15-уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восток-1”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази агрологистикӣ аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Иншооти нав ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд карда шудааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сардхона барои нигоҳдории 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сардхонаи навтаъсис асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, картошка, пиёз ва сабзӣ захира гардидааст.
Сардхона бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияи Вахш бунёд шуда, имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти тару тоза дар ҳама фасли сол захира ва ба мардум пешниҳод карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити сардхона ва коргоҳи хурди коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2026 муҳим арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити феълӣ таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аҳамияти хосса дорад ва таъсиси чунин сардхонаҳо маҳз ба ин мақсад равона гардидааст.
Коргоҳи коркарди мева ва банду басти он бо хати нави технологӣ маҷаҳҳаз гардонида шудааст. Тавассути хатҳои нави технологии коргоҳ дар як сол қариб 80 тонна мева коркард карда мешавад.
Дар коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос барои 18 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст. Ашёи хом аз ҳудуди ноҳияи Вахш ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас карда шуда, коркард ва банду баст карда мешавад. Дар коргоҳи нав меваи хушк ва дигар маҳсулот бастабандӣ гардида, дар шакли тайёр барои содирот омода мегардад.
Дар Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восток-1” дар маҷмуъ қариб 30 нафар башуғли доимӣ фаро гирифта шудааст.
Роҳбарияти Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восток-1” дар оянда нақша доранд, ки дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди санот”, солҳои 2022-2026” ду корхонаи дигари истеҳсолӣ бунёд намуда, барои 30 нафар ҷойи кории нав таъсис диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Маркази агрологистикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Восток-1” аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ноҳияи Вахш боздид намуданд.