31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Даргоҳи нави маърифат дар кӯчаи Ҷаббор Расулов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст.
Муассисаи нави таълимӣ тибқи лоиҳа барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 8 бинои 3 ва 4-ошёнаи бо ҳам пайваст иборат мебошад. Литсей дорои 70 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, бо ифтитоҳи он 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд, ки аз он 70 нафараш омӯзгор мебошад.
Таълимгоҳ дорои озмоишгоҳҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика, компютерӣ, робототехника, китобхона, мусиқию рассомӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар онҳо дастгоҳу аёниятҳои зарурӣ васлу насб шудаанд.
Дар таълимгоҳ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 имконоти фаррох муҳайё мебошад.
Лоиҳаи бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи Умари Хайём” аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия гардида, корҳои паймонкорӣ дар иншоотро мутахассисону муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер-2000” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС иншоот” дар муҳлати камтар аз як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расондаанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар литсейи нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдомҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти такмили инфрасохтори соҳаи маориф намуна арзёбӣ карданд.
Дар муассисаи нави таълимӣ тарбияи хонандагон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Синфхонаи компютерии муассисаи нави таълимӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шуда, бо мақсади омӯзондани хуби он ба хонандагон дастгоҳу аёниятҳои зарурии таълимӣ муҳайё мебошад.
Китобхонаи замонавии литсей бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон толори алоҳидаи хониш ва китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст, ки толибилмон метавонанд ба адабиёти ҷаҳонӣ ҳам дастрасӣ пайдо намоянд.
Таълимгоҳ ҳамчунин дорои синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, як толори калони маҷлисӣ бо 240 ҷой, толори хӯрди маҷлис ва ошхона бо 300 ҷойи нишаст мебошад.
Дар литсей бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат оид ба коркарди чӯб ва металл ташкил гардидааст.
Синфхонаҳои таълими меҳнати духтаронаю писаронаи даргоҳи маърифат дорои тамоми шароити зарурӣ барои омӯзиши касбҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либоси миллӣ буда, хонандагон бо роҳнамоии омӯзгорони ботаҷриба баробари омӯзиши фанҳои гуногун, касбу ҳунарҳои навро аз худ мекунанд.
Толори варзишии литсей 130 ҷойи нишаст дошта, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба варзиш ду майдончаи варзишии тобистона низ бунёд ёфтааст. Дар саҳни литсей ҳамзамон роҳрав барои давидан ба масофаи 75 метр мавҷуд мебошад.
Тамоми биноҳои таълимгоҳ бо маркази гармидиҳӣ пайваст буда, гармии синфхонаҳо дар айёми сардиҳо пурра таъмин карда мешавад.
Ба фаъолият оғоз кардани литсейи нав дар шаҳри Душанбе идомаи мантиқии сиёсати муваффақи маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ мебошад.