Ифтитоҳи маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

11782479_873153896088131_6009986607241399456_oСиюми июли соли равон баъди гузоштани санги асоси шаҳраки нав дар мавзеи Тем Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукӯҳи варзиширо барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд.

Барои сохтмони ин иншоот, ки масоҳати умумии он зиёда аз як гектарро ташкил медиҳад, беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои Буҷети давлатӣ сарф шудааст. Иншооти мазкур дорои толори калон барои 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои яккачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, утоқҳои корӣ ва меҳмонхона мебошад.

Дар дохили бино панҷ толори алоҳида барои бокс, тенниси рӯи миз, шоҳмот, гӯштӣ ва фитнес сохта шудааст. Бо бунёди ин маҷмааи варзишӣ имкон фароҳам оварда шуд, ки дар он тамоми фаслҳои сол мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ доир карда шаванд.

Дар рафти боздид Президенти мамлакат бо варзишгарони наврас теннисбозӣ кард ва дар ракеткаи яке аз бозингарони наврас барои хотира соядаст гузошт. Дар толори фитнес, ки асосан дар он ҷавондухтарон ба тамрин машғул буданд, Сарвари давлат онҳоро ба машқи пайваста ва ба воситаи варзиш солим нигоҳ доштани бадан ҳидоят кард. Зикр карда шуд, ки машғулияти варзишӣ барои занон хеле муфид мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои босифат ва пурраи корҳо ва ба раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас кардани таҷҳизоти муосири машқу тамрин дастуру супоришҳо дод.

Баъди ифтитоҳи маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо шумораи зиёди ҷавонону варзишгарони вилоят мулоқоти самимӣ доир кард.

Маҷмааи варзишӣ орзуи деринаи ҷавонон ва варзишгарони вилоят ба ҳисоб меравад ва туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои насли ояндасози вилоят гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Ҳукумати кишвар ба рушди варзиш низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати такмили фаъолияти мактабҳои варзишӣ чораандешӣ менамояд. Қобили зикр аст, ки дар даҳ мактаби варзишии вилоят ҳамарӯза 3045 нафар варзишгар, аз ҷумла 607 духтар дар 289 гурӯҳ тамрин менамоянд, ки ба онҳо 189 мураббӣ дарс медиҳанд.

Дар ин замина варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва унвонҳои варзишӣ гардидаанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қувваозмоии финалии паҳлавонон дар мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи гӯштии миллӣ баргузор шуд. Барои ҷоизаи олӣ — автомошинаи сабукрав, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, варзишгарон аз дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рауф Зиёбеков ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов мубориза бурданд.

Бо бартарияти бештар Шакармаҳмад Мирмаҳмадов ба ҳарифаш пирӯзӣ ба даст овард. Калиди шоҳҷоиза — автомобилро дар вазъияти тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ғолиб тақдим намуд. Дар навбати худ варзишгарон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кеманои гӯштигириро туҳфа намуданд.

Сокинону варзишгарон ва собиқадорони соҳа ба фаъолият оғоз намудани маҷмааи бошукӯҳи варзиширо дар шаҳри Хоруғ бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.

www.president.tj