Ҳафтуми сентябри соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» — и шаҳри Душанбе як ҳунаристони замонавиро ифтитоҳ намуд.
Дар ошёнаи дуюми «Наврӯзгоҳ» маркази муосир таъсис ёфтааст, ки дар он коргоҳу корхонаҳои ҳунарҳои миллӣ ба ҳам омадаанд. Фаъолияти ҳамаи ин корхонаҳо ба рушди ҳунарҳои миллӣ равона гардидааст ва шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ дар ин марказ беш аз 350 нафарро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои дӯзандагии «Суман», «Ҳалима — 2015», Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, рассомон, заргарон, кандакорон, тарроҳон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Марямбибӣ»- и шаҳри Қӯрғонтеппа, Бунёди байналмилалии косибон бо номи Ҳафтпайкар ва дастовардҳои дигари ҳунармандони чирадаст шинос шуда, ба онҳо барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди фарҳанг, муаррифии маданияти бою қадимаи халқи тоҷик дар хориҷи мамлакат дастуру ҳидоятҳо дод.
www.president.tj