Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

№134-135 (4874-4875) 08.11.2024

54125252844_64196de3bd_b8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таҳсилоти томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Кӯдакистони нав дар шаҳраки Балхӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муҳлати 1 сол бунёд ёфта, барои 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои навсохти соҳаи маориф ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, парасторонро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд.

Дар ин муассисаи томактабӣ 6 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.

Толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраи хоб, синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, дар маҷмуъ ҳамаи ин имконият фароҳам месозад, ки насли хуштолеи кишвар дар шароити хуб таҳсил намоянд ва оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.

Бунёди иншооти замонавӣ ва таъмини шароити арзандаи таълим аз ҳадафҳои меҳварӣ маҳсуб ёфта, дар ин самт бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шафати кӯдакистон бинои нави иловагӣ барои 180 кӯдак бунёд карда мешавад.

Тибқи маълумоти масъулон ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 кӯдакистон фаъолият менамояд.