29 марти 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Гулистон бинои Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 4 ба номи “Баҳор”-ро ифтитоҳ намуданд.
Бинои Кӯдакистони “Баҳор” дуошёна буда, баъди таъмиру навсозӣ дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Иншооти нави соҳаи маориф бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати мамлакат навсозӣ гардидааст.
Бинои нав дорои маркази гармидиҳӣ мебошад, ки дар фасли зимистон гармии дохили иншоот тавассути он таъмин карда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Кӯдакистони “Баҳор” барои ба таҳсили томактабӣ ва таълиму тарбия фаро гирифтани 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, толори мусиқӣ, рақс, забономузӣ ва ҳуҷраҳои корию фароғатӣ ва тиббӣ иборат мебошад.
Дар Кӯдакистони “Баҳор”-и шаҳри Гулистон таҳсил бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди омӯзиши барномаи томактабӣ ба кӯдакон тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Бо назардошти шароити муосири таълим, ки бо истифода аз тахтаҳои электронӣ амалӣ карда мешавад, дар маҷмуъ 8 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар оянда бо истифода аз имконоти фароҳамшуда дар кӯдакистон омӯзиши забони англисӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Бо ба фаъолият шуруъ кардани Кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд, ки бештар аз 10 нафари онҳоро мураббиён ташкил медиҳанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити дар кӯдакистон муҳайё гардида шинос шуда, кормандони соҳаи маорифро барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят карданд.
Мавриди зикр аст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани Кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 11 расид, ки аз ин яктои он хусусӣ мебошад. Сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр қариб 40 фоизро ташкил медиҳад, ки ин раванд дар оянда бо бунёди кӯдакистонҳои нав афзоиш дода мешавад.