18 октябри соли 2015 дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд.
Маросими ифтитоҳи ин роҳи зебо дар сероҳагии Айнӣ — Панҷакент — Хуҷанд баргузор гардид.
Тавре зикр шуд, дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид.
Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст.
Дар ин шоҳроҳ, ки самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд.
Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро Ширкати хитойии «Сансиян Бейсин» бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80 фоизи шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аз як пуле, ки дарозиаш 129 метрро ташкил медиҳад ва дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи Айнӣ-Панҷакент сохта шудааст, боздид ба амал овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳсозони тоҷику хитойӣ барои иҷрои хуби корҳои сохтмонӣ ба онҳо изҳори сипос карда, дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди роҳҳои таъиноти минтақавию байналмилалӣ, аҳамияти роҳҳо барои пешрафти соҳаҳо ва рушди иқтисодиёт андешаронӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди роҳҳои ҷавобгӯйи стандартҳои ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.
www.president.tj