Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№84 (4190) 11.07.2020

50096803897_b1af662f1d_o10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ бахшиданд.

 Ин иншоот дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд гардидааст.

Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо дарназардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд шудааст. Ҳамчунин, сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ сохта шудааст, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва тадбирҳои дигар низ амалӣ карда шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада, ҳамчунин, такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд гардидаанд.

defaultБа Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ аз муосиртарин техникаи соҳавӣ истифода гардид. Сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ доим назорат мешуд. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти транзитӣ беш аз 200 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд, ки наздик ба 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ташкил медоданд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шудааст.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати «Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар лоиҳа Ширкати машваратии «Эптиса»-и Испания бар уҳда дошт. Ҳамин тариқ, чорроҳаи хиёбони Сино, ки дар он қаблан муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино қомат афрохта буд, пурра навсозӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба ободонии гирду атроф ва нигоҳубини минбаъдаи иншооти муосир ҷалб намуданд.

Дар доираи амалишавии лоиҳа дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ қаблан чунин як эстакада аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Татбиқи босамару босифати ­лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ниҳоят муҳим аст.

10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи пойтахт марҳилаи аввали Корхонаи дӯзандагии «Тоҷтекс» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50096571726_120aacc9e4_oДар иншооти навбунёд, ки аз се ошёна иборат аст, истеҳсоли либосҳои мардонаву занона ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, коргоҳ барои кӯдакон либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир ва мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон мебошанд. «Тоҷтекс» истеҳсоли таҳпӯшро низ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ ва мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб кардааст. Дар маҷмӯъ, дар фабрикаи дӯзандагии навбунёд 350 нафар бонуи ҳунарманд соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи дӯзандагии «Тоҷтекс» дар як шабонарӯз имкон дорад то 20 ҳазор, дар як моҳ аз 250 то 500 ҳазор дона либоси гуногунро омода ва ба харидорон пешниҳод намояд. Дар маҷмӯъ, корхона тавлиди бештар аз 50 навъи маҳсулотро роҳандозӣ намудааст. Бо рушди иқтидори корхона роҳбарияти он ҳадаф доранд, ки содироти маҳсулоташонро ба дигар кишварҳо ба роҳ монанд.

Мавриди зикр аст, ки пасмондаи маҳсулоти коркардшуда низ харидор дорад. Партови он, ки ба дигар корхонаҳо интиқол меёбад, дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад.

Коргоҳи нав дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири рушди соҳаи нассоҷӣ ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Азиза Қосимӣ ба истиқболи 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохта шудааст.

Дар корхонаи навтаъсис таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аз Тайван ва Туркия дастрас ва насб гардидааст, ки сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳанд кард. Дар марҳилаи истеҳсолӣ назорати сифат ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, ба шаклу намуд ва дизайни либос диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ мавҷуд аст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо расму навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад.

Раванди истеҳсолот асосан ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар хати истеҳсолӣ беш аз 350 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васлу насб гардидааст. Дар сехи дӯзандагӣ, ки дар ошёнаи дуюм ва сеюми корхона ҷойгир аст, барои фаъолияти босамари кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар коргоҳи навтаъсиси «Тоҷтекс» марҳилаи истеҳсолии сарулибос, аз буридани матоъ то ба сарулибоси тайёр, мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сурат мегирад.

Сарвари давлат баъди бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии «Тоҷтекс» шинос шудан ба сифат ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Маҳсулоти коргоҳи навтаъсис, ки воридотивазкунанда буда, мувофиқ ба завқу салиқаи харидорон тайёр мешавад, метавонад то ҷое талаботи бозори дохилиро қонеъ намуда, воридоти онро ба кишвар коҳиш диҳад. Ҳамчунин, ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд ва имконият фароҳам меорад, ки соҳаи нассоҷии мамлакат рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил ба роҳ монда шавад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки ҳоло сохтмони навбати дуюми иншооти мазкур идома дорад. Тибқи лоиҳа, дар он ҷо сехи дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маркази савдо, намоишгоҳи махсуси сарулибос ва дафтари корӣ ташкил карда мешавад. Корхона бо шаклу услуби муосири меъморӣ бо иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Роҳбари давлат дастур доданд, ки боз 350 ҷойи кории дигар барои дӯзандаҳо ва 300 ҷойи корӣ барои толори намоишӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ташкил карда шавад.

Дар интиҳо Сарвари давлат, иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ ва кормандони коргоҳи навтаъсис­ро ҳидоят карданд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир аст, масоҳати умумии беш аз 2 гектарро дар бар мегирад.

Он, ки вайрону валангор ва солҳои зиёд бекор хобида буд, мутобиқ ба талаботи замон навсозӣ ва дар он барои кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мукаммали корӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои 8 — ошёна дорои 43 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ ва анборхона ҷой гирифтааст.

Дар ошёнаи сеюм, баробари утоқҳои ҳайати роҳбарикунандаи хадамот, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон ва китобхона ҷойгир мебошад.

Дар китобхона беш аз 1500 нусха китоби гуногун — бадеӣ, таърихӣ ва илмию соҳавӣ мавҷуд аст. Инчунин, 5 компютер гузошта шудааст, ки фарогири 10 ҳазор нусха китоби электронӣ мебошанд.

Долони ошёнаи сеюм ба 900 метри мураббаъ баробар аст. Дар он қаҳвахонаи тобистона ташкил карда, шароити хуби хизматрасонӣ барои ҳайати шахсӣ ва дигар кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи чорум низ ошхона фаъолият мекунад, ки дорои 70 ҷойи нишаст мебошад.

Утоқҳои ошёнаи 5-ум ва 6-ум барои кормандони хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ гардидаанд.

Утоқҳои корию ёрирасон ва долону дигар иншооти мавҷудаи бино мутобиқ ба талаботи замон ва бо дарназардошти муҳайё намудани шароити хуб барои хизматчиёни ҳарбӣ таъмир ва бо навтарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Нуқтаи мутамаркази мушоҳидавӣ, ки кормандони он 1500 иншоотро назорат карда, тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд, дорои 4 компютер ва дигар таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ мебошад. Маҷлисгоҳи хадамот 150 ҷойи нишаст дорад ва бо ҳама гуна воситаи техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз, таҷҳизот барои гузаронидани видеоконфронсҳо ва ғайра таъмин аст. Дар ҳар ошёна утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла нуқтаҳои шустушӯйӣ, мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи 8-уми бино меҳмонхона бо шароити хуби истиқомат вуҷуд дорад. Дар он, ки аз 4 ҳуҷра иборат аст, дар як вақт то 10 нафар меҳмонро қабул карда метавонанд.

Атрофи иншоот дар масоҳати 250 ­метри мураббаъ сафолакпӯш шудааст. Дар ҳавлии бино таваққуфгоҳ барои ҷойгир намудани 20 нақлиёт мавҷуд аст.

Дохил ва атрофи иншоот тавассути 38 камераи мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Корҳои сохтмонии бино тавассути сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳашари дастаҷамъонаи кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» иҷро гардидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд.

50096019668_5fc2963f56_oМасоҳати умумии Майдони «Истиқлол», ки 30 гектарро ташкил медиҳад, дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

Дар он ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад.

Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст.

Баландии рамзи истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад, 121 метр, қисми поёнии он — 30 ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад.

Майдони «Истиқлол» бо маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» муҳташамтарин иншооти ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб меёбад, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тибқи нақша, соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Бунёди Майдони «Истиқлол» бо маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат шаҳодат медиҳад.

Рафти бунёди Майдони «Истиқлол» таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қарор дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар он таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти ­иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб намуданд.

Дар ҳудуди майдон зирк, сиёҳгилаи японӣ, ирғай, шамшоди ҳамешасабз, буттаҳои сабз, ёсумани боғӣ, изғичи печон, бушол ва дигар намуди гулу бутта ва дарахтони нодир шинонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони «Истиқлол» бо маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд. Озмун 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.

Дар маҷмӯъ, ба озмуни кушод 32 лоиҳа пешниҳод шуд.

Лоиҳа бо рамзи «тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум шуд. Он бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллат арзёбӣ гардид.

Ҳангоми тартиб додани лоиҳа бо рамзи «тоҷ» лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи «Дарахти ҳаёт» такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд.

Лавҳаҳо ба шакли барелеф мусавварӣ гашта, дар деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода мешаванд. Дар онҳо давраҳои рушду инкишофи давлатдории тоҷикон аз замони Зардушт бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардум инъикос меёбанд. Давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ тасвир хоҳанд шуд.

www.president.tj