11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳое, ки дар он фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд.
Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» аз чор ошёна иборат буда, таъмиру таҷдиди он соли 2017 оғоз гардид. Ҳоло дар он барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсии сатҳи баланд, аз ҷумла, мулоқоту вохӯрии сарони давлатҳо, ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷаласаҳои корӣ, суҳбату вохӯриҳои аҳли зиёи кишвар бо сарони давлатҳои хориҷӣ, бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои соҳавии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Муассиса бо санъати баланди меъморӣ ва сифати аъло таъмир шуда, даромадгоҳи он бо сангҳои маҳаллии ороишӣ, ки шакли зебову сифати баланд доранд, зинат ёфтааст. Ду адад зинапояи даромад ба толори асосиро ҳунармандони маҳаллӣ бо санъати кандакориву чӯбтарошӣ оро додаанд. Сақф ва деворҳои долони муассиса низ бо услуби хоси оинабандӣ ва гаҷкорӣ оро ёфта, бо қандил ва дигар дастгоҳҳои равшанидиҳӣ ҷилои тоза гирифтаанд.
Толори асосии «Кохи Ваҳдат» барои 1000 ҷойи нишаст бо курсиҳои бароҳату замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст. Мушкилоти асосии он таъмини гармӣ дар сардиҳо ва ҳавои салқин дар фасли гармо буд, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ҳал гардида, системаи таъмини гармидиҳии муассиса комилан нав карда шуд. Ҳамчунин, сақфи толор бо санъати баланди меъморӣ зебу зинат ёфта, дар умум, аз санъати меъмории миллӣ дар навсозии бино васеъ истифода гардидааст.
Акнун, дастгоҳҳои равшанидиҳии толор барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқ буда, таҷҳизоти нави тақвияти овоз низ барои истифодабарӣ васл гардиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ғайр аз толори асосӣ, ҳамчунин, муассиса дорои 9 толори дигар буда, ҳар кадоми он аз 50 то 200 ҷойи нишаст дорад. Дар доираи корҳои навсозӣ толорҳо таъмиру таҷдид ва бо имкониятҳои мусоиди корӣ таъмин шудаанд. Дар толорҳои хурд низ мизу курсиҳои бароҳати замонавӣ гузошта шуда, имкониятҳои мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, барои фаъолияти кормандон утоқҳои алоҳидаи корӣ ташкил ва пас аз таъмири пурра мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки бо системаи махсуси гармидиҳӣ пайваст мебошанд. Барои қабули меҳмонони олиқадр бошад, утоқҳои алоҳидаи машваратӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқанд, муҳайё шудааст. Дар таҳхонаи иншоот анборхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҳуҷра барои ивазкунии сарулибос ва ошхона ҷой гирифтааст.
Зикр гардид, ки дар доираи корҳои иҷрогардида боми бино таъмир ва навсозии системаи муҳандисии дохилӣ низ анҷом ёфтааст. Намои берунаи «Кохи Ваҳдат» низ пурра таъмиру таҷдид гардида, тибқи меъёрҳои муосири шаҳрдорӣ оро дода шуд. Хусусан, шомгоҳон назди иншоот ҷилои нотакрор дошта, бо чароғакҳои ранга ва дастгоҳҳои зебои равшанидиҳӣ таъмин шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки имконоти мавҷударо самаранок истифода баранд. Пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои «Кохи Ваҳдат» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораву корхонаҳои пойтахт мулоқот карданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки бояд корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабзу сояафкан вусъат дода шавад. Роҳбари давлат, ҳамчунин, масъулинро вазифадор намуданд, ки фаъолияти марказҳои савдо, қаҳвахона, тарабхонаву ошхона ва дигар мавзеъҳои серодамро бо дарназардошти риояи тадбирҳои беҳдоштӣ ба роҳ монанд.
Таъкид гардид, ки бо дарназардошти афзоиши талабот ба қувваи барқ дар мамлакат бояд фарҳанги истифодабарии неруи барқ риоя гардида, аз масрафи зиёдатии неру, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгирӣ карда шавад.
11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидаанд. Онҳо аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кӯтоҳтар буданашон барои ҳаракат дар кӯчаҳои начандон васеъ бартарият доранд.
Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ — «Акиа Ориё» оғоз намуда, ба нақша гирифтааст, ки то охири соли равон 50 адад автобус истеҳсол ва ба ширкатҳои нақлиётии пойтахт интиқол медиҳад.
Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати «Мерседес Бенс» ва ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» мебошанд. Инчунин, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ бо кафолати махсус ва сифати баланд ворид карда мешаванд.
Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз гардида, баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонанд. Дар дохили онҳо мониторҳои калонҳаҷм насб шуда, барои пахши роликҳои таблиғотиву иттилоотӣ истифода мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи «Акиа»-ро истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол аз 250 то 300 адад автобус буда, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ беш аз 100 нафарро ташкил медиҳанд. Феълан дар он 6 хати истеҳсолӣ, аз ҷумла кафшергарӣ, рангмоливу рӯйпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, бандубасти механикию электрикӣ ва хати назорати ниҳоии сифат мавҷуд буда, ҳар кадом бо технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли 2018 аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштарак 200 ва соли 2019-ум 100 адад автобуси харидоринамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки айни замон дар хатсайрҳои пойтахт хизматрасонӣ менамоянд, бандубаст гардидааст. Инчунин, дар нақша аст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар дар корхона истеҳсол шавад. Ҳамаи модели автобуси тамғаи «Акиа» бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол шуда, ба кам кардани вазни умумӣ, сарфаи сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин, муҳлати истифодаи онҳо мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ронандагону масъулони ширкатҳои мусофирбар, ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Зикр гардид, ки троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус буда, дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд. Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулайи мусофирон даромадгоҳи он паст мегардад. Ин навъи нақлиёт, ҳамчунин, шароити муосири хизматрасонӣ дошта, фарқашон аз троллейбусҳои қаблӣ дар он аст, ки бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо имкони ҳаракат кардан то 15 километрро соҳибанд. Дастак ё шохаҳои ин навъи троллейбусҳо аз тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмаи махсус боло ва поён карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Беларус дастрас ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» ба кор шурӯъ мекунанд.
Зимни муаррифии троллейбусҳои нав зикр шуд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди истеҳсоли ин навъи воситаҳои нақлиёти мусофирбар, ки бо ғунҷоиши 100 ҷой барои мусофирон пешбинӣ мегардад, дар заминаи корхонаи «Акиа Авесто» дар шаҳри Душанбе пурра ба роҳ монда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизматрасониву мусофирбарии воситаҳои нақлиёти нав дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
11 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Синои пойтахт ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.
Биноҳои истиқоматӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 124 хонаи барҳавои як ва дуҳуҷрагӣ иборат мебошанд. Ҳамчунин, иншооти нав бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, бо ду адад лифти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Онҳо дар се сол бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити биноҳои нав ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд. Инчунин, Роҳбари давлат ба 120 оилаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ду бинои баландошёна соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, таъмин намудани онҳо бо манзилҳои нави истиқоматӣ аз ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандон онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи Давлату миллат ва таъмини амнияти ҷомеа ҳидоят намуданд. Кормандони соҳа низ ба Президенти мамлакат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки чунин қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ беш аз ҳар вақти дигар масъулиятшинос хоҳад кард.
Саҳни биноҳои нави истиқоматӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ оро ёфта, майдонча барои бозиву дилхушии кӯдакон ва нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд шудааст.
Дар он ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматии 16-ошёна санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа, шумораи умумии хонаҳо дар бинои мазкур 128 ададро ташкил дода, дар ҳавлии он бунёди майдонча барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст.
Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншоот ба меъморону сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
www.president.tj