Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Пешвои миллат

№ 14.09.2022

52354276036_02c0c69318_o13 сентябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Маҷмааи муосири варзишию фароғатӣ, ки аз толори муҳташами варзишӣ ва Академияи футболи «Ювентус» иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои «55 Групп» Даврон Ҷӯраев ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад.

Дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, тамоми иншоот дар асоси талабот ва дархости фармоишгар – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дороб 1» бо усули махсус аз ҷониби мутахассисони ширкати маҳаллии «Оро Дизайн» бо назардошти санъати меъмории мардуми ориёӣ таҳия ва бунёд шудааст.

Маҷмааи варзишию фароғатӣ, ки аз се ошёна иборат аст, асосан дорои варзишгоҳи болопӯшида бо ҳуҷраҳои либосивазкунии мардона ва занона, толори машқи бадан бо мағозаи фурӯши хӯрокҳо ва молҳои варзишӣ, маркази фароғатӣ бо меҳмонхона ва қаҳвахона, маркази барқароршавӣ бо толорҳои маҳси бадан, саунаҳои хушку тар ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Дар он толори мураббиён, синфхонаҳо, ҳаммом, сартарошхона, ҷойи шустушӯи либос, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасон он мавҷуд буда, дар як вақт дар ин иншооти варзишӣ барои машқу тамрини зиёда аз 300 нафар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар маҷмаа барои таъмини бехатарии мизоҷон технологияи муосир, аз қабили камераҳои назоратӣ ва дастгоҳҳои воридшавӣ бо шинохти чеҳра (Face ID) насб гардида, системаи муътадил нигоҳ доштани ҳарорати бино низ мавриди амал қарор дорад.

 Зимни боздид аз толори муҳташами варзишӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо завқмандони варзиш, сарфи назар аз синну сол метавонанд ба обу тоби бадан, вазнбардорӣ, навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гуштини ҷудо, ҷиу-ҷитсуи бразилӣ, бокс, кикбоксинг, йога ва дучархаронӣ (сайклинг) машғул шаванд. Машғулияти варзишии гурӯҳӣ барои занон ва кӯдакон низ мутобиқ ба талаботу меъёрҳои байналмилалӣ сурат мегиранд. Бо мақсади фаъолияти мунтазам ва ҷорӣ намудани усулҳои нави машқу тамрин, ба толори варзишӣ бо тавсияи федератсияҳои варзишии масъул аз хориҷи кишвар мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мураббиён ва мутахассисони ватанӣ ҳамаҷониба омода карда мешаванд.

Толори варзишӣ бо охирин насли таҷҳизоти баландсифати «ТECHNOGYM» Премиум муҷаҳҳаз карда шуда, беҳтарин фазои машқу тамрин барои мизоҷон фароҳам аст. Иншооти мазкур, инчунин, аз толори тамрини обу тоби бадан ва вазнбардорӣ (фитнес), минтақаи тамрин барои тобоварии ҷисмонии бадан (кросфит), ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, толори занона ва минтақаи кӯдакона иборат мебошад.

Толори занона дорои ҳуҷраҳои машқи бадан, дучархаронӣ (сайклинг) ва саунаи хушку тар буда, дар он тамрини инфиродӣ ва гурӯҳӣ бо таҷҳизоти махсус гузаронида мешавад.

Минтақаи кӯдакона бо назардошти бехатарии саломатӣ пурра бо гилеми варзишии мулоим рӯйпӯш карда шуда, дар он кӯдакон ба навъҳои гуногуни варзиши худмуҳофизатӣ машғул мегарданд.

70 фоизи барномаҳои толори варзишӣ ба машқи бадан ва вазнпартоӣ равона гардидааст.

 Маврид ба ёдоварист, ки Шабакаи толорҳои варзишии амрикоӣ соли 2009 таъсис ёфта, бо суръат рушд мекунад ва айни замон дар 32 кишвари дунё, зиёда аз 150 толори расмӣ дорад.

Толори варзишӣ – лоиҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ буда, ширкати «Дороб 1» соли 2019 ҳуқуқи истифодабарӣ ва фурӯши бренди мазкурро дар Осиёи Марказӣ ба даст овардааст. Ҳамин тавр, ширкат азм дорад, ки ташкил ва фурӯши ҳамин франшизаро дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба роҳ монад. Ҳамчунин, то соли 2030 ифтитоҳи боз 30 толори варзишӣ дар давлатҳои ҳамсоя ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи талаботи ширкат ҳар як мураббие, ки дар маҷмааҳои варзишии ин ширкат кору фаъолият менамоянд, дар асоси шартнома бояд курсҳои омӯзиширо хатм намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз шароиту имконияти фароҳамгардида дар Академияи Ювентус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нахустин мактаби футболи касбии аврупоӣ барои кӯдакон ба ҳисоб меравад, шинос гардида, ба иқдоми муассис баҳои баланд доданд.

Баландии майдони болопӯшидаи футболи академия 17, дарозиаш 80 ва паҳноиаш 40 метрро ташкил дода, айни замон дар миёни майдонҳои болопӯшидаи академияҳои амалкунандаи «Ювентус» дар ҷаҳон бузургтарин ба ҳисоб меравад.

Дар дохили майдон монитори калон бо баландии 14 метр ва дарозии 7 метр насб гардида, дар он рафти тамринҳо ба таври мустақим пахш мегарданд.

Системаи равшанидиҳӣ ва муътадил нигоҳ доштани ҳарорати майдон ба стандартҳои сохтмонии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҷавобгӯ мебошад. Ин нахустин тарҳест, ки вусъаташ 40 метр буда, бидуни сутун сохта шудааст. Майдони футбол аз сабзаи сунъии насли сеюм омода гардида, он аз ширкати байналмилалии «CC Grass», ки дорои сертификати сифати Федератсияи байналмилалии футбол аст, харидорӣ шуда, ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

Ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани сабзаи майдони футбол, техникаи зарурӣ харидорӣ шуда, ҳар рӯз пас аз тамринҳо майдон дубора барқарор карда мешавад.

Дар ин ҷо имконияти ба ду, се ва чор қисм ҷудо кардани майдон фароҳам буда, дар як вақт 4 гурӯҳ таълимгирандагон зери назорати мураббиёни пуртаҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд. Дар майдони футболи академия имконияти баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни бозингарони то 16 — сола низ вуҷуд дорад.

Вақти таълим ва тамрини кӯдакону наврасони синни 5 то 16 -сола оид ба футбол, тибқи методологияи «Ювентус» таваҷҷуҳ ба қобилияти тактикиву техникӣ, усули бозӣ, паҳлуҳои варзишӣ, равонӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи бозингарон равона мешавад. Тибқи қарори роҳбарияти лоиҳа, дар ҳар як гурӯҳ ду ҷой барои кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ҷудо шудаанд, ки бо тавсияи мураббиён ва гузаштан аз санҷиш ба тамринҳо ҷалб мешаванд.

Усули академияи «Ювентус» ҳам таълим ва ҳам рушди малакаҳои футбол ва омӯзишиву тарбиявиро дар бар мегирад. Аз ҷанбаи фароғатӣ ва эҷодии бозии футбол сар карда, бозигарон ба фаъолиятҳое ҷалб карда мешаванд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо дар муҳити бехатар нигаронида шудаанд.

Инчунин, ғайр аз тамрин дар майдон барои таълимгирандагони академия дарсҳои назариявӣ оид ба тактика ва дигар паҳлуҳои футбол дар синфхонаҳои махсус ба роҳ монда мешаванд. Бо тавсияи мураббиён ҷиҳати таҳлили машғулият дар дарсҳои назариявӣ тамринҳои кӯдакону наврасон бо камераҳои мушоҳидавӣ сабт мегардад.

Дар академия ба рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, онҳо дар толори махсус ба машқҳои ҷисмонӣ ва обу тоби бадан ҳам ҷалб карда мешаванд.

Тибқи маълумот, ҳар сол дар шаҳри Турини Италия ҷоми ҷаҳон байни академияҳо ташкил мегардад, ки беҳтарин таълимгирандагони Академияи «Ювентус» дар шаҳри Душанбе интихоб гардида, метавонанд дар ин мусобиқа иштирок намуда, маҳораташонро нишон диҳанд. Зимни баргузории ҷоми ҷаҳон миёни дигар академияҳо намояндагони клуби футболи «Ювентус» кӯдакону наврасонро назорат карда, дар ҳолати мақул донистан, баъдан онҳоро ба санҷиш ҷиҳати идома додани фаъолияти бозингарӣ дар Аврупо метавонанд даъват кунанд.

Таъкид гардид, ки Академияи «Ювентус» дар шаҳри Душанбе ба ҷуз майдони футбол боз аз синфхона, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳамом, саунаи хушк, толори обу тоби бадан, маҷлисгоҳ ва ҷойи назорати волидайн иборат мебошад.

Инчунин, вобаста ба шароите, ки академия дорад, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ дар қисмати бегоҳии рӯз метавонанд, тибқи шартнома майдони футболро ба иҷора гиранд.

Ҳадафи академия он аст, ки аз ҳисоби насли наврас футболбозони моҳирро тарбия намуда, дар оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва боз ҳам рушд бахшидани футбол дар мамлакат саҳмгузор бошад.

Мавриди таъкид аст, ки Клуби футболи касбии «Ювентус» яке аз қадимтарин ва маъруфтарин бошгоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар Аврупо 15 миллион мухлис дорад. Он серҷоизатарин клуби Италия буда, дар мусобиқаҳои аврупоӣ ҳам ҷоизаҳои зиёдро ба даст овардааст.

Бошгоҳи «Ювентус» академияи кӯдаконаи футболи худро дошта, он бо барномаҳои махсуси тамринии худ аз дигар академияҳои футбол фарқ мекунад. Маҳз, бо тарҳрезии барномаҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони итолёвӣ академияи «Ювентус» дар зиёда аз 50 кишвари дунё 65 намояндагӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо футболбозони навраси пойтахт изҳор доштанд, ки аз чунин шароити мусоид ҳамаҷониба истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллат бошанд.

Дар ошёнаи сеюми бинои Маҷмааи варзишию фароғатӣ 30 ҳуҷраи корӣ барои кормандон ва роҳбарияти ширкати холдингии «Дороб 1» ҷойгир шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.

Ширкат аз соли 2014 дар самти бунёд ва пешбурди толорҳои варзишӣ кор карда, дар ояндаи наздик ташкили боз 150 ҷои кориро ба нақша гирифтааст.

Он «Дороб 1» дорои аввалин ва ягона шабакаи толорҳои варзишӣ буда, ҳадафи он пешбурди тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мебошад.

Ҳамчунин, Ширкати «Дороб 1» дорандаи франшизаи толорҳои варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон буда, қароргоҳи он дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Дар ширкат ба дараҷаи кордонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мураббиён аҳамияти аввалиндараҷа равона мегардад. Маҳз, ҳамин аст, ки ҳар як мураббӣ қабл аз ба кор қабул шудан якчанд марҳилаи омӯзиш ва курсҳои махсусро гузашта, баъдан ба фаъолият мепардозад.

 Ширкат на танҳо дорои толорҳои варзишӣ, балки дар самти хӯрокҳои варзишӣ ва барқароршавии варзишгарон низ фаъолияти назаррас дорад.

Ширкати холдингии «Дороб 1» дар оянда ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа дода, бо бунёди маҷмааҳои варзишии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, барои тандрустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтарро фароҳам хоҳад овард.

Дар саҳни бинои Маҷмааи варзишию фароғатӣ таваққуфгоҳ барои 65 воситаи нақлиёт бунёд гардида, атрофи иншоот чароғон ва бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ сабзу хуррам карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акома»-ро мавриди истифода қарор доданд.

defaultОн аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар доираи иҷрои ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат» ба хотири таъсиси ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот сохта шудааст.

Иқтидори истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасиб дар як баст то 5 тонна маҳсулот мебошад. Дар як сол корхона имкон дорад, ба маблағи наздики 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.

Дар 80 нафар бо ҷойи кор, шароити хуб ва маоши баланд таъмин шуданд. Имкон аст оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона шумораи коргарон то ба 150 нафар расонда шуда, маҳсулоти корхона баъди таъмини бозори истеъмолии пойтахт ва ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.

Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳо, ҷойи қабули гӯшти чорвову паранда, сардхонаи нигоҳдории гӯшти коркардшаванда, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нигоҳдории нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Гӯшти тозаву босифат ва ғизоноки чорвову паранда барои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо аз Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» дастрас карда мешавад.

Фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акома» идомаи занҷираи арзиши иловашудаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» дар шаҳри Душанбе буда, мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.

Ин тадбир, ҳамчунин, ҷиҳати ғанигардонии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи гӯштӣ амалӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи нав дорои техникаву таҷҳизоти муосир буда, зиёда аз 80 намуди ҳасибҳои гуногунлаззат, аз ҷумла 20 навъ ҳасиби пӯхташуда, 25 навъи дудкардашуда, 2 навъ ҳасиби бо буғ пухташуда (ветчина), 15 номгуйи деликатес, инчунин ҳасибчаҳои борик, 5 навъ сарделка ва 20 навъ ҳасибҳои хурд аз қимаи гушт тайёршуда, истеҳсол мекунад.

Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳо барои таъмини бозори пойтахт бо чунин маҳсулоти аълосифат ба роҳ монда шудааст.

Хусусияти фарқкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акома» аз дигар ширкатҳои ватании истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар он аст, ки роҳбарияти корхона барои таҳияи лаззатҳои нав ва махсуси маҳсулот аз ширкатҳои маъруфи олмонӣ ва австриягӣ мутахассис-технологҳоро даъват карданд. Ҳамин тавр, коршиносон бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла рустаниҳои шифобахши диёр 50 навъи нави маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳоро ихтироъ карданд. Таъм, лаззат ва сифати маҳсулоти аз ҷониби коршиносон омодашуда, на танҳо сифати ғизоро беҳтар кард, балки ба он хусусиятҳои шифобахшӣ илова намуд.

Корхона пурра бо тарҳи олмонӣ бунёд шуда, онро Бюрои конструктори лоиҳакашии Магдебурги Олмон вобаста ба талаботу стандартҳои аврупоӣ тарҳрезӣ кардааст.

Бинои истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои кории маъмурият бо якдигар пайваст буда, дар ду минтақаи воридшавӣ таҷҳизоти безараргардонӣ насб гардидааст.

Фаъолияти кори таҷҳизоти муосир ба буридани гӯшти яхкардашуда, қимма кардани гӯшт, ҷудо кардани гӯшт аз устухон, илова ва омехта кардани ҷузъҳои барои маҳсулот лозима, пуркунандаи маҳсулоти нимтайёр ба рӯпӯши махсус, бо дуд ва буғ пухтани ҳасибҳо ва бастабандии маҳсулоти тайёр нигаронида шудааст.

Ҷиҳати расидан ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ техникаи замонавӣ ва таҷҳизоти зарурии коргоҳҳо, ҳамчунин, аз ширкатҳои бонуфузи Туркия, Россия, Беларус харидорӣ шудааст.

Барои нигоҳдории сифати маҳсулот сардхонаи нигоҳдории ҳасибҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҳарорати дохилӣ дар сатҳи аз -40 дараҷа хунукӣ то +12% дараҷа гармӣ нигоҳ дошта мешавад.

Сендвичпанелҳо маҳсулоти куллан замонавӣ ба шумор рафта, реҷаи махсуси ҳароратро дар дохили коргоҳҳои истеҳсолӣ ба танзим медарорад. Сендвичпанелҳои сеххои корхона бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ зуд — зуд шуста мешаванд ва он бо варақаҳои пулодии зангназананда руйпуш карда шудааст. Ҳавокашҳо, ҷуйбор ва обравҳо, мизҳои гуштпоракунӣ, пойафзолхушккунак, ҳуҷраҳои обпошӣ барои сардсозии маҳсулот баъди тафдон ва дастгоҳи буғистеҳсолкунанда дар коргоҳо низ  аз металҳои зангназананда омода шудааст.

Баъди ифтитоҳи  корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мағозаи назди корхона бо намунаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акома» шинос шуданд.

Қобили зикр аст, ки номи корхонаи «Акома» аз луғати қадимаи тоҷикӣ гирифта шудааст ва таърихи беш аз 2500 — сола дорад.

Бо номи «Акома» дар қадим хуришеро тайёр мекарданд, ки иборат аз гӯшти қиммашуда дар рудаи гусфанд буда, ба ҳасиби замони ҳозира нисбат дода мешавад.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти корхона бо дарназардошти ҳифзи арзишҳои таърихӣ, миллӣ ва бо ҳисси ватандӯстӣ ба баъзе аз маҳсулоти корхона номи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азизро гузоштааст, аз ҷумла «Бохтарӣ», «Суғдӣ», «Бадахшон», «Ҳулбук», «Роғун», «Саразм», «Кӯшониён», «Ориёӣ», «Акома» ва «Маликона». Бо унвони тоҷикӣ аз қабили «Ватанӣ», «Сарват», «Шоҳона», «Мужда», «Зайтун», «Накҳат» ва «Ҷонон» номгузорӣ шудани баъзе маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳо низ як навъ тарғиби эҳсос ва ифтихори миллӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар корхона бо усули қадимаи аҷдодӣ маҳсулоти гӯштӣ истеҳол карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷо як навъи деликатес, истеҳсол мегардад, ки таъм ва лаззати он нотакрору ба талаботи бозори истеъмолӣ мутобиқ шудааст.

Маоши кормандони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акома» аз 1700 то 4000 сомонӣ иборат буда, кормандон бо шароити хуби корӣ таъмин мебошанд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 16 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти ҳасиб машғул аст. Дар 8 моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 2 ҳазору 692 тонна маҳсулоти ҳасиб истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 9,5 тонна зиёд аст ва суръати афзоиш ба 100, 4 фоиз баробар шудааст.

Дар 7 моҳи соли 2022 ба ҷумҳурӣ 1761 тонна маҳсулоти ҳасиб ворид гардидааст.

Ҳадафи бунёди корхонаҳои ватании истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасиб дар кишвар коҳиш додани воридшавии маҳсулоти беруна, таъсиси ҷойҳои кор, беҳтар кардани сифати маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин коргоҳи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, изҳори сипос карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-ро мавриди истифода қарор доданд.

52354782760_ed8673c875_oОн аз коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон, тахтасангу канорасангҳо бо озмоишгоҳи муосир, бинои маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо технологияи муосир дар пойтахти мамлакат ба истиқболи ҷашн 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат», 2022 -2026 бо маблағузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Гулбутта дар масоҳати 12 гектар замин бунёд ёфтаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз Озмоишгоҳи муосир боздид намуда, бо имконот ва самти фаъолияти он шинос шуданд.

Озмоишгоҳи муосири Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» дар асоси талаботи ҷаҳонӣ дар масоҳати зиёда аз 250 метри мураббаъ ташкил гардидааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти озмоишгоҳ тамғаи «MATEST»-и истеҳсоли кишварҳои Италия ва Америка буда, ҳадаф аз таъсиси он таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти коргоҳхои корхона мебошад.

Дар озмоишгоҳ бо мақсади санҷиши сифати молу маҳсулоти роҳсозӣ ва сохтмонӣ 110 асбоб ва лавозимоти озмоишгоҳӣ мавҷуд аст. Маҳсулоти хом, нимтайёр ва тайёри корхона, қабл аз коркард ва баъд аз он аз ҷониби мутахассисон мавриди санҷиш қарор гирифта, сифатнокии он муайян ва барои коркарду истифода равона мегардад.

Мутахассисону муҳандисони ватанӣ бо истифода аз шароити мавҷуда имкон доранд, ки таркиби омехтаҳои асфалту бетон, миқдори қир дар омехта, хӯрдшавии сангреза, ёзиши қир то ҳадди зарурӣ, ҳади мустаҳкамии намунаҳои асфалтубетонӣ ва сементубетонӣ, зичии хокҳои зичкардашуда ва ғайраро дар доираи талаботи байналмилалӣ муайян намоянд.

Ҳамчунин, имкон аст, ки бо истифода аз технологияи муосири озмоишгоҳ дар иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла роҳҳо, санҷишҳои сайёр дар асоси талаботи ҷаҳонӣ анҷом дода шавад.

Пас аз шиносоӣ бо имконоти озмоишгоҳи муосир Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ оғоз бахшиданд.

Бо ифтитоҳи ин маҷмааи истеҳсолӣ 400 нафар сокинони мамлакат дар ду баст ва дар се баст 600 кас бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин мешаванд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи истеҳсоли асфалту бетон 160 тонна маҳсулот дар як соат буда, бо истифода аз коргоҳи тамғаи «AMMANN» сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда, асфалту бетони калондона, асфалту бетони майдадонаи навъҳои «А, Б, В» ва асфалту бетони сангрезаю мастикӣ – «ШМА» бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.

Маводи хом барои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифат маҳаллӣ буда, аз он бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулот омода карда мешавад.

Дар коргоҳи истеҳсоли асфалту бетон, ҳамчунин, захирагоҳи мум бо ғунҷоиши 160 тонна ва захирагоҳи хокаи минералӣ бо ғунҷоиши 480 тонна мавҷуд мебошад.

Коргоҳи сангмайдакунӣ дар ин маҷмаа имкон дорад, ки дар як соат 120 — 140 тонна маҳсулот, аз ҷумла қум, сангреза бо андозаи аз 5 то 15 миллиметр ва сангрезаи калондона бо андозаи 15 — 30 миллиметрро истеҳсол намояд. Истеҳсоли тахтасангу канорасангҳо низ дар маҷмаа бо истифода аз технологияи муосир амалӣ карда шуда, бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ 3 навъ тахтасангу канорасанг омода карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ аз 40 — 60 метри мураббаъ тахтасанг ва 60 — 360 метри тӯлонӣ канорасанг буда, бо истифода аз шароити мавҷуда оянда иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам баланд бардошта хоҳад шуд.

Барои кашондан маҳсулоти хому тайёри коргоҳҳо зиёда аз 60 техникаю механизми гуногунтамға харидорӣ гардидааст.

Коргоҳҳои нави саноатӣ бо озмоишгоҳи муосир дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ беназир буда, дар боло бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Дар Маҷмааи нави истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз», ҳамчунин, бинои маъмурии дуошёна бо таҳхона мавҷуд мебошад. Бино дар масоҳати беш аз 928 метри мураббаъ сохта шуда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, мутахассисон, маҷлисгоҳ бо 15 ҷойи нишаст ва ошхона бо 90 ҷой ташкил карда шудаанд.

Маҷмааи нави истеҳсолӣ дар пойтахти мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи ширкату корхонаҳо ва сокинон бо маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифати ватанӣ таъмин карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ташкили ин маҷмаа аз нигоҳи инфрасохтор дар қаламрави ҷумҳурӣ ягона буда, вобастагии коргоҳҳо аз ҳамдигар имкон медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ ба истифодабарандагон пешниҳод гардад.

Баробари таъсису ба фаъолият оғоз кардани коргоҳҳои нав, ҳамчунин, дар доираи татбиқи лоиҳа коргоҳи истеҳсоли бетон бо иқтидори 35 — 40 метри мукааб дар як соат бо истеҳсоли 8 тамғаи бетон дар он ва коргоҳи истеҳсоли шағал бо андозаи 70 — 100 миллиметр барои таҳкурсии роҳ бо иқтидори 30 — 45 тонна дар як соат дубора барқарор карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти коргоҳҳои нави саноатӣ гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёрро аз назар гузарониданд.

Дар он наздики 40 навъ маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои нави ватанӣ муаррифӣ карда шуд.

 Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар асоси иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе коргоҳҳои истеҳсоли қубуру симҷӯбҳои бетонӣ, новаҳои оҳану бетонӣ, маҳсулоти оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои хатҳои қубурҳои гармидиҳанда ва дигар маҳсулоти сохтмонию роҳсозӣ фаъол карда мешавад ва ҷойҳои кори нав таъсис меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти фароҳамсозии имконоти мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то ба ҳади ниҳоӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ намуна арзёбӣ карда, бунёду мавриди истифода қарор гирифтани корхонаву коргоҳҳои нави саноатиро дар пойтахт барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат», 2022-2026 бо истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда соли 2021-ум 26 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ва дар 8 моҳи соли равон 16 адад мавриди истифода қарор гирифтааст.

www.president.tj