Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Гулистон» бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи миёнаи таҳсилоти умумии рақами 132 асос гузошт.
Тавре маълум гардид, сохтмони муассисаи таълимӣ дар даврони шӯравӣ оғоз гардида, бунёди он бо сабаби нооромиҳои кишвар ва баъдан бо сабаби нокифоягии маблағҳои буҷетӣ ба таъхир афтода буд.
Бинои мактаб бо харҷи панҷ миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва се миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат, дар маҷмӯъ ҳашт миллион сомонӣ, бунёд гардидааст. Он аз 51 синфхона, озмоишгоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ, толори китобхонӣ, ошхонаи барҳаво, инчунин синфхонаҳои алоҳида барои ташаккули завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон иборат буда, дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар як синфи ибтидоӣ, синфхонаҳои компютерӣ, дӯзандагию пазандагӣ бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир кард.
Дар синфи компютерӣ барои таъмини пурраи мактаб бо компютерҳо Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.
Хонандагон ба Роҳбари давлат барои бунёди мактабу синфхонаҳои барҳаво изҳори сипос карданд. Дар ҷавоби ин дастгириҳои Президенти мамлакат онҳо ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва омӯзиши илмҳои муосир оянда ҳамчун кадрҳои арзанда барои халқу ватан хизмат менамоянд.
Дар синфи омӯзиши ҳунарҳо Сарвари давлат ба дӯхти либосҳои миллӣ, ки худи духтарони синфҳои болоӣ омода кардаанд, баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, илм ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.
Зимни шиносоӣ бо шароити мактаби нав ҳамчунин барои корҳои ободонӣ ва шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ба роҳбарияти мактаб дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Дар арафаи ҷашни 24 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани мактаб туҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони меҳнаткашони шаҳри Ваҳдат арзёбӣ гардид.
Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд доир намуд.
www.president.tj