ИФТИТОҲИ РАСАДХОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТРОНОМИИ «САНГЛОХ»

№74 (3554) 09.06.2016

BB5A48478 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуд.

Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санг­лох» аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор шуд.

Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, соли 1977 сохта шудааст. Расадхона аз соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст.

Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санг­лох» дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба як метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз Ширкати Карл Тсейсси Олмон оварда шуда, дар расадхона насб гардидааст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад.

Барои барқарор кардани Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» ва дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ қариб 1 миллион сомонӣ сарф шуд. Дар ин расадхона 30 нафар олим фаъолият мекунанд.

Расадхона аз шаш ошёна иборат буда, дар утоқҳои кории он мутахассисон ба омӯзиши ҷирм­ҳои кайҳонӣ машғуланд. Баъди барқарор ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити фаъолияти расадхона таъкид дошт, ки марказ барои тарбияи кадрҳои ҷавон пойгоҳи хубе хоҳад буд. Ба кормандони Институти астрофизика дастур дода шуд, ки бо олимони кишварҳои пешрафта ҳамкорӣ намоянд, то ин ки мактаби астрономии Тоҷикистон тақвият ёбад.

14 ноябри соли 2014 дар Агентии кайҳонии Аврупо дар Олмон як воқеаи фараҳбахше мавриди таваҷҷуҳи олимони ҷаҳон қарор гирифт: дастгоҳи кайҳонии «Розетта», ки дар сатҳи кометаи Чурумов — Герасименко қарор дорад, ба таҳқиқи амиқи ин комета оғоз кард. Ифтихори олимони тоҷик аст, ки ин кометаро бори нахуст 29 сентябри соли 1969 олими Тоҷикистон, корманди илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Светлана Герасименко кашф намудааст. Герасименко ба Олмон даъват шуда, таҳқиқи сатҳи кометаи кашфнамудаи худро мушоҳида намуд. Ин кометаро омӯхта, олимон ба бисёр масъалаҳои алоқаманд ба пайдоиши ҷисмҳои низоми Офтоб, аз ҷумла пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин ҷавоб хоҳанд ёфт.

Баъди шиносоӣ аз Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Институти астрофизика мулоқот анҷом дода, дар бораи дастовардҳои олимони тоҷик андешаронӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳёи иншооти муҳимро, ки дар пешрафти соҳаи кайҳоншиносӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи олам саҳм мегузорад, ба ҳозирин муборакбод гуфт.

Як зумра кормандони соҳа ва олимони ҷавон зимни баромади худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзишманд изҳори сипос карданд.

  www.president.tj