Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сувайба-2014”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи парандапарварӣ дар марҳилаи аввал парвариши 12 ҳазору 500 сар чӯҷаро ба роҳ мондааст ва барои нигоҳубини дурусти онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Коргоҳ мутобиқи талабот бо системаи муосири таъмини гармӣ ва таҷҳизоти автоматии хӯроктақсимкунӣ муҷаҳҳаз буда, тибқи реҷаи муқараргардида, парандаҳо бо хӯроку об таъмин карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки хӯроки паранда дар коргоҳи нав ба пуррагӣ аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳои ватанӣ таъмин карда мешавад.
Дар коргоҳи парандапарварии “Сувайба-2014” парвариши чӯҷаҳои навъи “Бройлер” роҳандозӣ шуда, мувофиқи баҳогузории мутахассисон, ин навъи мурғ барои истеҳсоли гӯшти хушсифати парҳезӣ мувофиқ мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи аввали фаъолият корхона имконият дорад, ки дар як сол 150 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол намуда, ин нишондод бо ба истифода додани марҳилаҳои баъдӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Фермаи парандапарварии мурғи гӯштии “Сувайба-2014” дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти парҳезии истеҳсоли худӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Амрохон Чориев бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтани он таъминоти аҳолиро бо ин навъи маҳсулот боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Ҳоло дар давраи аввал наздик ба 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи марҳилаҳои баъдии корхонаи парандапарварӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳам шумораи ҷойҳои корӣ афзоиш дода мешавад ва ҳам ҳаҷми истеҳсоли гӯшт бештар хоҳад шуд.
То соли 2023 шумораи фермаҳои парандапарварӣ дар ҳудуди корхона ба 4 адад расонида мешавад, ки ба ин васила истеҳоли гӯшти парҳезӣ дар як сол ба 600 тонна баробар мегардад. Ба ин васила саршумори чӯҷа дар корхонаи “Сувайба-2014” то 50 ҳазор сар расонида мешавад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои забҳхона ва яхдони нигоҳдории маҳсулоти тайёр анҷом ёфта, васлу насби дастгоҳҳои корӣ, ки аз ширкатҳои маъруфи хориҷӣ харидорӣ гардидаанд, бомаром идома дорад.
Дар саҳни иншооти нав намоиши маҳсулоти бахши парандапарварии шаҳри Кӯлоб доир шуд, ки аз рушди бомароми соҳаи мазкур дар шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар ин ҷо гӯшти паранда, тухм, маҳсулоти аз гӯшти парҳезии мурғ омодагардида ва намунаи дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар корхонаҳои парандапарварӣ насб гардидаанд, ба намоиш гузошта шуд.