22 сентябри соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои осорхонаи ноҳиявиро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дод.
Ин бинои наву замонавӣ ба истиқболи ҷашни 3000 - солагии Ҳисори шодмон бо ташаббуси Сарвари давлат бунёд ёфтааст.
Дар бино тарҳу ороиш ва нақшу нигори асри миёнаро бо муосир омехта намудаанд, ки ба ин иншоот шукӯҳу шаҳомати хоса зам кардааст.
Осорхона аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои тамоми шароит барои нигоҳдории нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад. Фармоишгар-Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Монолит — 2011» мебошад.
Маблағи умумии сохтмон беш аз 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи майи соли 2014 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2015 ба анҷом расид.
Масоҳати умумии бино қариб як гектарро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи осорхона устохонаи таъмири маҳсулоти кулолгарӣ ва шишагӣ, устохонаи нусха кардани нигораҳо, таъмири маҳсулоти нахдор, сехи таъмири маҳсулоти дӯзандагӣ ва дигар намуди хизматрасонихо мавҷуд аст.
Ҳоло дар фонди осорхонаи навбунёд зиёда аз 3000 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.
Осорхона аз 11 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозад. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Сокинони ноҳия баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи осорхона нигораҳоеро, ки аз аҷдодонашон мерос мондааст, ба осорхона туҳфа карда истодаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми сокинони ватандӯст баҳои баланд дод.
Қомат афрохтани биноҳои муосири Қасри фарҳанг, осорхонаву китобхона, фаввораҳои зебо ва даҳҳо иншооти дигар ба симои маркази ноҳияи Ҳисор ҳусни тоза зам кард ва ин натиҷаи сиёсати созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои насли оянда муҳайё кардааст.