Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Беларус

№61 (3855) 17.05.2018

28250636848_683aa1869c_oШоми 14 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

15 май маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Маҷмааи давлатии ­«Қасри миллат» баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

15 майи соли 2018 дар ­Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» музокироти сатҳи олии Тоҷикис­тону Беларус дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикис­тон баргузор гашт.

Зимни музокироти хосаи сарони ду кишвар, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар, ­масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳама арсаи манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро барои ташриф ба Тоҷикистон самимона хайра мақдам гуфта, изҳор ­доштанд, ки мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ ва муносибатҳои мунтазаму судовар дар сатҳи ҳукуматҳо омили муҳим ва мусбат дар ташаккули равобити байни ду кишвар мебошанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сатҳи баланди дастовардҳои ҳамкории Тоҷикистону Беларусро қадр мекунад ва ҷонибдори таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.

Айни ҳол заминаи меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро беш аз 80 санади муҳим танзим менамояд, ки бахшҳову соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро дар бар мегиранд.

Ҷонибҳо имзои бастаи нави санадҳои ҳамкориро, ки дар чаҳорчӯби сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон қабул гардиданд, омили таконбахши рушду густариши муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Сарони давлатҳо аз раванди инкишофи муносибатҳои парлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, пешниҳод намуданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ, ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкории кишварҳоро дар ҷаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории ­фаъолонаи Ҷумҳурии Беларусро оид ба ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» махсус таъкид карданд. Изҳори итминон карда шуд, ки ҳайати Беларус дар Конфронси сатҳи олӣ оид ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои даҳсолаи нави об, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона иштирок мекунад.

Ҷонибҳо, ҳамчунин оид ба мавқеи кишварҳояшон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ, нигоҳдории якҷояи сулҳ ва амният дар минтақа, тағйиёрбии иқлим ва пайомадҳои он, масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ табодули андеша карданд.

Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии Афғонистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кумаки шарикон дар масъалаҳои пурзӯр кардани заминаи моддию техникии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарур аст.

Зимни баррасии муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол байни ду кишвар сарони давлатҳо зарур шумориданд, ки кори Комиссияи байниҳукуматии тиҷоратию иқтисодӣ ҷоннок ва татбиқи саривақтии Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ то соли ду ҳазору бистум таъмин карда шавад.

Рушди ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ, доруворӣ, кишоварзӣ, рушди соҳаҳои парандапарварӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшт ва шир, ба роҳ мондани саноати коғаз, нефту газ, трансформаторҳо, чароғҳо, эҷоди паркҳои технологӣ дар Тоҷикис­тон бо истифода аз таҷрибаи Беларус, таҳкими робитаи доираҳои соҳибкорӣ доир ба истифодаи самаранок аз имкониятҳои фарохи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, робитаҳои муассисаҳои олии таълимӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ дар кишварҳои якдигар ҳавасмандӣ иброз ­доштанд.

Дар фарҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Изҳороти муштаракро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ба имзо расониданд.

Инчунин, дар ҳузури сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

- Барномаи машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018-2019;

- Нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018 — 2019;

- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;

- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;

- Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тибби судӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти томактабӣ;

- Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

- Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Беларус «Харитаи роҳ» барои солҳои 2019 — 2020;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амволи Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи назорати давлатии Ҷумҳурии Беларус;

- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларус;

- Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020 ҷиҳати иҷрои Созишнома байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ­мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ки 28 октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе имзо шудааст;

- Созишномаи ҳамкории таълимӣ ва илмӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Беларус.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Нимаи дуюми 15 — уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар он наздик ба 150 корхонаю ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Беларус номгӯйи зиёди молу маҳсулоти сохтмонӣ, электротехникӣ, нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, хӯрок­ворӣ, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, электротехникии маишӣ, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба тамошо гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Беларус ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо баргузории намоишгоҳро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравӣ дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегардад.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷиҳати ташкили таъминот бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инкишофи муносибатҳои байни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз Беларус ба Тоҷикистон асосан нақлиёти боркаши калони сохт­монӣ ва техникаи кӯҳкорӣ, маҳсулоти соҳаи бофандагӣ ва мебел, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаи маишӣ, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, чорвои зотӣ, маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ ва дорусозӣ ворид мегардад.

Аз Тоҷикистон ба Беларус нахи пахта, пашм, мева, алюминий ва тухмиҳои равғандор содирот мешавад.

Инчунин, ҷиҳати ба Тоҷикис­тон интиқол додани маҳсулоти корхонаҳои «БелАЗ», «МАЗ», «МТЗ» ва пешниҳод ба дигар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Дар солҳои охир аз Беларус ба Тоҷикистон барои сохтмони иншооти энергетикӣ тақрибан 1000 мошини боркаши калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, дар чорчӯбаи табодули таҷриба байни муассисаҳои ду давлат, корҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши моли зотии калон ва селексия ҷараён дорад.

Байни субъектҳои хоҷагидор шартномаҳо оид ба истеҳсол ва таъмини якдигар бо тухмиҳои баландсифат ба тасвиб расидаанд.

Ҳамкории байни ҳамдигарии вилоятҳо ва минтақаҳои савдои озоди ду давлат низ босуръат тақвият меёбад. Он калонтарин Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус мебошад, ки дар панҷ соли охир дар хориҷи кишвар баргузор мегардад.

Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе дар панҷ соли охир калонтарин дар хориҷи кишвар ба ҳисоб рафта, то 23-юми майи соли равон идома меёбад.

16 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»- ро, ки дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи васлу насби трактор, ки бо иқдоми бевоситаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус таъсис дода шудааст, қадами устувор ва оғози боварибахши тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

Дар ин корхона солона 620 трактори гуногунтамға, дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ ­васлу насб карда мешавад ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ки моҳи сентябри соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, ин нишондод ба 1700 адад хоҳад расид. Дар марҳилаи баъдӣ истеҳсоли солонаи ядак (присеп) ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ 2600 ададро ташкил дода, шумораи ҷойҳои корӣ низ зиёд мегардад.

Айни замон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Дар ин корхона барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби коршиносони бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли тарактор ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо рафти васлу насби тракторҳо шинос шуда, санҷиши техникии аввалин тракторҳои дар ин корхонаи муштарак истеҳсолшударо назорат намуданд.

Мутахассисон мегӯянд, ки мутобиқати тракторҳо дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудааст ва истифодаи онҳо дар корҳои кишоварзӣ хеле мувофиқ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус-80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (присеп), механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд, байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Шарикони ҳамкор аз Ҷумҳурии Беларус шароиту имконоти фароҳамгардидаро дар самти соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста, дар оянда барои васеъ намудани фаъолияи корхонаи мазкур корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.

Ба таъкиди муассисон, дар оянда аз ин корхона трактор ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, содирот карда мешавад, ки дар афзоиш ёфтани истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол то сол рушду густариш меёбад. Корхонаи истеҳсоли трактор дар шаҳри Ҳисор натиҷаи ҳамкории пурсамари ду давлати ба ҳам дӯст мебошад.

Таҷрибаи бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар ҷиҳат манфиатовар буда, мушкилоти кишоварзонро дар дастрасӣ ба техникаву таҷҳизоти корӣ бартараф менамояд.

www.president.tj