Ифтитоҳи мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои нодир дар шаҳри Ҳисор

№147 (4409) 09.12.2021

51731376099_81678c31dd_o7 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳоро, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» таъсис дода шудааст, ифтитоҳ карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, олами набототу ҳайвонот, беҳдошти вазъи экологии минтақа, хусусан, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҳолати майдони хеле зиёди заминҳои партов ва аз кишт берунмонда беҳтар гардид.

Дар маҳалле, ки мамнӯъгоҳ бунёд ёфтааст, садҳо гектар замин бекор хобидаву аз ҳосил монда буд. Инчунин, ҷангалзор нобуд шуда, ҳайвоноти нодир ва парандаҳо вуҷуд надоштанд. Ҳоло бо бунёди мамнӯъгоҳи нав мутахассисону коргарон фаъолиятро ба масъалаи бунёди ҷангал ва афзоиши ҳайвоноту наботот равона мекунанд.

Дар ин робита соли 2020 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» дар шаҳри Ҳисор дар майдони зиёда аз 4000 гектар замин, ки қисми зиёди онро кӯҳсор ва заминҳои талу теппа ташкил медиҳад, мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо ташкил гардид. Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар он ҷиҳати афзоиши олами ҳайвонот парвариши парандаҳо ва ҳайвоноти нодир ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати кишвар «Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, бухороӣ ва мурғи тазарв» қарор қабул намуда, ҳоло бо мақсади татбиқи он дар кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари ҳайвонот ва парандаҳои нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.

Бо таъсиси мамнӯъгоҳ 150 нафар сокини мамлакат соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар мамнӯъгоҳ, ки ҳадаф аз таъсиси он беҳтар намудани муҳити зист ва афзун гардонидани гуногунии биологӣ мебошад, дар нишебиҳои кӯҳ, ҷариҳо, талу теппаҳо ва қитъаҳои замини барои кишти зироатҳои кишоварзӣ мушкил ниҳолу буттаҳои гуногуни хушсифати маҳаллӣ ва хориҷии мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шудааст.

Инчунин, тухмии аълосифати ба иқлими минтақа мувофиқ, гиёҳҳои гуногуни шифобахш ва дигар рустаниҳои ғизоӣ кишт гардидааст. Дар нишебиҳои кӯҳ ва минтақаҳои душворгузар, зиёда аз 400 000 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулҳо шинонида шуданд.

Илова бар ин, дар ин минтақа зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли пистаи маҳаллӣ шинонида шудааст, ки ин тадбир дар таърихи кишвар бесобиқа мебошад.

Дар мамнӯъгоҳ, инчунин, дар майдони 13 гектар парваришгоҳи ниҳол бунёд гардидааст, ки ҳоло дар он мутахассисони маҳаллӣ фаъолият доранд. Ниҳолҳои дар ин ҷо омодашуда ба ташкили ҷангал дар парваришгоҳ ва бунёди боғҳо дар кишвар нигаронида шудаанд.

Ҷиҳати амалӣ кардани дас­туру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин, тоза кардани насли ҳайвоноти ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ дар мамнӯъгоҳ парвариши оҳуи бухороӣ ва холдор васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» ворид карда шуданд.

Алҳол бо сохтору ниҳодҳои хориҷи кишвар барои ворид намудани ҳайвоноти навъи «бизони амрикоӣ» гуфтушунидҳо идома дорад.

Дар мамнӯъгоҳ қариб 22 000 сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз давлатҳои Россия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо ворид карда шуданд. Аз ҷумла, бедонаи маҳаллӣ ва хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғи марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайраҳо. Инчунин, навъҳои гуногуни мурғи тазарв, ки аз ҷумлаи парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад, парвариш меёбад.

Бо мақсади мунтазам зиёд намудани саршумори парандаҳо бинои инкубатсионӣ, ки бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад, сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамчунин, дар ин мавзеъ 4 ҳавзи моҳипарварӣ сохта ва ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 43 000 сар моҳии истеъмолии навъҳои гуногун парвариш меёбад.

Бо мақсади аз боронҳои шадид, барф ва дигар ҳодисаҳои табиӣ эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандаҳо дар минтақа 13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо (волйер) бо иншооти иҳотагардида бунёд шудааст.

Айни ҳол дар қафасҳои мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» кабкҳо, навъҳои гуногуни харгӯш, тазарв, шутурмурғ, мурғҳои марҷон ва оҳуҳои гуногун дар карантин нигоҳ дошта шуда, баъди муҳлати муайян онҳо ба хотири афзоиши саршумор дар заминҳои парваришгоҳ, ки ҳазорон гектарро ташкил медиҳад, сар дода мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебо ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки заҳмату талоши мутахассисону коргарони Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» дар шаҳри Ҳисор ба татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар бахши беҳдошти ҳифзи муҳити зист, зиёд намудани насли ҳайвоноти нодир, ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, таъсис додани ҷойҳои нави кор, инчунин, ба татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба ин восита эҳё намудани сайёҳии экологӣ равона гардидааст.

Баъди эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва беҳтар гардидани вазъи фаъолияти мамнӯъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён, ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.

Ба хотири рушди минбаъдаи бахши парандапарварӣ ҳоло дар парваришгоҳ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди парандаҳои нодир сар дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисону коргарони мамнӯъгоҳро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ба онҳо барои истифодаи бештари имкониятҳо дастурҳои муфид доданд.

Дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда мешавад. Бунёди мамнӯъгоҳ барои иқтисоди кишвар аз бисёр ҷиҳат муфиду самарабахш аст.

Бо таъсиси мамнӯъгоҳ барои фаъолияти олимони соҳа ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ, мусоидат ба мутобиқсозии ҳайвоноту наботот ба иқлими Тоҷикистон, афзоиши ҳайвоноту парандаҳои нодир, истифодаи талу теппаҳо барои рустанипарварӣ ва ҷангалпарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки ташаббускорон ва мутахассисону коргарони мамнӯъгоҳ ба масъалаи корҳои ободониву созандагӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Ҳамин аст, ки атрофи парваришгоҳ ободу зебо гардида, 20 километр роҳи маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуданд.

Инчунин, ҷиҳати бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани сокинони маҳаллаҳои наздики парваришгоҳ 3 стансияи обтаъминкунӣ бунёд гардидааст.

51731378444_42cf1c9797_oҚобили зикр аст, ки дар водии Ҳисор хоҷагиҳои ҷангал бо саршумори зиёди ҳайвоноти нодир ва парандаҳо фаъолият доранд, ки барои рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби сайёҳону меҳмонони пойтахт ба мамнӯъгоҳҳо мусоид мебошад.

Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор» соли 1993 ташкил шудааст ва аз 3 минтақаи ҷангалпарварӣ — Алмосӣ, Шарра ва Чанор иборат буда, дар онҳо даҳҳо нафар бо кори доимӣ машғул мебошанд. Заминҳои фонди давлатии ҷангал 1994 гектарро ташкил медиҳанд.

Самти асосии фаъолияти хоҷагии ҷангал бунёду барқарорсозии ҷангал, ҳифзу ҳимоя ва нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аст.

Дар хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор навъҳои гуногуни ниҳолҳо, аз ҷумла, арчаи зарафшонӣ, фарк, заранг, бодоми талхдона, себи кӯҳӣ, дӯлона ва дигар намудҳои ниҳолҳо, мерӯянд.

Ҳамчунин, дар он ҷо анвои гуногуни ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар ҳайвоноту парандаҳо, сукунат доранд.

Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав» соли 1947 таъсис ёфта, аз ду минтақаи ҷангалпарварӣ — Селбурсой ва Регар иборат буда, дар онҳо 30 нафар фаъолият доранд. Масоҳати замини он 1019 гектарро ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти ин хоҷагӣ низ бунёду барқарорсозии ҷангал ва ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот мебошад. Дар он мурғи ҳилол, кабк, мурғобӣ, тазарв ва дигар намудҳои ҳайвоноту парандаҳо мавҷуданд.

Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода соли 1988 ташкил шуда, шумораи коргарони он 30 нафар мебошад.

Заминҳои фонди давлатии ҷангали шаҳри Турсунзода 456 ҳазор гектарро ташкил дода, аз 3 то 5 фоиз ҷангалпӯш мебошанд.

Самти асосии фаъолияти хоҷагии ҷангал бунёду барқарорсозии ҷангал, ҳифзу ҳимоя ва нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аст.

Соли 2021 аз ҷониби коргарони хоҷагӣ 7 гектар ҷангали нав бунёд шуда, 30 гектар ҷангал барқарор гардидааст.

Дар хоҷагии ҷангал ниҳолҳои хуч, акатсия, қарағоч, санавбар, олучаи кӯҳӣ ва дигар навъи ниҳолҳо мерӯянд. Саршумори оҳуи хоҷагӣ 321 сарро ташкил дода, инчунин, сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал барои афзун гардонидани гуногунии биологӣ, ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ниҳолпарварӣ ва дар маҷмӯъ, барои пешрафти иқтисоди мамлакат судовар мебошад.

www.president.tj