Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ва Мактаби санъати бачагонаи ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакӣ

№ 28.10.2024

526 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода супориданд.

Корҳои сохтмонии бинои иловагӣ соли 2023 оғоз гардида, барои сохтмону таҷҳизонидани он бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар асоси лоиҳа бинои иловагӣ барои 650 нафар дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити таълимии синфхонаҳо шинос шуда, омӯзгоронро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳидоят намуданд.

Бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами-20 дорои 13 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо фаъол гардидани бинои иловагии мактаб, дар маҷмуъ 28 омӯзгор фаъолияти пурсамар менамоянд.

Бино бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд гардидааст.

Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо имконоти муосири таълимӣ муҳайё шуда, донишу илмомӯзии хонандагонро боз ҳам таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар шумораи мактабҳои шакли нав афзоиш ёфтанд ва ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардад.

Омӯзгорону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои иловагии мактаб дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шакли фосилавӣ боз як муассисаи тозабунёд – «Мактаби санъати бачагона»-и ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакиро низ ифтитоҳ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва фаъолияти самараноки муассисаҳои нави соҳаи маориф, аз ҷумла дастовардҳои соҳавиро натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди ин соҳа ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбияву ҷалби фарзандон ба таҳсил арзёбӣ намуданд.