Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

21020955090_338541e926_oҲафтуми сентябри соли 2015 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100-ро ба истифода дод.

Муассисаи мазкур баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Корҳои навсозӣ 11 марти соли 2015-ум оғоз гардида, 17 августи соли 2015 ба анҷом расид ва барои сохтмону таҷҳизонидани муассисаи таълимӣ 11 миллиону 739 ҳазору 230 сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Муассисаи дуошёна барои 1480 ҷой дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 33 синфхона, ду толори навбунёди варзишӣ бо 420 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, баъди пурра ба истифода додани муассисаи таълимӣ беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Фармоишгар — Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш — Ҷамъияти саҳомии кушодаи САНИИОСП ва пудратчии асосӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саимо» мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ бо шароити таълим аз наздик шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир намуд.

Баъди ифтитоҳи бинои муассисаи таълимӣ дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои типи нав афзоиш меёбад. Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон огоҳ мегарданд.

Устодону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

www.president.tj