Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи коркард ва бандубасти чормағзи заминиро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нахустини коркарди ниҳоӣ ва банду басти чормағзи заминӣ бо саҳми муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷаъфар” таъсис дода шудааст. Дар корхона барои беш аз 25 сокини ноҳия ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Ба коргоҳ 6 таҷҳизоти коркарду банду басти чормағзи заминӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст. Тавассути ин хатти технологӣ ҷараёни тозакунии мағзи чормағзи заминӣ, сараю ба хелҳо ҷудо кардани он ва якчанд навъу ғунҷоиши чормағзи заминӣ дар банду баст анҷом дода мешавад.
Иқтидори шабонарӯзии коркарди чормағзи заминӣ беш аз 40 тонна ва дар як сол зиёда аз 10 ҳазор тонна мебошад. Бо оғози фаъолияти корхонаи “Ҷаъфар” ҳаҷми зиёди коркарду истеҳсоли чормағзи заминӣ дар банду басти ҷолиб барои содирот ба роҳ монда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки чормағзи заминӣ дар шакли коркардшуда нисбат ба ашёи хом бо арзиши баланд ба фуруш рафта, аз он манфиати зиёди иқтисодӣ гирифта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои самимӣ бо соҳибкори ватанӣ ва масъулони соҳа аз иқдому таҷрибаи кишоварзони ноҳия дар кишту парвариши чормағзи заминӣ ва рӯёнидани ҳаҷми зиёди ин маҳсулоти содиротӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид доштанд, ки таъсису ташкили корхонаи коркард дар ноҳияи боз як иқдоми шоиста баҳри муаррифии ин маҳсулоти кишоварзони тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ ва афзун намудани даромаднокии соҳа мебошад.