Ифтитоҳи мактаб барои 1700 нафар хонанда дар маркази ноҳияи Ҳисор

№112 (3097) 07.09.2013

9678330082_11d3e2a80e_o

Панҷуми сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби зебою муосири таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки барои 1700 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Зимни шиносойӣ бо шароити таълиму тарбияи мактаб, аз ҷумла зикр гардид, ки ин муассисаи замонавӣ бо харҷи 11 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст. Мактаб аз 42 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла даҳ синфхонаи фаннӣ, ки барои дарсҳои кор бо компютер, физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва ғайра пешбинӣ шудаанд, иборат мебошад. Дар ду синфхонаи компютерӣ 36 компютер насб гардидааст, ки ба омӯзиши асосҳои кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ замина муҳайё месозанд. Синфҳои забонҳои хориҷӣ бо дастгоҳҳои лингафонӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки ба талаботи забономӯзии касбӣ низ ҷавобгӯй мебошанд.

Толори маҷлисии мактаб, ки дорои 225 ҷойи нишаст мебошад, ҳамчунин дорои имконоти баргузории маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ аст.

Ошхонаи мактаб бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби омодасозӣ ва пешниҳоди хӯрокҳои гуногун барои хонандагону омӯзгорон аст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълиму тарбияи мактаб бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва ободонии атрофи он дастуру ҳидоятҳо дод.

Бо изҳори норозигӣ аз тарҳ ва сифати сохтмону таҷҳизи толори варзишии мактаб дастур дода шуд, ки бо тарҳи наву зебо як толори дигар барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ сохта шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии мактаб суханронӣ намуда, ифтитоҳи мактабҳои нави сершуморро, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ба назар мерасад, идомаи босамари сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхории доимӣ ба соҳаи маориф маънидод кард.

Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби таълиму тарбия дар мактабҳои наву муосир таълиму тарбияи фарзандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд, то ки аз онҳо насли солиму ояндасози кишвар бар камол расад.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба солгарди сеҳазораи Ҳисор, ки соли 2015 таҷлил мегардад, аз ҷумла доир ба бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва фарҳангӣ дода шуд.

www.president.tj