ҷой гирифтааст.

Дар он, ҳамчунин 2 ҳуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.

Бино дорои китобхонаи муосир бо адабиёти соҳавӣ ва бадеӣ мебошад ва кормандон метавонанд аз он, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст аст, васеъ истифода баранд.

Масоҳати умумии бино 12 ҳазору 216 метри мураббаъ буда, аз хонаҳои 7 ва 2 ошёнагӣ бо таҳхонаву таваққуфгоҳ иборат мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бинои асосӣ китобхона, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, навбатдорӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва корӣ мавҷуд аст.

Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Агентӣ 175 адад компютери муосир тақдим карда шуд.

Аз иқдомҳои шоиставу беназири Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари онҳо ҷавонони соҳибтахассус ва дорои қобилияти баланди касбӣ мебошанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2015 оғоз гардид, аз ҷониби Дирек­сияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кории раёсатҳои Агентӣ ва дар таҳхонаи он бойгонӣ ҷой гирифтааст.

Дар бинои нав толори барҳавои варзишӣ низ сохта шудааст, ки коргарон метавонанд аз он васеъ истифода намоянд.

Барои таъмини бино бо неруи барқ ва гармӣ зеристгоҳи барқӣ бо ду трансформатор ва таҷҳизоти гармидиҳӣ насб гардидааст.

Бино дорои гузаргоҳи назоратӣ, 143 камераи дохилӣ ва 19 камераи мушоҳидавии берунӣ мебошад.

Дар гирду атрофи бино гулу буттаҳо ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо шароити иншооти навбунёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ­намуданд.

www.president.tj