Ифтитоҳи маҷмааи корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук, полиграфия ва Маркази савдои «Пойтахт-90»

№103(3249) 05.09.2014

Панҷуми сентябри соли 2014  дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук, полиграфия ва Маркази савдои «Пойтахт-90» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо қариб ду ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фароз» бунёд ёфтааст, бо навтарин техника ва технологияи сохти Германия, Швейтсария, Япония ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон муҷаҳҳаз шудааст.

Маркази савдои «Пойтахт-90» бошад, ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ дар зарфи 22 моҳ бунёд ёфта, бо тарҳу намои зебои зоҳирӣ ва шароити дар дохили он муҳайёгардида намунаи олии фарҳанги бозаргонӣ ва хизматрасонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик аст.

www.president.tj