Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

№104 (4844) 28.08.2024

53951361970_aab2dcbe74_b27-ми августи соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 мавриди истифода қарор дода шуд. 

Акнун фарзандони сокинони маҳаллаҳои наздики ноҳияи Фирдавсӣ дар мактаби ҳозиразамон, ки аз 5 бинои 3 ошёна ва 58 синфхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад, соли нави хонишро оғоз менамоянд.

Иншооти соҳаи маориф ва илм, ки барои 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар шароити муосир ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон бунёд гардидааст.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БДМ” ва “Самар — ДСМ” дар муҳлати муайян ба анҷом расид.

Масоҳати умумии замини муассиса беш аз 2 гектар буда, майдони зери сохтмон 9 ҳазору 468 метри мураббаъ мебошад.

Ҳар як синфхонаи таълимӣ бо мизу курсии нав ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз буда, барои тарбияи дурусти хонандагон беш аз 70 омӯзгори соҳибтахассус ба кор ҷалб шудаанд.

Синфхонаҳои компютерӣ дорои 80 компютери муосир ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошанд.

Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз бар намоянд.

Иншооти мазкур ҳамзамон дорои маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, китобхона бо 120 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои зиёда аз 280 нафар, синфхонаи инкишофи кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ аст.

Толори маҷлисии мактаб кушоду барҳаво буда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ – тарбиявӣ ва фарҳангӣ — фароғатӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар дохили муассиса як толор ва дар берун 2 майдончаи варзишии кушоду барҳаво сохта шудааст, ки ҷавобгӯйи талаботи замон аст.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 агар аз як тараф дар самти баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин саҳм гузорад, аз дигар ҷониб баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд, зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 130 ҷойи нави корӣ фароҳам шуд.

Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасони муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаби замонавии навбунёд ба масъулон ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи чунин як муассисаи зебову дорои шароити муосири таълиму тарбия дар арафаи соли нави таҳсили 2024 – 2025 туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандони сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.