20 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук — Темурмалик — Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд.
Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил дода, дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дар ин масир 76 қубури обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, пойдеворҳои муҳофизатӣ, 5 пули мошингузар сохта шуда, дар асоси лоиҳа хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ, чароғҳо ва дигар иншооти зарурӣ мутобиқ ба лоиҳа кашида шудааст.
Корҳои сохтмониву навсозӣ дар ин роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё анҷом ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи нақлиётгарди Ҳулбук Темурмалик — Кангурт 1-уми ноябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.
Лоиҳаи таҷдиду навсозии ин роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Корҳои паймонкорӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» анҷом дода шудааст.
Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум, Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км, марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17 км-ро дар бар мегирад.
Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди ноҳияи Восеъ — Ҳулбук — Темурмалик – деҳоти Кангурт боз як қадами устувори дигар дар ҷодаи рушди сайёҳӣ дар кишварамон мебошад. Ҳоло дар қаламрави мамлакат дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, инчунин, як силсила лоиҳаҳо барои бунёди роҳҳои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ татбиқ шуда истодаанд.